2 Қӯринтиён 10:1-18

  • Павлус хизмати худро муҳофизат мекунад (118)

    • Аслиҳаи ҷангии мо ҷисмонӣ нест (4, 5)

10  Ман, Павлус, ки ҳангоми наздатон буданам маро назарногир мешумореду ҳангоми бо шумо набуданам далер, мехоҳам бо ҳалимиву меҳрубонии Масеҳ аз шумо илтимосе кунам. 2  Илтиҷо мекунам: маро маҷбур насозед, ки ҳангоми наздатон буданам далер шуда, чуноне ки ният дорам, нисбати баъзе касоне, ки ба ақидаашон мо мувофиқи ҷисм рафтор мекунем, сахтгирона амал кунам. 3  Зеро мо дар ҷисм зиндагӣ кунем ҳам, мувофиқи ҷисм намеҷангем. 4  Чунки аслиҳаи ҷангии мо ҷисмонӣ нест, балки ба туфайли Худо боиқтидор аст, то он чиро, ки мисли қалъа мустаҳкаму устувор аст, вайрон созад. 5  Мо андешаронӣ ва ҳар гуна ҳавобаландиеро, ки бар зидди дониши Худо бармехезад, вайрон месозем ва ҳар гуна фикрро ба асирӣ мегирем, то онро ба Масеҳ тобеъ созем. 6  Ва, ҳамин ки итоаткории шумо пурра гардад, тайёр ҳастем ҳар беитоатиро ҷазо диҳем. 7  Шумо аз рӯйи намуди зоҳирӣ баҳо медиҳед. Агар касе дилпур бошад, ки ӯ аз они Масеҳ аст, бигзор бори дигар дар ин бора мулоҳиза ронад: чи тавре ки вай аз они Масеҳ аст, мо низ аз они Масеҳ ҳастем. 8  Пас, ҳатто агар бо ҳокимияте, ки Ҳазрат на барои хароб, балки барои обод кардани шумо додааст, аз ҳад зиёд фахр кунам, хиҷил нахоҳам шуд. 9  Намехоҳам ба назаратон чунин тобад, ки гӯё бо номаҳои худ шуморо тарсонданиам. 10  Чунки баъзеҳо мегӯянд: «Номаҳояш обрӯву эътибор доранд ва таъсирбахш мебошанд, лекин худаш, вақте ӯро мебинем, назарногир асту нутқаш ночиз». 11  Бигзор чунин шахсон ба назар гиранд, ки он чӣ мо ҳангоми набуданамон дар номаҳои худ мегӯем, ҳангоми бо шумо будан низ ҳамонро дар амал нишон медиҳем. 12  Мо ҷуръат намекунем худамонро ба касоне, ки худро таърифу тавсиф мекунанд, баробар созем ё муқоиса кунем. Аммо он шахсон, ки ба худашон аз рӯйи меъёрҳои худ баҳо медиҳанд ва худро бо худ муқоиса менамоянд, фаҳме надоранд. 13  Лекин мо беш аз ҳадде, ки ба мо таъйин шудааст, фахр нахоҳем кард, балки танҳо дар ҳадду ҳудуде, ки Худо бароямон муқаррар намудааст, ва он шуморо низ дар бар мегирад. 14  Дар ҳақиқат, назди шумо омада, аз ҳадду ҳудуди худ нагузаштаем, зеро мо аввалин шахсоне будем, ки бо хушхабар дар бораи Масеҳ назди шумо омадем. 15  Мо берун аз ҳудуди ба мо таъйиншуда, бо меҳнати каси дигаре, фахр намекунем, балки умед дорем, ки ҳар қадаре имони шумо зиёдтар шавад, кори дар ҳадду ҳудуди худ кардаи мо низ бештар мегардад. Он гоҳ доираи фаъолияти мо васеътар хоҳад гашт, 16  то хушхабарро дар ҷойҳои аз шумо дуртар низ эълон намоем ва бо он чӣ аллакай дар ҳудуди каси дигар ба анҷом расонда шудааст, фахр накунем. 17  «Вале касе, ки фахр мекунад, бигзор бо Яҳува фахр кунад». 18  Зеро розигии Худоро на он шахсе соҳиб аст, ки худро таърифу тавсиф мекунад, балки оне, ки Яҳува ӯро таъриф менамояд.

Эзоҳҳо