1 Таслӯникиён 1:1-10

  • Сарсухан (1)

  • Павлус Худоро барои имони таслӯникиён шукр мегӯяд (210)

1  Ман, Павлус, ҳамроҳи Силвонус* ва Тимотиюс ба ҷамъомади шаҳри Таслӯникӣ, ки бо Падарамон Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ дар ягонагӣ мебошад, чунин менависам: Бигзор лутфу марҳамат ва сулҳу осоиштагӣ бо шумо бошад. 2  Мо дар ҳаққи шумо дуо гуфта, доимо Худоро шукр мегӯем, 3  зеро имон ва муҳаббати шуморо, ки дар корҳоятон аён аст, ва устувориеро, ки шумо ба туфайли умед ба Ҳазрати мо Исои Масеҳ зоҳир мекунед, дар пеши Падарамон Худо ҳамеша дар ёд дорем. 4  Эй бародарони ба Худо азиз, мо медонем, ки Ӯ шуморо интихоб кардааст, 5  зеро мо ба шумо хушхабарро на танҳо бо сухан, балки бо қудрат, рӯҳи муқаддас ва боварии комил мавъиза мекардем. Ва худи шумо медонед, ки мо ба манфиати шумо чӣ гуна рафтор мекардем. 6  Шумо, нигоҳ накарда ба он ки бо азобҳои зиёд рӯ ба рӯ шудед, ба мо ва ба Ҳазратамон пайравӣ намуда, каломи Худоро бо хурсандие, ки аз рӯҳи муқаддас бармеояд, қабул кардед 7  ва ҳамин тавр ба ҳамаи имондорони Мақдуния ва Охоия намунаи ибрат гузоштед. 8  Ба туфайли шумо каломи Яҳува дар сар то сари Мақдуния ва Охоия паҳн шудааст ва одамон дар ҷойҳои гуногун аз имони ба Худо доштаатон хабардор шудаанд, барои ҳамин ҳоҷати гап задани мо нест. 9  Ва худи онҳо дар бораи он нақл мекунанд, ки чӣ тавр мо бори аввал ба назди шумо омадем ва чӣ гуна шумо аз бутҳои худ рӯй гардондед, то бандагони Худои зиндаю ҳақиқӣ шавед 10  ва аз осмон омадани Писари Ӯ, яъне Исоро интизор шавед. Худо Исоро аз мурдагон зинда кард ва ӯ моро аз ғазаби оянда халос мекунад.

Эзоҳҳо

Номи дигари Сило.