2 Қӯринтиён 13:1-14

  • Огоҳиҳои охирин ва насиҳатҳо (114)

    • «Худро тафтиш кунед, ки оё дар имон ҳастед» (5)

    • Ислоҳ шавед; ҳамфикр бошед (11)

13  Инак дафъаи сеюм аст, ки барои ба назди шумо омадан тайёрам. «Бо гувоҳии* ду ё се шоҳид ҳақ будани ҳар сухан исбот мегардад». 2  Гарчанд ҳоло бо шумо нестам, суханони маро тавре қабул кунед, ки гӯё дафъаи дуюм ба наздатон омада бошам. Пас, чи хеле ки аз ин пеш гуфта будам, касонеро, ки пештар гуноҳ мекарданд, ва ҳамчунин ҳамаи дигаронро огоҳ мекунам, ки агар боз оям, ба онҳо раҳме нахоҳам кард. 3  Ҳамин тавр ба шумо исбот мекунам, ки Масеҳ дар ҳақиқат ба воситаи ман гап мезанад. Ӯ дар муносибат бо шумо на сустӣ, балки қудрат нишон медиҳад. 4  Масеҳ аз сабаби сустӣ ва нотавонӣ дар сутун ба қатл расонда шуд, вале ба туфайли қудрати Худо ҳоло зинда аст. Мо низ, чуноне ки ӯ сусту нотавон буд, нотавон ҳастем, аммо ба туфайли қудрати Худо, ки дар зиндагии шумо аён аст, бо ӯ зиндагӣ хоҳем кард. 5  Худро тафтиш кунед, ки оё дар имон ҳастед; худро имтиҳон намоед, то фаҳмед, ки чӣ гуна шахс ҳастед. Магар намефаҳмед, ки Исои Масеҳ дар ягонагӣ бо шумост? Ӯ ҳамон вақт бо шумо дар ягонагӣ хоҳад буд, агар Худо аз шумо розӣ бошад. 6  Ва ман умедворам, ки шумо ҳамчунин аз мо розӣ будани Худоро дарк хоҳед кард. 7  Мо дар бораи он дуо мегӯем, ки шумо хатое накунед. Мақсади мо нишон додани он нест, ки одамон аз мо розиянд. Баръакс, мо мехоҳем, ки, ҳатто дигарон аз мо норозӣ бошанд ҳам, шумо дуруст рафтор кунед. 8  Зеро мо бар зидди ростӣ ҳеҷ кор карда наметавонем, балки танҳо барои ростӣ. 9  Ҳар гоҳе ки мо суст бошему шумо бақувват, мо аз ин шодӣ мекунем. Ва дуо мегӯем, ки шумо ислоҳ шуданро давом диҳед. 10  Барои ҳамин дар набудани худ ин чизҳоро менависам, то, вақте наздатон меоям, маҷбур нашавам, ки ҳокимиятеро, ки Ҳазрат ба ман додааст, сахтгирона истифода барам, зеро ин ҳокимият барои обод намудан аст, на барои хароб кардан. 11  Хуллас, эй бародарон, доимо шодӣ кунед, ислоҳ шавед, тасаллӣ ёбед, ҳамфикр бошед, дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунед ва Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд. 12  Якдигарро бо бӯсаи бародарона пешвоз гиред. 13  Тамоми муқаддасон ба шумо салом мерасонанд. 14  Лутфу марҳамати Ҳазратамон Исои Масеҳ, муҳаббати Худо ва рӯҳи муқаддас, ки ҳамаи мо аз он фоида мегирем, бо шумо бод!

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «даҳони».