1 Юҳанно 3:1-24

  • Мо фарзандони Худоем (13)

  • Фарзандони Худо ва фарзандони Иблис (412)

    • Исо корҳои Иблисро вайрон мекунад (8)

  • Якдигарро дӯст доред (1318)

  • «Худо аз дили мо бузургтар аст» (1924)

3  То чӣ андоза бузург аст муҳаббати Падар ба мо! Ӯ моро фарзандони Худ номидааст ва мо дар ҳақиқат фарзандони Худоем. Ҷаҳон моро аз он сабаб намешиносад, ки Худоро нашинохтааст. 2  Эй азизон, ҳарчанд мо акнун фарзандони Худо ҳастем, ба мо ҳанӯз маълум нашудааст, ки ҷисмамон чӣ гуна мешавад. Лекин ҳаминашро медонем, ки, вақте Ӯ ба мо зоҳир мешавад, мо мисли Ӯ хоҳем буд, зеро Ӯро, чунон ки ҳаст, хоҳем дид. 3  Ва ҳар кӣ ба ӯ* умед мебандад*, худро пок мекунад, чи тавре ки ӯ пок аст. 4  Ҳар кӣ ҳаёти гунаҳкорона ба сар мебарад, ҷинояткорӣ мекунад. Пас, гуноҳ ҷиноят аст. 5  Шумо ҳамчунин медонед, ки Исо барои пок кардани гуноҳҳоямон зоҳир шуд ва дар ӯ гуноҳе нест. 6  Ҳар кӣ дар ягонагӣ бо ӯ мемонад, ҳаёти гунаҳкорона ба сар намебарад. Касе, ки ҳаёти гунаҳкорона ба сар мебарад, ӯро надидаасту нашинохтааст. 7  Эй фарзандони азизам, ба ҳеҷ кас нагузоред, ки шуморо гумроҳ кунад. Касе, ки дуруст рафтор мекунад, росткор аст, чуноне ки Исо росткор аст. 8  Касе, ки ҳаёти гунаҳкорона ба сар мебарад, аз Иблис аст, зеро Иблис аз аввал гуноҳ мекард. Писари Худо* бошад, барои он зоҳир шуд, ки корҳои Иблисро вайрон кунад. 9  Ҳар кӣ фарзанди Худо аст, ҳаёти гунаҳкорона ба сар намебарад, зеро рӯҳи муқаддаси Худо дар вай аст. Чунин шахс ҳаёти гунаҳкорона ба сар бурда наметавонад, зеро ӯ фарзанди Худо аст. 10  Фарзандони Худо ва фарзандони Иблис ин тавр шинохта мешаванд: ҳар кӣ дуруст рафтор намекунад ва бародари худро дӯст намедорад, аз Худо нест. 11  Зеро хабаре, ки шумо аз аввал шунида будед, чунин аст: мо бояд якдигарро дӯст дорем, 12  на ҳамчун Қобил, ки аз Иблис* буд ва бародари худро кушт. Барои чӣ ӯро кушт? Барои он ки корҳои худаш бад буду корҳои бародараш дуруст. 13  Эй бародарон, ҳайрон нашавед, ки ҷаҳон аз шумо нафрат мекунад. 14  Мо медонем, ки пеш мурда будем, лекин ҳоло зинда шудем, зеро бародаронамонро дӯст медорем. Касе, ки бародаронашро дӯст намедорад, то ҳол мурда аст. 15  Ҳар кӣ аз бародари худ нафрат кунад, одамкуш аст ва шумо медонед, ки ягон одамкуш ҳаёти ҷовидониро соҳиб намешавад. 16  Мо муҳаббатро ба воситаи он фаҳмидем, ки ӯ ҷони* худро барои мо фидо кард; мо низ бояд ҷони худро барои бародаронамон фидо кунем. 17  Агар касе дар серию пурӣ умр ба сар бараду бародари худро дар мӯҳтоҷӣ дида, ба ӯ дасти ёрӣ дароз кардан нахоҳад, чӣ тавр гуфта метавонад, ки Худоро дӯст медорад? 18  Эй фарзандони азизам, мо бояд якдигарро на танҳо дар сухан ва дар забон, балки дар амал ва самимона дӯст дорем. 19  Ҳамин тавр мо мефаҳмем, ки дар тарафи ростӣ ҳастем, ва дилҳои худро бовар мекунонем, ки Худо моро дӯст медорад. 20  Ҳатто агар нисбати баъзе чизҳо диламон моро маҳкум кунад, биёед дар хотир дорем, ки Худо аз дили мо бузургтар аст ва ҳама чизро медонад. 21  Эй азизон, агар диламон моро маҳкум накунад, мо ба Худо озодона сухан гуфта метавонем. 22  Ва ҳар чӣ аз Ӯ хоҳиш кунем, ба мо дода мешавад, зеро амрҳои Ӯро иҷро мекунем ва корҳои ба Ӯ маъқулро ба ҷо меорем. 23  Амри Ӯ бошад, чунин аст, ки мо ба номи Писари Ӯ Исои Масеҳ имон дошта бошем ва якдигарро дӯст дорем, чи тавре ки ӯ ба мо фармуда буд. 24  Беш аз ин, шахсе, ки амрҳои Худоро иҷро мекунад, дар ягонагӣ бо Худо мемонад ва Худо дар ягонагӣ бо вай. Ба воситаи рӯҳе, ки Ӯ ба мо ато кардааст, мо медонем, ки Ӯ бо мо дар ягонагӣ аст.

Эзоҳҳо

Дар ин оят ҷонишини «ӯ» метавонад ҳам ба Худо ва ҳам ба Исо ишора кунад.
Ё «чунин умед дорад»
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «бадкор».
Ниг. ба луғат.