2 Қӯринтиён 6:1-18

  • Мақсади лутфу марҳамати Худоро фаромӯш накунед (1, 2)

  • Хизмати Павлус (313)

  • Зери юғи нобаробар сар хам накунед (1418)

6  Мо, ки бо Худо ҳамкорӣ мекунем, аз шумо ҳамчунин илтимос менамоем, ки лутфу марҳамати Худоро қабул карда, мақсади онро фаромӯш накунед. 2  Зеро Ӯ мегӯяд: «Дар замони илтифоти Худ* туро шунидам ва дар рӯзи наҷот ба ту ёрдам кардам». Ҳоло замони илтифоти махсус аст ва ҳоло рӯзи наҷот аст. 3  Мо дар ҳеҷ бобат сабаби пешпо хӯрдани дигарон намегардем, то дар хизматамон айбе ёфт нашавад, 4  аммо дар ҳар чиз нишон медиҳем, ки ба хизматгори Худо будан муносибем: дар истодагарии бисёр, дар мусибатҳо, дар мӯҳтоҷиҳо, дар душвориҳо, 5  дар зери зарбаҳо, дар зиндонҳо, дар бетартибиҳо, дар меҳнати пурмашаққат, дар бехобиҳо, дар гуруснагиҳо, 6  дар покӣ, дар дониш, дар сабр, дар меҳрубонӣ, дар рӯҳи муқаддас, дар муҳаббати бериё, 7  дар ростгӯйӣ, дар қувваи Худо, бо аслиҳаи росткорӣ дар дасти рост ва чап*, 8  дар сарбаландӣ ва сарпастӣ, дар бадномӣ ва некномӣ. Моро фиребгар меҳисобанд, вале мо ростгӯ ҳастем, 9  чун касони ношиносем, аммо шинохташуда ҳастем, чун мурдагонем*, лекин то ҳол зинда ҳастем, чун ҷазоёфтагонем, вале пурра ба марг супурда нашудаем. 10  Моро андӯҳгин меҳисобанд, вале мо ҳамеша шод ҳастем, чун камбағалонем, аммо бисёриҳоро сарватманд мекунем, чун касоне мебошем, ки чизе надоранд, вале дорои ҳама чиз ҳастем. 11  Эй қӯринтиён, мо ба шумо кушоду равшан* сухан гуфтем, дари дили худро сӯйи шумо боз кардем. 12  Мо меҳри худро аз шумо дареғ намедорем, вале шумо меҳру муҳаббати худро аз мо бозмедоред. 13  Пас, ба шумо чун ба фарзандони худ мегӯям, ки шумо низ дари дили худро ба рӯйи мо боз кунед. 14  Бо шахсе, ки ҳамимон нест, зери як юғ* сар хам накунед. Зеро росткорӣ бо бадкорӣ чӣ алоқамандие дорад? Ё равшанӣ бо торикӣ чӣ умумияте дорад? 15  Ҳамчунин дар байни Масеҳ ва Шайтон* чӣ ягонагие ҳаст? Ё шахси имондор* бо беимон чӣ шарикие дорад? 16  Ва ҳамчунин байни маъбади* Худо ва бутҳо чӣ ягонагие ҳаст? Зеро мо маъбади Худои зинда ҳастем, чунон ки худи Ӯ гуфтааст: «Дар байни онҳо сокин хоҳам шуд ва дар байни онҳо роҳ хоҳам рафт, Ман Худои онҳо ва онҳо халқи Ман хоҳанд буд». 17  «“Бинобар ин аз байни онҳо берун оед ва аз онҳо ҷудо шавед,— мегӯяд Яҳува,— ва ба чизи нопок дигар даст нарасонед”; “ва Ман шуморо қабул хоҳам кард”. 18  “Ман падари шумо ва шумо писарону духтарони Ман хоҳед шуд”,— мегӯяд Яҳува, Худои Қодири Мутлақ*».

Эзоҳҳо

Ё «замони бароям писанд».
Эҳтимол дар дасти рост барои ҳамла ва дар дасти чап барои муҳофизат кардан.
Ё «сазовори марг дониста мешавем».
Дар матни аслӣ «даҳони худро кушода».
Ё «юғе, ки баробарвазн намешавад». Юғ — олоти чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Дар матни аслӣ «Билиал». Ин калимаи ибронӣ буда, маънояш «оне, ки ба чизе кор намеояд» мебошад.
Ё «бовафо».
Ниг. ба луғат.
Яъне Худое, ки соҳиби қудрати бепоён аст.