Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Сарсухан

Сарсухан

“Ман дар як деҳаи хурди вилояти шимолӣ ба воя расидам”,— нақл мекунад Доуда аз Серра–Леоне. «Боре, дар овони бачагиям, оилаи мову як хонаводаи дигар барои қитъаи замин низоъ карданд. Ҳар ду тараф эътироз менамуданд, ки замин аз они онҳост. Барои ҳалли масъала табиби ҷодугарро даъват карданд. Табиб ба як марди дигар оина дода, ӯро бо матоъи сафед пӯшонид. Дере нагузашта, марди зери матоъ ба ларзиш даромад ва арақшор шуд. Вай ба оина нигоҳ карда, хитоб намуд: “Пирамарди наздикшудаистодаро мебинам! Либоси сафед дар тан дорад. Вай пири қадбаланду мӯйсафед ва қоматхамида аст”.

Мард бобои маро тасвир мекард! Баъд аз ин, мард бехудона фарёд намуд: “Агар ба суханҳоям бовар накунед, худатон омада бинед!”. Албатта касе аз мо ба ин кор ҷуръат наменамуд! Табиби ҷодугар аз қиёми баргҳо, ки дар чӯбкадуи дасташ буд, ба он мард пошида, ӯро ором сохт.

Тавассути марди ба оина нигаранда, “бобоям” гуфт, ки қитъаи замин ба оилаи мо тааллуқ дорад ва бибиям метавонад бе ҳеҷ изтироб дар он кор кунад. Хонаводаи дигар ҳам ба ин қарор розӣ гашт. Ҳамин тавр масъала ҳал шуд».

 Дар Африқои Ғарбӣ ин гуна воқеъаҳо одатиянд. Дар он ҷо, мисли қисматҳои дигари замин, миллионҳо нафар эътиқод доранд, ки мурдагон ба дунёи дигар мегузаранд ва аз он ҷо ҳаёти зиндагонро мушоҳида кардаву ба онҳо таъсир расонида метавонанд. Оё ин эътиқод дуруст аст? Оё мурдагон дар ҳақиқат ба зиндагӣ идома медиҳанд? Агар не, онҳое ки чун арвоҳи мурдагон пайдо мешаванд, кистанд? Донистани ҷавобҳои дуруст ба ин саволҳо хеле муҳим аст. Аз он ҳаёти мо вобастагӣ дорад.