1 Тимотиюс 2:1-15

  • Дуо барои ҳар гуна одамон (17)

    • Як Худо, як миёнарав (5)

    • Фидияи мувофиқ барои ҳама (6)

  • Дастурот барои мардон ва занон (815)

    • Тарзи либоспӯшии хоксорона (9, 10)

2  Аввалан, аз ҳама хоҳиш мекунам, ки барои ҳар гуна одамон зориву илтиҷо кунанд, дуо гӯянд ва шукргузорӣ намоянд, 2  аз ҷумла дар ҳаққи подшоҳон ва ҳамаи шахсони баландмартаба, то минбаъд низ ҳаёти орому осоишта ба сар барем ва дар ҳар маврид ба Худо содиқ бошему бо ҷиддият рафтор кунем. 3  Ин дар назари Наҷотдиҳандаамон Худо хуб ва писандида аст, 4  зеро Ӯ мехоҳад, ки ҳама гуна одамон наҷот ёбанд ва дар бораи ростӣ дониши аниқ гиранд. 5  Як Худо ҳаст ва як миёнарав байни Худову одамон, ки Исои Масеҳ мебошад. Ин мард 6  худро ҳамчун фидияи* мувофиқ барои ҳама* дод ва дар ин бора бояд дар вақти муайян шаҳодат дода шавад. 7  Барои ин ман воиз ва расул таъйин гаштаам — ин суханонам ростанд, на дурӯғ, — ман муаллими халқҳо таъйин шудаам, то ба онҳо дар бораи имон ва ростӣ таълим диҳам. 8  Пас, мехоҳам, ки мардон аз хашму ғазаб ва баҳсу мунозира дурӣ ҷуста, дар ҳар ҷо бо садоқатмандӣ дастҳои худро барои дуо бардоранд. 9  Ба ин монанд, занон низ бояд худро бо либоси шоиста, бо хоксориву солимфикрӣ оро диҳанд, на бо ҳар намуд мӯйбофӣ ва на бо тилло, марворид ё либосҳои қиматбаҳо, 10  балки бо корҳои нек, чуноне ки ба занони худотарс муносиб аст. 11  Бигзор зан хомӯшона ва бо фармонбардории пурра таълим гирад. 12  Ба зан иҷозат намедиҳам, ки таълим диҳад ё бар мард ҳукмфармо бошад, балки хомӯш истад. 13  Зеро аввал Одам офарида шуд ва баъд аз ӯ Ҳавво. 14  Ҳамчунин Одам фирефта нашудааст, балки зан фиреб хӯрда, гунаҳкор гаштааст. 15  Аммо таваллуд кардани фарзанд занро муҳофизат хоҳад кард, ба шарте ки дар имон, муҳаббат, покӣ ва солимфикрӣ бимонад.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ё «ҳама гуна одамон».