1 Таслӯникиён 4:1-18

  • Огоҳӣ оиди бадахлоқии ҷинсӣ (18)

  • Якдигарро боз ҳам бештар дӯст доред (912)

    • «Ба кори дигарон дахолат накунед» (11)

  • Аввал касоне зинда мешаванд, ки то дами марг ба Масеҳ содиқ буданд (1318)

4  Эй бародарон, мо шуморо таълим додем, ки барои хурсанд кардани дили Худо бояд чӣ гуна рафтор кунед, ва шумо ҳамин тавр ҳам карда истодаед. Ҳоло бошад, аз шумо ба номи Ҳазратамон Исо хоҳишу илтимос мекунем, ки дар рафтори худ боз ҳам беҳтар шавед, 2  чунки шумо он чиро, ки аз номи Ҳазратамон Исо таълим* дода будем, медонед. 3  Хости Худо ин аст, ки шумо муқаддас бошед ва ба бадахлоқии ҷинсӣ* даст назанед. 4  Ҳар яки шумо бояд донед, ки чӣ тавр ҷисми* худро идора кунед, то муқаддас бошед ва розигии Худоро* ба даст оред 5  ва мисли халқҳое, ки Худоро намешиносанд, ҳарисона ба хоҳишҳои шаҳвонӣ дода нашавед. 6  Ҳеҷ кас набояд аз доираи меъёрҳои ахлоқӣ берун барояд ва ба бародари худ зарар расонад, зеро, чи тавре ки мо пешакӣ гуфта будем ва ба таври қатъӣ огоҳ намудем, Яҳува шахсонеро, ки ба ин корҳо даст мезананд, ҷазо медиҳад. 7  Зеро Худо моро на ба нопокӣ, балки ба рафтори муқаддасона даъват кардааст. 8  Бинобар ин касе, ки ин таълимотро рад мекунад, на одамизодро, балки Худоро, ки рӯҳи муқаддасашро ба шумо медиҳад, рад мекунад. 9  Дар хусуси муҳаббати бародарона бошад, ҳоҷат нест, ки ба шумо чизе нависем, зеро худи шумо аз Худо таълим гирифтаед, ки якдигарро дӯст доред. 10  Шумо нисбати тамоми бародарон дар саросари Мақдуния ҳамин тавр ҳам мекунед. Лекин, эй бародарон, мо шуморо бармеангезем, ки муҳаббати худро боз ҳам бештар зоҳир кунед. 11  Саъю кӯшиш кунед, ки, чи тавре ба шумо таълим додем, ҳаёти оромона ба сар баред, ба кори дигарон дахолат накунед ва бо дастони худ меҳнат кунед, 12  то дар пеши мардум ба таври шоиста ҳаёт ба сар баред ва ба ҳеҷ чиз мӯҳтоҷ набошед. 13  Ғайр аз ин, эй бародарон, намехоҳем, ки шумо аз ояндаи онҳое, ки ба хоби марг рафтаанд, бехабар бошед, то мисли онҳое, ки умед надоранд, ғамгин шавед. 14  Зеро, агар мо имон дошта бошем, ки Исо мурд ва зинда шуд, пас, имон хоҳем дошт, ки Худо шахсонеро, ки то охир ба Исо содиқ монданд, аз хоби марг бармехезонад, то ҳамроҳи ӯ бошанд. 15  Ба шумо дар асоси каломи Яҳува ҳаминро мегӯем, ки онҳое аз байни мо, ки дар вақти ҳузури Ҳазратамон зиндагӣ мекунанд, ҳаргиз пеш аз шахсоне, ки аллакай мурдаанд, эҳё намешаванд. 16  Зеро худи Ҳазратамон бо карнайи Худо дар даст ва бо овози сарвари фариштагон фармон дода, аз осмон мефарояд ва он гоҳ онҳое, ки то дами марг ба Масеҳ содиқ монданд, аввалин шуда зинда мешаванд. 17  Сипас, он нафароне аз мо, ки дар вақти ҳузури Ҳазратамон зиндагӣ мекунанд, эҳё шуда, дар абрҳо ба боло бурда мешаванд, то ба онҳо ҳамроҳ шаванд ва бо Ҳазратамон дар осмон вохӯранд; ҳамин тавр мо ҳамеша ҳамроҳи Ҳазратамон хоҳем буд. 18  Пас, якдигарро бо ин суханон тасаллӣ диҳед.

Эзоҳҳо

Ё «амр».
Юн. «порнейа». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «зарфи».
Ё эҳтимол «эҳтироми одамонро».