1 Петрус 2:1-25

  • Муштоқи калом бошед (1–3)

  • Сангҳои зинда барои хонаи рӯҳонӣ (4–10)

  • Чун мусофирон зиндагӣ кунед (11, 12)

  • Фармонбардор бошед (13–25)

    • Масеҳ — намуна барои мо (21)

2  Пас, ҳар бадӣ, фиреб, дурӯягӣ, ҳасад ва ҳар гуна бадгӯйиро аз худ дур созед. 2  Чун кӯдакони навзод муштоқи шири поки калом бошед, то ба воя расида, наҷот ёбед, 3  зеро шумо чашида дидаед, ки Ҳазрати мо меҳрубон аст. 4  Вақте шумо ба ӯ, яъне ба санги зиндае, ки аз тарафи одамон рад шудааст, вале Худо онро интихоб намуда, қиматбаҳо меҳисобад, наздик меоед, 5  худатон низ мисли сангҳои зинда дар сохтмони хонаи рӯҳонӣ ба кор бурда мешавед, то коҳинони* муқаддас гардед ва ба воситаи Исои Масеҳ қурбониҳои рӯҳоние пешкаш кунед, ки ба Худо писанданд. 6  Зеро дар Навиштаҳои Муқаддас гуфта шудааст: «Инак, Ман дар Сион санги интихобшудае мегузорам, санги асосие дар гӯшаи таҳкурсии бино, ки хеле пурарзиш аст. Ҳар касе, ки ба он имон меорад, ноумед* нахоҳад шуд». 7  Пас, он барои шумо, имондорон, қиматбаҳост, вале барои касоне, ки имон надоранд, сангест, ки бинокорон рад карданд, вале он «санги асосии гӯшаи бино» 8  ва ҳамчунин «санги монеа ва кӯҳпораи мамониат» гашт. Ин касон аз он сабаб бар он пешпо мехӯранд, ки ба калом итоат намекунанд. Оқибати онҳо ҳамин аст. 9  Вале шумо «қавми интихобшуда ҳастед, коҳиноне, ки чун подшоҳ хизмат мекунанд, халқи муқаддас ва ҳамчунин касонед, ки бояд моликияти махсуси Худо гарданд, то хислатҳои олиҷаноби Онеро, ки шуморо аз торикӣ ба рӯшноии аҷоиби Худ даъват кардааст, ба ҳама эълон кунед». 10  Зеро шумо як вақте халқ набудед, аммо ҳоло халқи Худо ҳастед; шумо як вақте аз раҳм маҳрум будед, вале акнун ба шумо раҳм зоҳир карда шуд. 11  Эй азизон, шуморо даъват мекунам, ки чун мусофирон ва сокинони муваққатӣ аз хоҳишҳои ҷисм, ки бар зидди шумо мубориза мебаранд, парҳез кунед. 12  Дар байни мардум рафтори намунавӣ дошта бошед, то онҳо, вақте шуморо чун бадкирдорон айбдор мекунанд, рафтори хубатонро дида Худоро дар вақти тафтиш карданаш ҷалол диҳанд. 13  Пас, ба хотири Ҳазратамон ба ҳар шахси ҳокимиятдор фармонбардор бошед: ҳам ба подшоҳ, ки мавқеи баландро ишғол мекунад, 14  ва ҳам ба ҳокимон, ки аз тарафи ӯ барои ҷазо додани бадкорон ва таъриф кардани некӯкорон таъйин мешаванд. 15  Зеро хости Худо ин аст, ки шумо бо корҳои некатон даҳони одамони бефаҳмро, ки аз рӯйи нодонии худ гап мезананд, маҳкам кунед. 16  Ҳамчун одамони озод бошед, вале озодии худро на барои рӯпӯш* кардани корҳои нодуруст, балки барои хизмат кардан ба Худо истифода баред. 17  Ҳама гуна одамонро эҳтиром намоед, ҳамаи бародаронро дӯст доред, аз Худо тарсед, подшоҳро иззат кунед. 18  Бигзор хизматгорон ба хӯҷаинони худ бо тамоми эҳтиром фармонбардор бошанд, на танҳо ба онҳое, ки меҳрубон ва бомулоҳизаанд*, балки ҳатто ба хӯҷаиноне, ки дилашонро ёфтан душвор аст. 19  Агар касе барои дар назди Худо пок нигоҳ доштани виҷдони худ ба душвориҳо* тоб орад ва ноҳақ азоб кашад, ин дар назари Ӯ писанд аст. 20  Зеро чӣ ҷойи таъриф аст, агар шуморо барои гуноҳи кардаатон зананду шумо ба ин тоб оред? Вале, агар барои корҳои некатон азоб кашед, ин писанди Худост. 21  Шумо барои он даъват шудаед, ки ноҳақ азоб кашед, зеро худи Масеҳ бароятон азоб кашид ва намунаи ибрат гузошт, то аз пайи ӯ равона шавед. 22  Ӯ гуноҳе накардааст ва дар забонаш макре набуд. 23  Ӯро паст мезаданд, вале ӯ дар ҷавоб чунин намекард, вақте азоб мекашид, таҳдид наменамуд, балки довариро ба Худои одил месупорид. 24  Ӯ гуноҳҳои моро дар тани худ ба сутун* бардошт, то ки мо барои гуноҳ бимирем* ва барои росткорӣ зиндагӣ кунем. Ва шумо «ба воситаи ҷароҳатҳои ӯ шифо ёфтаед». 25  Шумо мисли гӯсфандони роҳгумзадае будед, лекин ҳоло назди чӯпон ва нигаҳбони ҷонҳоятон* баргаштаед.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «хиҷил».
Ё «сафед».
Дар матни аслӣ «ба гузашт кардан тайёранд».
Ё «ғаму андӯҳ; дард».
Ё «дарахт».
Ё «ба гуноҳҳоямон хотима бахшем».
Ниг. ба луғат.