1 Қӯринтиён 7:1-40

  • Насиҳат ба шахсони муҷаррад ва оиладор (116)

  • Дар ҳамон ҳолате, ки Худо шуморо даъват кардааст, бимонед (1724)

  • Касони оиладорнашуда ва бевазанон (2540)

    • Бартарии муҷаррадӣ (3235)

    • Танҳо ба шахсе оиладор шавед, ки пайрави Сарвар аст (39)

7  Акнун ба саволҳои шумо ҷавоб менависам: барои мард беҳтар аст, ки ба зан даст нарасонад*, 2  аммо, аз сабаби он ки бадахлоқии ҷинсӣ* паҳн гаштааст, бигзор ҳар мард зани худро дошта бошад ва ҳар зан шавҳари худро. 3  Бигзор шавҳар вазифаи заношӯйиро нисбати занаш ба ҷо орад ва зан низ нисбати шавҳараш чунин кунад. 4  Зан бар ҷисми худ ҳукмфармо нест, балки шавҳар ҳукмфармост, ба ин монанд, шавҳар низ бар ҷисми худ ҳукмфармо нест, балки зан ҳукмфармост. 5  Якдигарро аз қонеъ кардани ниёзҳои заношӯйӣ маҳрум накунед, балки фақат дар вақти муқарраршуда ва бо розигии ҳар ду, то ки вақти худро барои дуо бахшед, ва аз нав якҷоя шавед, то Шайтон аз сабаби худдорӣ карда натавонистанатон шуморо васваса накунад. 6  Ин гуфтаҳои маро метавонед ба ҷо оред, лекин ин қонун нест. 7  Мехоҳам, ки ҳамаи одамон мисли ман бошанд, аммо ҳар кас атои худро аз ҷониби Худо дорад, яке ин тавр, дигаре ба таври дигар. 8  Ба муҷаррадон ва бевазанон мегӯям, ки, агар мисли ман монанд, барои онҳо беҳтар аст. 9  Аммо, агар худдорӣ карда натавонанд, бигзор оиладор шаванд, зеро оиладор шудан аз сӯхтан дар оташи шаҳват беҳтар аст. 10  Ба онҳое, ки оиладоранд, на ман, балки Ҳазрат насиҳат медиҳад: зан аз шавҳараш ҷудо нашавад, 11  лекин, агар ҷудо шавад, дигар шавҳар накунад ё бо шавҳараш оштӣ шавад. Шавҳар низ набояд зани худро тарк кунад. 12  Ба дигарон ман мегӯям, на Ҳазрат: агар яке аз бародарон зан дошта бошаду вай ҳамимон набошад, вале розӣ бошад, ки бо шавҳараш бимонад, бигзор ӯ занашро тарк накунад. 13  Ё, агар зан шавҳар дошта бошаду вай ҳамимон набошад, вале розӣ бошад, ки бо занаш бимонад, бигзор ӯ шавҳарашро тарк накунад. 14  Шавҳаре, ки ҳамимон нест, ба воситаи зани имондораш муқаддас мегардад ва зане, ки ҳамимон нест, ба воситаи шавҳари имондораш муқаддас мегардад, вагарна фарзандони онҳо дар назари Худо нопок мебуданд, вале ҳоло онҳо муқаддасанд. 15  Лекин, агар шахс ҳамимон набошаду ҳамсари худро тарк кардан хоҳад*, бигзор равад, дар ин ҳолат бародар ё хоҳар вазифадор нест, ки бо ӯ бимонад. Вале Худо шуморо даъват мекунад, ки сулҳу осоиштагӣ дошта бошед. 16  Зеро, эй зан, агар бо шавҳари худ бимонӣ, шояд шавҳаратро наҷот диҳӣ. Ё ту, эй шавҳар, агар бо зани худ бимонӣ, шояд занатро наҷот диҳӣ. 17  Бигзор ҳар кас мувофиқи ҳиссае, ки Яҳува ба ӯ додааст, ва дар ҳамон ҳолате, ки Худо ӯро даъват кардааст, зиндагӣ кунад. Ман ин дастурро ба ҳамаи ҷамъомадҳо медиҳам. 18  Агар касе вақти даъват шуданаш хатнашуда бошад, бигзор чунин монад. Ё, агар касе ҳангоми даъват шуданаш хатнанашуда бошад, бигзор хатна накунад. 19  На хатна шудан аҳамияте дорад ва на хатна нашудан; муҳим он аст, ки шахс амрҳои Худоро риоя кунад. 20  Ҳар кӣ дар кадом ҳолате даъват шудааст, дар ҳамон ҳолат бимонад. 21  Агар ҳангоми ғулом буданат даъват шуда бошӣ, аз ин нороҳат нашав, вале, агар озод шуда тавонӣ, аз ин имконият истифода бар. 22  Зеро ҳар касе, ки ҳангоми ғулом буданаш даъват шуда, пайрави Ҳазратамон гаштааст, озод аст ва ба Ҳазрат тааллуқ дорад. Ба ин монанд, ҳар касе, ки ҳангоми озод буданаш даъват шудааст, ғуломи Масеҳ аст. 23  Шумо бо нархи гарон харида шудаед, дигар ғуломи одамон нагардед. 24  Эй бародарон, ҳар кӣ дар кадом ҳолате даъват шудааст, дар ҳамон ҳолат назди Худо бимонад. 25  Дар бораи касоне, ки оиладор нашудаанд,* аз Ҳазрат амре нагирифтаам, вале фикри худро ҳамчун касе мегӯям, ки Ҳазрат ба ӯ раҳм нишон додааст, то сазовори боварӣ бошам. 26  Пас, аз сабаби он ки вазъияти ҳозира душвор аст, фикр мекунам, ки барои одам беҳтар аст ҳамон тавре ки ҳаст, бимонад. 27  Агар зандор бошӣ, дар фикри ҷудо шудан набош. Ва, агар безан бошӣ, дар ҷустуҷӯйи зан набош. 28  Лекин, оиладор шавӣ ҳам, гуноҳе намекунӣ. Ва, агар касе, ки оиладор нашудааст,* оила барпо кунад, гуноҳ намекунад. Аммо дар ҳаёти чунин шахсон душвориҳои нав ба миён меоянд*, вале ман намехоҳам, ки шумо душвориҳо дошта бошед. 29  Эй бародарон, ҳамчунин ба шумо гуфтаниам, ки вақти боқимонда кӯтоҳтар шудааст. Минбаъд зандорон мисли безанон бошанд, 30  гирякунандагон мисли он ки гирён набошанд, шодикунандагон мисли он ки шод набошанд, харидорон мисли он ки соҳиби чизе нашуда бошанд 31  ва онҳое, ки аз ҷаҳон истифода мебаранд, мисли онҳое бошанд, ки аз он ба пуррагӣ истифода намебаранд, чунки саҳнаи ин ҷаҳон дигар шуда истодааст. 32  Ман мехоҳам, ки шумо беғам бошед. Марди безан дар бораи чизҳое фикр мекунад, ки бо хизмати Ҳазратамон алоқаманд аст, то ба Ҳазрат маъқул шавад. 33  Аммо марди оиладор дар бораи чизҳои ин ҷаҳон фикр мекунад, то ба зани худ маъқул шавад, 34  ва диққати вай ба як чиз равона нест. Ҳамчунин зани бешавҳар ё духтари бокира дар бораи чизҳое фикр мекунад, ки бо хизмати Ҳазратамон алоқаманд аст, то ки ҳам дар ҷисм ва ҳам дар рӯҳ муқаддас бошад. Зани шавҳардор бошад, дар бораи чизҳои ин ҷаҳон фикр мекунад, то ба шавҳараш маъқул шавад. 35  Инро ба фоидаи худи шумо мегӯям, на барои он ки шуморо аз чизе маҳрум кунам, балки шуморо даъват мекунам, ки ба таври шоиста рафтор намоед ва ҳамеша, бе он ки диққататон парешон шавад, ба Ҳазратамон хизмат кунед. 36  Лекин, агар касе фикр кунад, ки оиладор нашуданаш нодуруст аст*, ва, агар ӯ аз ҳад ҷавон набошад, беҳтар аст он чӣ мехоҳад, бикунад, ӯ гуноҳе намекунад. Бигзор чунин касон оиладор шаванд. 37  Аммо касе, ки ба ин эҳтиёҷе надораду дар қарори худ устувор аст ва худро идора карда метавонаду дар дили худ азм кардааст, ки оиладор намешавад*, кори хуб мекунад. 38  Пас, ҳар кӣ оиладор мешавад*, кори хуб мекунад, вале ҳар кӣ оиладор намешавад, кори беҳтар мекунад. 39  Зан то он вақте, ки шавҳараш зинда аст, бояд бо ӯ бимонад. Аммо, агар шавҳараш аз олам чашм пӯшад, вай метавонад бо ҳар касе, ки хоҳад, оиладор шавад, фақат он шахс бояд пайрави Сарвар* бошад. 40  Вале, ба фикри ман, агар зан дубора оиладор нашавад, хушбахттар аст. Ва боварӣ дорам, ки ман низ рӯҳи Худоро дорам.

Эзоҳҳо

Дар ин ҷо алоқаи ҷинсӣ дар назар дошта шудааст.
Шакли ҷамъи калимаи юнонии «порнейа». Ниг. ба луғат.
Ё «ҷудо шудан хоҳад».
Дар матни аслӣ «бокираҳо». Ин калима дар забони юнонӣ ба мардон ва заноне ишора мекунад, ки ҳеҷ гоҳ алоқаи ҷинсӣ накардаанд.
Дар матни аслӣ «бокирае». Ин калима дар забони юнонӣ ба мард ё зане ишора мекунад, ки ҳеҷ гоҳ алоқаи ҷинсӣ накардааст.
Дар матни аслӣ «чунин шахсон дар ҷисм азобҳо хоҳанд дошт».
Ё «нисбати бокирагии худ нодуруст рафтор карда истодааст».
Ё «бокирагии худро нигоҳ медорад».
Ё «бокирагии худро дар издивоҷ аз даст медиҳад».
Калимаи юнонии «Кириос» дар ин маврид метавонад ҳам ба Худо ва ҳам ба Исо ишора кунад.