Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 3

Маслиҳатҳое, ки ҳаётро тағйир медиҳанд

Маслиҳатҳое, ки ҳаётро тағйир медиҳанд

ТАСАВВУР кунед, ки ба маҳалли шумо духтури наве мекӯчад. Шумо шояд дар аввал ба ӯ боварӣ намекунед. Вале баъзеи дӯстонатон ба ӯ муроҷиат мекунанд ва дар натиҷа саломатиашон бениҳоят хуб мегардад. Магар шумо низ ба ин духтур муроҷиат кардан намехостед?

Аз як ҷиҳат Китоби Муқаддасро ба чунин духтур монанд кардан мумкин аст. Баъзе одамон ба он боварӣ намекунанд. Лекин вақте ки онҳо маслиҳатҳои хирадмандонаи онро ба кор мебаранд, ҳаёташон бениҳоят хуб мегардад. Биёед баъзе намунаҳоро дида бароем.

Ҳал намудани мушкилиҳои оилавӣ

«Дар аввали ҳаёти оилавиам ман фикр мекардам, ки шавҳарам Думас ба ман эътибор намедиҳад,— ба хотир меорад Сумиатун.— Ман аз қаҳр ӯро дашном медодам, ба тарафи вай ҳар чизро мепартофтам ва ҳатто ӯро мезадам. Баъзан бошад, ман чунон ба ғазаб меомадам, ки ҳатто аз ҳуш мерафтам.

Вақте ки Думас омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард, ман ӯро масхара мекардам. Лекин пинҳонӣ аз ҳуҷраи дигар дарсҳои ӯро гӯш мекардам. Як рӯз, вақте ки шавҳарам омӯзиш мекард, чунин оятҳоро шунидам: “Эй занон, мутеи шавҳарони худ шавед, мисли он ки ба Худованд бошад” ва “зан шавҳари худро бояд эҳтиром намояд” (Эфсӯсиён 5:22, 33, Тарҷумаи форсӣ). Ин суханон ба дили ман сахт таъсир расонданд. Ман барои он ки шавҳарамро дашном медодам аз Худо бахшиш пурсидам ва барои зани хубтар шудан дар дуо аз Ӯ кӯмак мепурсидам. Дере нагузашта, ман ҳамроҳи Думас омӯзиши Навиштаҳоро сар кардам».

Думас ва Сумиатун

Дар Китоби Муқаддас боз гуфта мешавад: «Бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд» (Эфсӯсиён 5:28). Сумиатун нақл мекунад: «Фаҳмидани ин фикрҳо ба ҳардуи мо таъсир расонд. Масалан, ман чунин корҳоро мекардагӣ шудам: вақте ки шавҳарам аз кор меомад, ба ӯ чой меовардам ва бо ӯ меҳрубонона сӯҳбат мекардам. Думас бошад, дар ҷавоб ба ман муҳаббати бештар зоҳир мекардагӣ шуд ва ба ман дар корҳои хона низ ёрӣ мерасонд. Мо ҳарду кӯшиш мекардем, ки “ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз” бошем ва якдигарро бахшем (Эфсӯсиён 4:32). Дар натиҷа муҳаббату эҳтиромамон нисбати якдигар торафт зиёд мешуд. Ҳоло бошад, аллакай 40 сол мешавад, ки мо оилаи хушбахтем. Маслиҳати бохирадонаи Худо оилаи моро аз вайроншавӣ нигоҳ дошт!»

 Идора кардани қаҳру ғазаб

«Ман шахси хеле бадқаҳр будам,— мегӯяд Тойиб.— Дар бисёр занозаниҳо иштирок мекардам ва одамонро бо яроқ метарсондам. Ҳамчунин аз қаҳр занам, Кистрияро чунон мезадам, ки вай ба замин меафтод. Бисёр одамон аз ман метарсиданд.

Кистрия ва Тойиб ҳар шаб якҷоя дуо мегӯянд

Як рӯз бошад, чунин суханони Исоро хондам: “Ба шумо ҳукми тозае медиҳам, ки якдигарро дӯст доред; чунон ки Ман шуморо дӯст доштам” (Юҳанно 13:34). Ин суханон ба ман сахт таъсир расонданд ва ман қарор кардам, ки бояд ислоҳ шавам. Вақте ки ман ба ғазаб меомадам, барои ором мондан ба Худо дуо мегуфтам. Ва қаҳри ман зуд хомӯш мешуд. Ман ва занам маслиҳатҳои зерини дар Эфсӯсиён 4:26, 27 омадаро ба кор бурдем: “Нагузоред, ки ғазаби шумо то ғуруби офтоб боқӣ бимонад; ва ба иблис ҷой надиҳед”. Мо ҳар шаб Навиштаҳоро мехондем ва якҷоя дуо мегуфтем. Ин гуна рафтори мо фишори рӯзро аз байн мебурд ва моро ба ҳамдигар наздиктар мекард.

Ҳоло бошад, маро чун шахси сулҳдӯст мешиносанд. Зану кӯдаконам маро дӯст медоранд ва ҳурмат мекунанд. Ман имрӯз дӯстони зиёд дорам ва муносибатам бо Худо наздик аст. Ман дар ҳақиқат одами хушбахт ҳастам!»

Халос шудан аз нашъамандӣ

Гон

«Ман бо гурӯҳи ҷавонони ғоратгар дӯстӣ мекардам ва хеле бисёр тамоку мекашидам. Доимо маст шуда, дар кӯчаҳо шабро рӯз мекардам,— нақл мекунад Гон.— Инчунин ман намуди гуногуни нашъаро истеъмол мекардам ва онро дар зиреҳкамзӯлам (бронежилет) пинҳон карда мефурӯхтам. Гарчанд ман худро зӯру нотарс мегирифтам, дар асл бо тарсу ҳарос зиндагӣ мекардам.

Чанде пас ба ман ояти зеринро нишон доданд: “Эй писарам! Таълими маро фаромӯш накун... Зеро ки дарозии айём ва солҳои ҳаёт ва осоиштагиро  барои ту афзун” хоҳад кард (Масалҳо 3:1, 2). Бале, ман умри дарозу оромро орзу мекардам. Боз аз Навиштаҳо чунин суханонро хондам: “Дар сурате ки чунин ваъдаҳо дорем, худамонро аз ҳар гуна наҷосат [нопокӣ]-и ҷисм ва рӯҳ тоза карда, қудсияти худро дар тарси Худо мукаммал намоем” (2 Қӯринтиён 7:1). Ҳамин тавр, ман нашъакаширо партофтам, муносибатамро бо гурӯҳи ғоратгарон кандам ва хизмат ба Худоро сар кардам.

Қариб 17 сол мешавад, ки ман нашъа намекашам. Имрӯз соҳиби саломатии хуб, оилаи хушбахт, дӯстони хуб ва виҷдони пок мебошам. Ҳоло бошад, ба ҷои дар кӯча маст шуда ғелидан, ҳар шаб дар ҷои хоби худ оромона хоб мекунам».

Озод шудан аз бадгумонӣ

«Ман дар ҷавониам ба ҷинояткорӣ даст мезадам ва асосан ба халқияти камшуморе зарар мерасондам, ки аз он нафрат доштам,— ба хотир меорад Бамбанг.

Лекин бо гузашти вақт ман ба ҷустуҷӯи Худо сар кардам. Дар натиҷаи ҷустуҷӯ ман бо гурӯҳи одамоне вохӯрдам, ки барои омӯзиши Китоби Муқаддас ҷамъ мешуданд. Дар он гурӯҳ намояндагони айнан ҳамон халқияте, ки ман аз он нафрат доштам, маро бо дилгармӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамчунин дар ин гурӯҳи гуногуннажод ман ягонагиву хушбахтиро медидам. Ин маро ба ҳайрат овард! Ана ҳамон вақт ман мазмуни ояти зеринро фаҳмидам: “Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст” (Аъмол 10:34, 35).

Ҳоло бошад, дар дили ман заҳри бадгумонӣ нест. Баъзе дӯстони беҳтаринам аз халқиятҳое мебошанд, ки ман пештар аз онҳо нафрат доштам. Худо ба воситаи Китоби Муқаддас ба ман дӯст доштани одамонро таълим дод».

Бамбанг ҳоло бо одамони халқу нажодҳои гуногун дӯстӣ дорад

Даст кашидан аз зӯроварӣ

«Ман дар ҷавониам се маротиба ҳабс шуда будам. Ду маротиба барои дуздӣ ва як бор барои бо корд бераҳмона захмдор кардани одам,— мегӯяд Гарога.— Баъдтар ман ба гурӯҳи шӯришгароне  (оппозитсия), ки зидди ҳокимият мебаромаданд ҳамроҳ шудам ва одамони зиёдро куштам. Баъди тамом шудани ин задухӯрд ман сардори як гурӯҳи ҷинояткорон шудам. Посбонони шахсиам дар ҳама ҷо ҳамроҳи ман буданд. Ман шахси золиму хатарнок будам.

Гарога дигар на одами золим, балки таълимдиҳандаи соҳибэҳтироми Каломи Худо аст

Вале як рӯз ояти зеринро хондам: “Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад. Бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад” (1 Қӯринтиён 13:4, 5). Ин суханон ба дили ман сахт таъсир карданд. Ман ба маҳалли нав кӯчидам ва Навиштаҳоро меомӯхтаму маслиҳатҳои онро дар ҳаётам истифода мебурдам.

Акнун ман дигар шахси золим нестам, балки таълимдиҳандаи соҳибэҳтироми Каломи Худо мебошам. Ҳоло ман ҳаёти пурмаънову мақсаднокро ба сар мебарам».

Каломи Худо таъсирбахш аст

Саргузаштҳои дар боло овардашуда ва дигар намунаҳои сершумор нишон медиҳанд, ки «каломи Худо зинда ва таъсирбахш» аст (Ибриён 4:12). Маслиҳатҳои Каломи Худо оддӣ, амалӣ ва рӯҳбаландкунанда мебошанд.

Оё Китоби Муқаддас ба шумо ҳам ёрӣ расонда метавонад? Бале, бо кадом душворие, ки дучор нашавед он ба шумо кӯмак карда метавонад. «Тамоми Навиштаҳо аз рӯи илҳоми илоҳист ва барои омӯзиш, барои мазаммат, барои ислоҳ, барои ҳидоят ба роҳи адолат фоиданок аст, то ки марди Худо комил гардида, ба ҳар амали нек муҳайё бошад» (2 Тимотиюс 3:16, 17).

Барои ҳамин биёед, баъзе таълимоти асосии Китоби Муқаддасро дида бароем.