1 Тимотиюс 3:1-16

  • Талабот барои нозирон (17)

  • Талабот барои хизматгузорони ҷамъомад (813)

  • Сирри муқаддаси худотарсӣ (1416)

3  Суханони зерин сазовори боварианд: ҳар касе, ки нозир шудан хоҳад, кори хуберо орзу мекунад. 2  Нозир бояд беайб ва соҳиби як зан бошад, дар ҳама чиз меъёрро донад, солимфикр, боинтизом ва меҳмоннавоз буда, қобилияти таълимдиҳӣ дошта бошад. 3  Ҳамчунин ӯ набояд бадмастӣ кунад ё ба касе даст бардорад*, балки бомулоҳиза* буда, ҷанҷолӣ ва пулпараст набошад, 4  аҳли хонаводаи худро нағз назорат* кунад ва фарзандони итоаткору боодоб дошта бошад 5  (зеро, агар шахс чӣ тавр назорат* кардани аҳли хонадони худро надонад, чӣ гуна метавонад ба ҷамъомади Худо ғамхорӣ кунад?), 6  аз миёни касоне набошад, ки ба қарибӣ пайрави Масеҳ гаштаанд, мабодо мағрур шуда, ба ҳукме, ки ба Иблис бароварда шудааст, гирифтор шавад. 7  Илова бар ин, ӯ бояд дар байни одамоне, ки берун аз ҷамъомаданд, номи нек дошта бошад, то дучори бадгӯйӣ нагардад* ва ба доми Иблис наафтад. 8  Хизматгузорони ҷамъомад низ бояд ҷиддӣ бошанд, дурӯягӣ накунанд*, ба шаробнӯшӣ дода нашаванд, бо чашмгуруснагӣ фоидаи худро наҷӯянд, 9  балки бо виҷдони пок сирри муқаддаси имонро нигоҳ доранд. 10  Вале чунин касон бояд аввал санҷида шаванд, ки оё ба талабот мувофиқат мекунанд ё не, ва, агар дар онҳо айбе ёфт нашавад, метавонанд хизматгузори ҷамъомад бошанд. 11  Занон низ бояд ҷиддӣ бошанд, тӯҳмат накунанд, дар ҳама чиз меъёрро донанд ва аз ҳар ҷиҳат ба Худо вафодор бошанд. 12  Бигзор хизматгузорони ҷамъомад як зан дошта бошанд ва фарзандону аҳли хонадони худро ба хубӣ назорат* кунанд. 13  Зеро касоне, ки нағз хизмат мекунанд, обрӯйи баландро соҳиб мегарданд ва дар бораи имоне, ки ба Исои Масеҳ доранд, озодона гап зада метавонанд. 14  Гарчанд умед дорам, ки ба қарибӣ наздат меоям, ин чизҳоро ба ту менависам, 15  то, агар дер кунам, бидонӣ, ки дар хонаи Худо, ки ҷамъомади Худои зинда мебошад ва сутуну такягоҳи ростӣ аст, чӣ тавр рафтор кунӣ. 16  Сирри муқаддаси худотарсӣ, дар ҳақиқат, бузург аст: «Ӯ дар ҷисм зоҳир гашт, дар рӯҳ росткор эълон карда шуд, ба фариштаҳо аён гашт, дар байни халқҳо мавъиза карда шуд, дар ҷаҳон ба ӯ имон оварданд ва ӯ бо ҷалол ба осмон бурда шуд».

Эзоҳҳо

Ё «бо гапҳояш дигаронро озор диҳад».
Дар матни аслӣ «ба гузашт кардан тайёр».
Ё «идора».
Ё «идора».
Ё «беобрӯ нашавад».
Ё «бо гапҳояшон фиреб надиҳанд».
Ё «идора».