Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 3

Ҳаёт дар Биҳишт чӣ гуна буд?

Ҳаёт дар Биҳишт чӣ гуна буд?

Яҳува ба Одаму Ҳавво бисёр чизҳои хубро дода буд (Ҳастӣ 1:28).

Яҳува зани аввалин, Ҳавворо, офарид ва ӯро ба Одам ба занӣ дод (Ҳастӣ 2:21, 22).

Яҳува онҳоро бе ягон камбудӣ, яъне бо ақлу тани комил офарида буд.

Хонаи биҳиштии онҳо, боғи Адан — боғи зебое буд, ки дар он дарё, дарахтони мевадор ва ҳайвонот буданд.

Яҳува бо Одаму Ҳавво гап мезад; Ӯ онҳоро таълим медод. Агар онҳо Худоро гӯш мекарданд, дар Биҳишти рӯи замин абадан зиндагӣ мекарданд.

 Худо ба Одаму Ҳавво гуфта буд, ки меваи яке аз дарахтонро нахӯранд (Ҳастӣ 2:16, 17).

Яҳува ба Одаму Ҳавво дар боғ як дарахти меваро нишон дода гуфт, ки агар онҳо аз он хӯранд, мемуранд.

Яке аз фариштагон зидди Худо баромад. Он фариштаи бадкор Шайтон Иблис аст.

Шайтон намехост, ки Одаму Ҳавво ба Худо итоат кунанд. Ҳамин тавр, Шайтон морро истифода бурда, ба Ҳавво гуфт, ки агар меваи он дарахтро хӯрад, ӯ намемурад, балки мисли Худо мешавад. Албатта ин дурӯғ буд (Ҳастӣ 3:1–5).