2 Юҳанно 1:1-13

  • Сарсухан (13)

  • Бо роҳи ростӣ равона бошед (46)

  • Аз фиребгарон эҳтиёт шавед (711)

    • Салом надиҳед (10, 11)

  • Нияти омадан ва хайрухуш (12, 13)

1  Пир ба хонуми интихобшуда* ва фарзандони ӯ, ки ман онҳоро ҳақиқатан ҳам дӯст медорам ва на танҳо ман, балки ҳамчунин ҳамаи шахсоне, ки ростиро қабул кардаанд. 2  Мо шуморо дӯст медорем, зеро ростӣ дар дили ҳамаи мо аст ва он то абад хоҳад монд. 3  Падари мо Худо ва ҳамчунин Исои Масеҳ, ки Писари Ӯст, дар баробари ростиву муҳаббат ба мо лутфу марҳамат, раҳм ва сулҳу осоиштагӣ медиҳанд. 4  Ман хеле хурсандам, зеро фаҳмидам, ки баъзе фарзандони ту бо роҳи ростӣ равонаанд ва мувофиқи амре, ки мо аз Падари осмониамон гирифтем, рафтор мекунанд. 5  Дар ин мактуб аз ту, эй хонум, хоҳиш мекунам, ки шумо якдигарро дӯст доред. Ин амри нав нест, балки ҳамонест, ки ба мо аз аввал дода шуд. 6  Муҳаббат ин аст, ки мо аз рӯйи амри Худо амал кунем*. Ва, чуноне ки шумо аз аввал шунида будед, амри Ӯ ин аст, ки аз рӯйи муҳаббат рафтор кунед. 7  Дар ҷаҳон фиребгарони зиёде пайдо шудаанд, ки дар ҷисм омадани Исоро рад мекунанд. Шахсе, ки чунин мекунад, фиребгар ва зиддимасеҳ аст. 8  Ҳушёр бошед, то он чизеро, ки ба туфайли меҳнатамон ба даст оварда шуд, гум накунед, балки ҳама баракатҳои Худоро соҳиб шавед. 9  Ҳар касе, ки аз таълимоти Масеҳ дур мешавад ва дар он намемонад, розигии Худоро ба даст намеорад. Лекин шахсе, ки таълимоти Масеҳро риоя мекунад, ҳам розигии Падарро соҳиб мешавад ва ҳам розигии Писарро. 10  Агар касе ба наздатон омада, таълимоти бегонаро таълим диҳад, ӯро қабул накунед ва ба вай салом ҳам надиҳед. 11  Касе, ки ба вай салом медиҳад, ба корҳои бадаш ҳамроҳ мешавад. 12  Ман боз суханони бисёре гуфтаниам, лекин инро дар нома навиштан намехоҳам, зеро умедворам, ки ба наздатон омада, рӯ ба рӯ бо шумо сӯҳбат кунам, то шумо аз ин хурсандии зиёд гиред. 13  Фарзандони хоҳарат, ки мисли ту интихобшуда аст, ба ту салом мерасонанд.

Эзоҳҳо

Ин ибора метавонад ҳам ба зан ва ҳам ба ҷамъомади асри як ишора кунад.
Дар матни аслӣ «роҳ равем».