1 Таслӯникиён 3:1-13

  • Интизории Павлус дар Афина (15)

  • Хабари тасаллибахши Тимотиюс (610)

  • Дуо дар ҳаққи таслӯникиён (1113)

3  Пас, вақте дигар ба ҷудоӣ тоб оварда натавонистем, дар Афина танҳо монданро беҳтар донистем 2  ва Тимотиюсро, ки бародари мо ва хизматгузори* Худо буда, хушхабарро дар бораи Масеҳ мавъиза мекунад, ба назди шумо фиристодем. Мо мехостем, ки ӯ шуморо қуввату тасаллӣ бахшида, имонатонро қавӣ гардонад 3  ва ҳеҷ кадоми шумо дар ин таъқиботҳо суст нашавед. Охир, худи шумо медонед, ки мо ҳатман бо чунин азобу уқубатҳо рӯ ба рӯ мешавем*. 4  Зеро, вақте ҳамроҳатон будем, шуморо огоҳ мекардем, ки ҳамаи мо бояд бо таъқибот рӯ ба рӯ шавем ва, чи тавре ки худатон медонед, ҳамин тавр ҳам шуд. 5  Ана барои ҳамин, вақте ман дигар ба ҷудоӣ тоб оварда натавонистам, Тимотиюсро назди шумо фиристодам, то аз садоқатмандии шумо хабар орад. Ман хавотир будам, ки боз Васвасакор шуморо бо ягон роҳ васваса накарда бошад ва меҳнати мо барбод нарафта бошад. 6  Ҳоло Тимотиюс аз назди шумо омада, дар бораи садоқатмандию муҳаббататон хабари хуш овард. Ҳамчунин мо аз ӯ фаҳмидем, ки шумо доимо моро бо некӣ ёд мекунед ва ташнаи дидори мо ҳастед, чунон ки мо низ ташнаи дидори шумоем. 7  Ва шумо, эй бародарон, бо садоқатмандии худ дар ҳама мушкиливу* уқубатҳоямон тасаллии мо шудед, 8  зеро дидани он ки шумо устуворона Ҳазратамонро пайравӣ мекунед, ба мо рӯҳи тоза мебахшад. 9  Ва мо Худоро барои шумо ва шодии бузурге, ки ба туфайли шумо дорем, ҳазорон бор шукр мегӯем. 10  Мо рӯзу шаб бо тамоми ҷидду ҷаҳд Худоро илтиҷо мекунем, ки ба дидори шумо бирасем ва камии имони шуморо пур кунем. 11  Бигзор худи Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ роҳи моро муваффақ гардонад, то назди шумо омада тавонем. 12  Беш аз ин, чи тавре ки муҳаббати мо ба шумо бепоён аст, бигзор Ҳазратамон муҳаббати шуморо низ ба якдигар ва ба дигар касон зиёд ва ҳатто бепоён гардонад, 13  то дар вақти ҳузури Ҳазратамон ва тамоми муқаддасонаш дилҳоятон қавӣ гарданд ва шумо дар пеши Падари мо Худо беайб ва муқаддас бошед.

Эзоҳҳо

Ё эҳтимол «ҳамкори».
Ё «ки ин азобу уқубатҳо барои мо пешбинӣ шудаанд».
Ё «мӯҳтоҷиву».