1 Юҳанно 1:1-10

  • Каломи ҳаёт (14)

  • Дар рӯшноӣ роҳ рафтан (57)

  • Ба гардан гирифтани гуноҳҳо (810)

1  Мо ба шумо дар бораи шахсе менависем, ки каломи ҳаёт аст. Ӯ шахсест, ки аз аввал вуҷуд дошт ва мо ӯро шунида будем, бо чашмони худ дида будем, мушоҳида карда будем ва бо дастонамон ламс намуда будем 2  (бале, ҳаёт ба мо маълум гашт ва мо онро дидем ва ба шумо дар бораи ҳаёти ҷовидоние, ки аз Падар асту ба мо маълум гашт, шаҳодат медиҳему нақл мекунем). 3  Мо дар бораи чизҳои дидаву шунидаамон ба шумо нақл мекунем, то шумо низ бо мо дар ягонагӣ бошед. Ин ягонагӣ бошад, ягонагӣ бо Падар ва Писари Ӯ, Исои Масеҳ, аст. 4  Мо ин суханонро ба шумо барои он менависем, ки хурсандиатон пурра шавад. 5  Хабаре, ки мо аз ӯ шунидему ба шумо эълон мекунем, чунин аст: Худо рӯшноӣ аст ва дар Ӯ* як зарра ҳам торикӣ нест. 6  Агар мо гӯем, ки бо Худо дар ягонагӣ ҳастем, лекин худамон дар торикӣ роҳ равем, мо дурӯғ мегӯем ва мувофиқи ростӣ рафтор намекунем. 7  Лекин, агар дар рӯшноӣ роҳ равем, чи тавре ки худи Худо дар рӯшноӣ аст, мо дар ягонагӣ бо якдигарем ва хуни Писари Ӯ, Исо, моро аз ҳар гуноҳ пок мекунад. 8  Агар гӯем, ки бегуноҳ ҳастем, худро фиреб медиҳем ва дар мо ростӣ нест. 9  Агар гуноҳҳои худро ба гардан гирем, Худо, ки содиқ ва одил аст, гуноҳҳои моро мебахшад ва моро аз ҳар гуна бадкорӣ пок мекунад. 10  Агар гӯем, ки гуноҳе накардаем, мо Худоро дурӯғгӯй месозем ва суханони Ӯ дар мо нестанд.

Эзоҳҳо

Ё «дар ягонагӣ бо Ӯ».