1 Петрус 4:1-19

  • Мисли Масеҳ мувофиқи хости Худо зиндагӣ кунед (1–6)

  • Охири ҳама чиз наздик аст (7–11)

  • Азобу уқубат ба хотири Масеҳ (12–19)

4  Пас, чун медонед, ки Масеҳ дар тани одамӣ азоб кашид, шумо низ тарзи фикрронии* ӯро аз худ кунед, зеро касе, ки дар ҷисм азоб кашидааст, дигар гуноҳ намекунад, 2  то боқимондаи умрашро на аз рӯйи ҳавасҳои инсонӣ, балки мувофиқи хости Худо гузаронад. 3  Шумо дар гузашта ба қадри кофӣ мувофиқи хоҳиши халқҳо рафтор карда, ба беҳаёгӣ*, хоҳишҳои идоранашаванда, бадмастӣ, айшу нӯш, майпарастӣ ва бутпарастии нафратовар дода мешудед. 4  Лекин акнун онҳо ҳайронанд, ки шумо дигар мисли онҳо ба фисқу фуҷур дода намешавед, ва аз ин рӯ дар ҳаққатон суханони таҳқиромез мегӯянд. 5  Вале ин одамон ба оне, ки тайёр аст зиндагон ва мурдагонро доварӣ кунад, ҳисобот хоҳанд дод. 6  Барои ҳамин хушхабар ба мурдагон низ эълон шуд, то онҳо, ҳарчанд аз нуқтаи назари инсонӣ дар ҷисм доварӣ карда мешаванд, аз нуқтаи назари Худо мувофиқи рӯҳ зиндагӣ кунанд. 7  Лекин охири ҳама чиз наздик аст. Бинобар ин солимфикр буда, ҳама вақт ба дуо гуфтан тайёр бошед. 8  Пеш аз ҳама якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред, зеро муҳаббат гуноҳҳои бисёрро рӯпӯш мекунад. 9  Бе шикваю шикоят якдигарро меҳмоннавозӣ кунед. 10  Шумо ба туфайли лутфу марҳамати Худо атоҳои гуногунро соҳиб шудед. Пас, чун идоракунандагони нек ҳар яке мувофиқи атои гирифтаатон ба якдигар хизмат кунед. 11  Агар касе қобилияти суханронӣ дошта бошад, бигзор хабарҳои Худоро эълон кунад; агар касе хизмат мекарда бошад, бигзор ба қувваи Худо такя кунад, то Худо ба воситаи Исои Масеҳ ҳама вақт ҷалол ёбад. Ҷалол ва қудрат то абад аз они Ӯст. Омин. 12  Эй азизон, аз озмоишҳои сахте*, ки ба сари шумо меоянд, ҳайрон нашавед ва онҳоро як чизи ғайриодӣ ҳисоб накунед. 13  Баръакс, хурсанд шавед, ки шарики азобу уқубатҳои Масеҳ ҳастед, то дар вақти ошкор шудани ҷалоли ӯ низ шодиву хурсандӣ кунед. 14  Агар ба хотири номи Масеҳ таҳқир карда шавед, шумо хушбахтед, зеро ин нишонаи он аст, ки рӯҳи ҷалол, яъне рӯҳи Худо, бар шумост. 15  Бигзор ҳеҷ яке аз шумо чун одамкуш, дузд, бадкор ё чун касе, ки ба корҳои дигарон дахолат мекунад, азоб накашад. 16  Вале, агар касе чун масеҳӣ азоб кашад, бигзор аз ин шарм надорад, балки Худоро ҷалол дода, мувофиқи ин ном умр ба сар барад. 17  Зеро вақти муқарраршуда расидааст, то доварӣ аз хонаи Худо сар шавад. Агар он аз мо сар мешуда бошад, пас, оқибати касоне, ки ба хушхабари Худо итоат намекунанд, чӣ хоҳад буд? 18  «Ва, агар росткор базӯр наҷот меёфта бошад, пас, бо шахси худобехабар ва гунаҳкор чӣ рӯй хоҳад дод?» 19  Бинобар ин касоне, ки барои ба ҷо овардани хости Худо азоб мекашанд, бигзор худро ба дасти Офаридгор, ки сазовори боварист, супоранд ва некӣ карданро давом диҳанд.

Эзоҳҳо

Ё «азми».
Ё «корҳои бешармона». Шакли ҷамъи калимаи юнонии «аселгейа». Ниг. ба луғат.
Ё «оташмонанде».