Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

 ҚИСМИ 4

Беитоатӣ ба чӣ оварда расонд?

Беитоатӣ ба чӣ оварда расонд?

Одаму Ҳавво ба Худо итоат накарданд, барои ҳамин онҳо мурданд (Ҳастӣ 3:6, 23).

Ҳавво морро гӯш карда, меваро хӯрд. Баъд ӯ нисфашро ба Одам дод ва ӯ ҳам хӯрд.

Кори кардаи онҳо нодуруст буд — он гуноҳ буд. Худо онҳоро аз хонаи биҳиштиашон берун ронд.

Зиндагӣ барои Одаму Ҳавво ва фарзандонашон душвор гашт. Онҳо пир шуда, мурданд ва пас аз марг ба ягон ҷои дигар нарафтанд; вуҷудияти онҳо қатъ гашт.

 Мурдагон мисли хок беҷон мебошанд (Ҳастӣ 3:19).

Мо ҳам мемирем, чунки фарзандони Одаму Ҳавво ҳастем. Мурдагон намебинанд, намешунаванд ва ягон кор карда наметавонанд (Воиз 9:5, 10).

Яҳува намехост, ки одамон муранд. Дар ояндаи наздик Ӯ онҳоеро ки дар хоби марганд ба ҳаёт бармегардонад. Агар онҳо ба Худо итоат кунанд, онҳо то абад зиндагӣ мекунанд.