2 Тимотиюс 4:1-22

  • «Хизмати худро пурра ба ҷо ор» (15)

    • Каломро бо ҷидду ҷаҳд мавъиза намо (2)

  • «Дар муборизаи пуршараф талош намудам» (68)

  • Хабарҳои гуногун ва дархостҳо (918)

  • Хайрухуш (1922)

4  Ман дар пеши Худо ва Исои Масеҳ, ки дар вақти зоҳир шудан ва Подшоҳии худ омаданаш зиндагон ва мурдагонро доварӣ мекунад, бо қатъият ба ту чунин мефармоям: 2  каломро мавъиза кун ва дар ин кор ҳам дар вақти мувофиқ ва ҳам дар вақти душвор ҷидду ҷаҳд намо; бо тамоми пуртоқатӣ ва маҳорати таълимдиҳӣ танбеҳ, огоҳӣ ва насиҳат деҳ. 3  Зеро замоне меояд, ки одамон тоқати шунидани таълимоти дурустро* нахоҳанд дошт, балки мувофиқи хоҳиши худ дар гирду атрофашон муаллимонеро ҷамъ мекунанд, ки чизҳои ба гӯш форамро мегӯянд. 4  Онҳо аз шунидани ростӣ рӯй тофта, ба қиссаҳо диққат хоҳанд дод. 5  Ту бошӣ, дар ҳама чиз ҳушёр бош, дар душвориҳо истодагарӣ кун, мавъиза кардани хушхабарро давом деҳ ва хизмати худро пурра ба ҷо ор. 6  Ман мисли ҳадияи рехтание ҳастам, ки ба замин рехта мешавад, ва вақти рафтанам наздик аст. 7  Дар муборизаи пуршараф талош намудам, масофаро тай карда, ба хати марра расидам, имонамро нигоҳ доштам. 8  Ва аз ин вақт сар карда барои ман тоҷи росткорӣ нигоҳ дошта шудааст. Ин тоҷро Ҳазратамон, ки довари одил аст, дар он рӯз ҳамчун мукофот ба ман хоҳад дод ва на фақат ба ман, балки ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки зоҳир шудани ӯро бесаброна интизоранд. 9  Ҳар кори аз дастат меомадаро карда, ҳарчи тезтар назди ман биё. 10  Зеро Димос ба ин ҷаҳон* дил баст ва маро тарк карду ба Таслӯникӣ рафт, Крисқис ба Ғалотия равона шуд ва Титус ба Далмотия. 11  Танҳо Луқо бо ман монд. Бо худ Марқӯсро биёр, зеро ӯ дар хизмат ба ман ёрдам хоҳад кард. 12  Тихиқӯсро бошад, ман ба Эфсӯс фиристодам. 13  Вақти омаданат ҷомаамро, ки дар Трӯос, назди Қарпӯс, мондаам, ва ҳамчунин дастхатҳоро, махсусан дастхатҳои чармиро, ҳамроҳат биёр. 14  Искандар ном мисгаре ба ман бисёр бадӣ кардааст. Яҳува ӯро мувофиқи корҳояш сазо хоҳад дод. 15  Ту низ аз вай эҳтиёт шав, зеро ӯ ба хабари мо сахт муқобилат кардааст. 16  Вақте бори аввал худро ҳимоя мекардам, касе маро тарафгирӣ накард, балки ҳама маро тарк кард. Бигзор ин барояшон гуноҳ ҳисоб нашавад. 17  Лекин Ҳазрат дар наздам меистод ва ба ман қувват медод, то ба воситаи ман хушхабар пурра мавъиза шавад ва ҳамаи халқҳо онро шунаванд; ва ман аз даҳони шер халос шудам. 18  Ҳазратамон маро аз ҳар бадӣ халосӣ дода, барои Подшоҳии осмонии худ нигоҳ хоҳад дошт. Ӯро то абад ҷалол бод! Омин. 19  Ба Приска, Акило ва аҳли хонаводаи Анисифорус аз номи ман салом расон. 20  Арастус дар Қӯринт истод, Трофимуси беморро бошад, ман дар Милитус мондам. 21  Саъю кӯшиш кун, ки то саршавии зимистон ба наздам биёӣ. Эвулус, Пудис, Линӯс, Клавдия ва ҳамаи бародарон ба ту салом мерасонанд. 22  Бигзор Ҳазратамон рӯҳияеро, ки ту нишон медиҳӣ, баракат диҳад. Лутфу марҳамати ӯ бо ту бод!

Эзоҳҳо

Ё «солимро; фоиданокро».
Ё «замона». Ниг. ба луғат.