Қӯлассиён 2:1-23

  • Масеҳ сирри муқаддаси Худост (15)

  • Аз фиребгарон эҳтиёт шавед (615)

  • Он чӣ воқеист, Масеҳ аст (1623)

2  Мехоҳам дарк кунед, ки то чӣ андоза бузург аст муборизаи ман барои шумо ва барои касоне, ки дар Лудкия мебошанд, ва ҳамчунин барои ҳамаи онҳое, ки маро надидаанд. 2  Ҳамааш барои он аст, ки дили онҳо тасаллӣ ёбад ва онҳо дар муҳаббат муттаҳид шаванду тамоми сарватеро, ки аз фаҳмиши аниқу равшан бармеояд, соҳиб гарданд, то дар бораи сирри муқаддаси Худо, яъне Масеҳ, дониши аниқ ба даст оранд. 3  Дар ӯ тамоми хирад ва дониш, ки мисли ганҷ мебошад, пинҳон аст. 4  Инро мегӯям, то ҳеҷ кас шуморо бо суханони маккорона фиреб надиҳад. 5  Гарчанд ман ҷисман бо шумо нестам, фикран* бо шумоям ва аз он хурсандам, ки дар байнатон тартибу интизом ҳукмфармо аст ва шумо ба Масеҳ имони қавӣ доред. 6  Бинобар ин шумо, ки Ҳазратамон Исои Масеҳро қабул кардаед, минбаъд низ дар ягонагӣ бо ӯ рафтор кунед 7  ва, чуноне ки таълим гирифтаед, дар ӯ реша давонда, обод гардед ва дар имон устувор шаведу шукри зиёд гӯед. 8  Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо бо фалсафа ва суханони хушку холии фиребанда асир нагардонад*. Ин чизҳо бар урфу одатҳои инсонӣ ва фикру ақидаҳои ҷаҳон асос меёбанд, на бар таълимоти Масеҳ, 9  зеро хислатҳои Худо ба пуррагӣ маҳз дар ӯ сокинанд. 10  Ҳамин тавр шумо ба воситаи ӯ, ки сардори ҳамаи ҳукуматҳо ва ҳокимиятҳост, пуррагиро ба даст овардед. 11  Шумо ба туфайли муносибате, ки бо ӯ доред, хатна шудаед, вале ин хатнаи шумо на бо дасти одамӣ, балки бо як сӯ гузоштани ҷисми гунаҳкор ба ҷо оварда шудааст, зеро хизматгорони Масеҳ бояд ҳамин тавр хатна шаванд. 12  Шумо, ки дар таъмиди* ӯ ҳамроҳаш гӯронда шудед, ҳамчунин ҳамроҳаш аз мурдагон зинда гаштед. Ин ба туфайли муносибатҳои шумо бо вай ва имон ба корҳои бузурги Худо, ки ӯро аз мурдагон зинда кард, имконпазир гашт. 13  Беш аз ин, Худо шуморо, ки дар хатоҳои худ мурда будед ва ҷисматон хатнанашуда буд, бо ӯ зинда кард. Ӯ ҳамаи хатоҳоямонро бо меҳрубонӣ бахшид 14  ва дастнависеро, ки аз амрҳо иборат буд ва бар зидди мо амал менамуд, бекор кард. Ӯ онро ба сутуни азобу шиканҷа* мехкӯб карда, аз миён бардошт. 15  Худо ба воситаи он сутун* ҳукуматҳо ва ҳокимиятҳоро бараҳна кард ва онҳоро чун асирон дар пеши ҳама шармсор карда, нишон дод, ки бар онҳо ғолиб омадааст. 16  Бинобар ин нагузоред, ки касе шуморо барои хӯрдан, нӯшидан, ҷашн гирифтани ягон иду навмоҳ ё риояи рӯзи шанбе* ҳукм кунад. 17  Ҳамаи инҳо сояи чизҳои оянда мебошанд, аммо он чӣ воқеист, Масеҳ аст. 18  Бигзор касе, ки фурӯтании сохта ва ибодати фариштагонро дӯст дошта, бар чизҳои дидааш «сахт меистад»*, шуморо аз мукофот маҳрум насозад. Чунин кас бо тарзи фикрроние, ки хоси ҷисм аст, бесабаб мағрур гашта, 19  вобастагиеро, ки бо сар дорад, аз даст додааст, ҳол он ки ба воситаи он тамоми бадан таъмин мегардаду бо буғумҳо ва бандҳо ба хубӣ мепайвандад ва бо афзоише, ки Худо медиҳад, афзоиш меёбад. 20  Агар шумо ҳамроҳи Масеҳ барои фикру ақидаҳои ин ҷаҳон мурда бошед, пас, чаро тавре зиндагӣ мекунед, ки гӯё то ҳол қисми ин ҷаҳонед? Чаро ба амрҳое итоат мекунед, ки чунинанд: 21  «Даст назан, начаш, нарас»? 22  Ин амрҳо ба чизҳое ишора мекунанд, ки пас аз истифода шуданашон нест мешаванд, ва амрҳову таълимоти инсонӣ мебошанд. 23  Ҳамаи инҳо ибодати худсарона, фурӯтании сохта ва азоб додани ҷисм мебошанд ва аз рӯйи хирад тобанд ҳам, дар мубориза бо хоҳишҳои ҷисм бефоидаанд.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «дар рӯҳ».
Ё «ба доми худ накашад».
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ё эҳтимол «ӯ».
Ниг. ба луғат.
Ё «ба чизҳои дидааш “қадам мемонад”». Дар ин ҷо иборае оварда шудааст, ки дар расму оинҳои бутпарастон истифода мешуд.