Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 7

Худо ба воситаи пайғамбарон чиро ваъда дод?

Худо ба воситаи пайғамбарон чиро ваъда дод?

ПАЙҒАМБАРОНИ замони қадим ба Худо имон доштанд. Онҳо ба ваъдаҳои Ӯ боварӣ доштанд ва ин ваъдаҳо дар ҳаёташон ҷои асосиро ишғол мекард. Сухан дар бораи кадом ваъдаҳо меравад?

Дар боғи Адан даррав баъд аз гуноҳ кардани Одаму Ҳавво, Худо ваъда дод, ки Ӯ шахсиятеро таъин хоҳад кард, ки вай сари морро хоҳад кӯфт. Яъне ӯ «аждаҳои бузург... мори қадимӣ[ро], ки иблис ва шайтон ном дорад» то абад нест хоҳад кард (Ҳастӣ 3:14, 15; Ваҳй 12:9, 12). Ин шахсият кӣ бошад?

Тақрибан 2 000 сол, пас аз гуфтани ин пешгӯии якум, Яҳува Худо ба Иброҳим–пайғамбар ваъда дод, ки ин шахс аз насли ӯ ба дунё хоҳад омад. Яҳува ба Иброҳим гуфт: «Ҳамаи халқҳои рӯи замин дар насли ту баракат хоҳанд хост, барои он ки ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳастӣ 22:18).

Дар соли 1473-и то эраи мо, Худо ба Мусо–пайғамбар дар бораи «насл» бисёртар маълумот дод. Мусо ба халқи Исроил чунин гуфт: «Пайғамбаре мисли ман аз миёни ту, аз бародарони ту Худованд Худоят барои ту ба майдон хоҳад овард; ба Вай гӯш диҳед» (Такрори Шариат 18:15). Ҳамин тавр, пайғамбаре, мисли Мусо аз миёни фарзандони Иброҳим бояд меомад.

Ин пайғамбар ҳамчунин бояд аз насли шоҳ Довуд ба дунё меомад ва подшоҳи бузурге мешуд. Худо ба шоҳ Довуд ваъда дода буд: «Ман насли туро... баъд аз ту пойдор гардонида... ...тахти салтанати варо то абад пойдор хоҳам гардонид» (2 Подшоҳон 7:12, 13). Ҳамчунин Худо маълум кард, ки насли  Довуд «Мири осоиштагӣ» номида хоҳад шуд ва чунин илова намуд: «Афзоиши салтанат ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд» (Ишаъё 9:6, 7). Бале, ин Роҳнамои накӯкор дар тамоми дунё оромиву осоиштагӣ ва адолатро барқарор хоҳад кард. Лекин ӯ кай меояд?

«Насли» ваъдашуда...аз насли Иброҳим меояд, пайғамбаре мисли Мусо мешавад, аз насли Довуд ба дунё меояд, соли 29-и эраи мо меояд, мор, яъне Шайтонро нест мекунад

Баъдтар фариштаи Худо, Ҷаброил, ба Дониёл–пайғамбар гуфт: «Бидон ва бифаҳм, ки аз вақти баромадани калом дар бораи аз нав барқарор ва бино кардани Ерусалим то вақти Масеҳи Раис ҳафт ҳафтсола хоҳад гузашт; ва шасту ду ҳафтсола» (Дониёл 9:25). Он 69 ҳафтсола, ки ҳар яки он аз 7 сол иборат буд, 483 солро ташкил дод. Ин 69 ҳафтсола аз соли 455-и то эраи мо то соли 29-и эраи мо давом ёфтанд *.

Оё Масеҳ, «насли» деринтизор ва пайғамбаре, ки мисли Мусо аст, дар ҳақиқат соли 29-и эраи мо омада буд? Биёед дида бароем.

^ сарх. 8 Ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», саҳифаҳои 197 то 199, ки аз тарафи Шоҳидони Яҳува чоп шудааст, нигаред.