2 Петрус 1:1-21

  • Сарсухан (1)

  • Чун даъватшудагон содиқ монед (215)

    • Хислатҳое, ки бояд ба имон илова шаванд (59)

  • Боварӣ ба суханони пешгӯйишуда (1621)

1  Ман, Шимъӯни Петрус — ғулом ва расули Исои Масеҳ, ба онҳое менависам, ки ба туфайли росткории Худои мо ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ мисли мо ба дониши ростии бебаҳо имон овардаанд*: 2  Бигзор ба воситаи дониши аниқ дар бораи Худо ва дар бораи Ҳазратамон Исо ба шумо лутфу марҳамат ва сулҳу осоиштагӣ боз ҳам бештар дода шавад. 3  Зеро ба туфайли қудрати илоҳии Ӯ ҳар он чизе, ки барои ҳаёт ва худотарсӣ зарур аст, ба мо ато шудааст, чунки мо оиди Оне, ки ба воситаи ҷалол ва некӯкории Худ моро даъват намудааст, дониши аниқ гирифтаем. 4  Ба туфайли ин ҷалол ва некӯӣ Ӯ ба мо ваъдаҳои бузургу бебаҳо дод, то ба воситаи онҳо шумо аз бадахлоқии ҷаҳон, ки аз хоҳишҳои нодуруст сарчашма мегирад, озод шуда, мисли Худо рӯҳ гардед. 5  Аз ин сабаб тамоми кӯшишро ба харҷ дода, ба имони худ некӯкориро илова намоед, ба некӯкорӣ бошад, донишро, 6  ба дониш — худдориро, ба худдорӣ — истодагариро, ба истодагарӣ — худотарсиро, 7  ба худотарсӣ — меҳри бародариро, ба меҳри бародарӣ — муҳаббатро. 8  Зеро, агар ҳамаи ин хислатҳо дар шумо бошанду онҳоро инкишоф диҳед, дар истифодаи дониши аниқ дар бораи Ҳазратамон Исои Масеҳ суст ва бесамар нахоҳед буд. 9  Вале касе, ки ин хислатҳоро надорад, кӯр аст, чунки чашмонашро аз равшанӣ мепӯшад*, ва фаромӯш кардааст, ки аз гуноҳҳои пештарааш пок гаштааст. 10  Бинобар ин, эй бародарон, боз ҳам бештар саъю кӯшиш кунед, ки чун даъватшудагон ва интихобшудагон содиқ монед, ва, агар ҳамин тавр кунед, ҳеҷ гоҳ пешпо намехӯред. 11  Бо ин роҳ шумо соҳиби баракати бузург мешавед, яъне имконият пайдо мекунед, ки ба Подшоҳии ҷовидонаи Ҳазрат ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ дохил шавед. 12  Бинобар ин ман ният дорам, ки ҳамаи чизҳои навиштаамро доимо ба шумо хотиррасон кунам, гарчанд шумо онҳоро медонед ва дар дониши ростии гирифтаатон устувор ҳастед. 13  Ман дуруст меҳисобам, ки, то даме дар ин ҷисм* ҳастам, онҳоро хотиррасон карда, шуморо бедор созам, 14  зеро медонам, ки ба наздикӣ ин ҷисмро тарк мекунам, чуноне ки Ҳазратамон Исои Масеҳ низ инро ба ман маълум сохта буд. 15  Ман доимо ҳар чизи аз дастам меомадаро мекунам, то пас аз рафтанам шумо ҳамаи инро ба худ хотиррасон карда тавонед. 16  Вақте дар бораи қудрат ва ҳузури Ҳазратамон Исои Масеҳ ба шумо нақл мекардем, суханонамон бар қиссаҳои моҳирона бофташуда асос намеёфт, балки мо бузургии ӯро бо чашмони худ дида будем. 17  Зеро ӯ аз ҷониби Падарамон Худо иззату ҷалол ёфт, вақте Сарчашмаи ҷалоли бузург ба ӯ суханони зеринро гуфт: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям». 18  Бале, вақте мо бо ӯ дар кӯҳи муқаддас будем, аз осмон садо додани ин суханонро шунидем. 19  Аз ин рӯ боварии мо ба суханони пешгӯйишуда боз ҳам қавитар гашт ва шумо низ хуб мекунед, ки диққати худро ба онҳо равона месозед. Ин суханон то вақти бомдод ва то пайдо шудани ситораи субҳ дар ҷойи торик, дар дилҳои шумо, чун чароғ медурахшанд. 20  Шумо пеш аз ҳама медонед, ки ягон пешгӯйии Навиштаҳои Муқаддас бар фикри шахсии касе асос наёфтааст, 21  зеро пешгӯйӣ ҳеҷ гоҳ аз рӯйи хости одамизод ба забон оварда нашудааст, балки одамон бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас, аз ҷониби Худо, сухан гуфтаанд.

Эзоҳҳо

Ё «ба дониши ростӣ имон овардаанд, ки ин барои ҳамаи мо шараф аст».
Ё эҳтимол «он чиро, ки дар дурӣ аст, намебинад».
Дар матни аслӣ «хайма».