1 Қӯринтиён 1:1-31

  • Сарсухан (13)

  • Павлус Худоро барои қӯринтиён шукр мегӯяд (49)

  • Насиҳат оиди нигоҳ доштани ягонагӣ (1017)

  • Масеҳ қудрат ва хиради Худост (1825)

  • Танҳо бо Яҳува фахр кунед (2631)

1  Ман, Павлус, ки бо хости Худо даъват шудаам, то расули Исои Масеҳ бошам, ҳамроҳи бародарамон Сӯстинис 2  ба ҷамъомади Худо, ки дар шаҳри Қӯринт аст, менависам. Ман ба шумо, эй касоне, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ муқаддас гардидаед, бале, ба шумо, ки ба муқаддас будан даъват шудаед, ва ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳар ҷо номи Ҳазратамон Исои Масеҳро эълон мекунанд, ки ӯ ҳам Ҳазрати онҳову ҳам Ҳазрати мост, чунин менависам: 3  Бигзор лутфу марҳамат ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Ҳазрати мо Исои Масеҳ бо шумо бошад. 4  Лутфу марҳамати Худоро, ки ба воситаи Исои Масеҳ ба шумо дода шудааст, дар хотир дошта, доимо Худоро бароятон шукр мегӯям. 5  Зеро шумо дар ягонагӣ бо Масеҳ ҳама чиро, аз ҷумла қобилияти гап задан ва ҳамчунин донишро, ба фаровонӣ соҳиб гаштаед. 6  Аз ин маълум мешавад, ки он чӣ оиди Исо ба шумо шаҳодат дода шуд, дар байнатон реша давондааст 7  ва аз ин рӯ шумо ошкор шудани Ҳазратамон Исои Масеҳро бесаброна интизор шуда, аз ҳеҷ ато камие надоред. 8  Худо ҳамчунин шуморо то ба охир устувор хоҳад кард, то дар рӯзи Ҳазратамон Исои Масеҳ касе шуморо айбдор карда натавонад. 9  Худое, ки шуморо даъват кардааст, то бо Писараш Исои Масеҳ, ки Ҳазрати мост, шарик бошед, амину вафодор аст. 10  Эй бародарон, аз шумо ба номи Ҳазратамон Исои Масеҳ хоҳиш мекунам, ки ҳамаатон дар сухан як бошед. Бигзор дар байнатон ҷудоӣ набошад, балки ҳамаатон дар фикр ва дар мулоҳизаронӣ муттаҳид бошед. 11  Зеро аз хонаводаи Хлӯо дар бораатон, эй бародарон, ба ман хабар доданд, ки шумо бо якдигар баҳсу мунозира мекунед. 12  Ман онро дар назар дорам, ки яке аз шумо мегӯяд: «Ман шогирди Павлусам». Дигаре мегӯяд: «Ман аз они Апуллус». Каси дигар бошад: «Ман шогирди Кифо* ҳастам». Ва боз нафаре: «Ман аз они Масеҳ мебошам». 13  Оё Масеҳ дар худ ҷудо шудааст? Магар Павлус барои шумо дар сутун ба қатл расонида шуд? Ё ин ки шумо ба номи Павлус таъмид гирифтед*? 14  Худоро шукр мегӯям, ки ҳеҷ кадоми шуморо, ғайр аз Криспусу Ғоюс, таъмид надодаам, 15  то касе нагӯяд, ки шумо ба номи ман таъмид гирифтед. 16  Ҳа, ман боз аҳли хонаи Истефанусро таъмид додаам. Ғайр аз инҳо дар хотир надорам, ки боз касеро таъмид дода бошам, 17  чунки Масеҳ маро на барои он фиристодааст, ки таъмид диҳам, балки, барои он ки хушхабарро эълон кунам. Ва ман ин корро бо суханони хирадмандона намекунам, то сутуни азобу шиканҷаи* Масеҳ беҳуда нагардад. 18  Зеро хабар дар бораи сутуни азобу шиканҷа* барои нобудшавандагон беақлист, вале барои мо, наҷотёбандагон, қудрати Худост. 19  Зеро навишта шудааст: «Ман хиради хирадмандонро нобуд месозам ва доноии донишмандонро рад мекунам». 20  Куҷост хирадманди ин ҷаҳон*? Куҷост шариатдон*? Куҷост оне, ки баҳсу мунозираро дӯст медорад? Магар Худо беақлӣ будани хиради ин ҷаҳонро нишон надод? 21  Хиради Худо бошад, дар он аён гашт, ки, ҳарчанд ҷаҳон бо хиради худ Худоро нашинохт, Ӯ маъқул донист, ки ба воситаи он чизе, ки дар назари дигарон беақлӣ метобаду мавъиза карда мешавад, имондоронро наҷот диҳад. 22  Зеро яҳудиён аломат металабанд ва юнониён хирад меҷӯянд, 23  вале мо дар бораи Масеҳ, ки дар сутун ба қатл расонида шуд, мавъиза мекунем ва ин барои яҳудиён сабаби пешпо хӯрдан ва барои халқҳои дигар беақлист. 24  Аммо барои даъватшудагон, хоҳ яҳудӣ бошанд, хоҳ юнонӣ, Масеҳ қудрат ва хиради Худост. 25  Зеро он чӣ аз Худо мебошаду онро беақлӣ меҳисобанд, аз хиради инсонӣ болотар аст. Ҳамчунин он чӣ аз Худосту онро нотавонӣ меҳисобанд, аз қуввати инсон тавонотар аст. 26  Зеро, эй бародарон, чи тавре ки мебинед, бисёре аз шумо, ки даъват шудаед, дар назари одамон бохирад нестед, ҳамчунин касони соҳибқудрат ё аз оилаи калоншавандагон набудед. 27  Вале Худо касонеро интихоб кард, ки ба назари ин ҷаҳон беақл метобанд, то бохирадонро шармсор кунад, ҳамчунин касонеро интихоб кард, ки дар назари ин ҷаҳон нотавонанд, то шахсони тавоноро шарманда кунад. 28  Ва Худо он чиро, ки ҷаҳон назарногир ва паст меҳисобад, яъне чизҳоеро, ки дар назари одамон ҳеҷанд, интихоб кард, то чизҳоеро, ки муҳим ҳисобида мешаванд, нобуд созад 29  ва ҳеҷ кас дар пеши Худо фахр накунад. 30  Вале ба туфайли Худо шумо бо Исои Масеҳ дар ягонагӣ ҳастед. Ба воситаи ӯ хиради Худо ба мо аён гашт, ҳамчунин мо дар назари Худо росткор шудем, муқаддас гаштем ва ба воситаи фидия* озод шудем. 31  Бинобар ин, чуноне ки навишта шудааст, «касе, ки фахр мекунад, бигзор бо Яҳува фахр кунад».

Эзоҳҳо

Номи дигари Петрус.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ё «замона». Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.