Ғалотиён 5:1-26

  • Озодии масеҳиён (115)

  • Мувофиқи рӯҳ рафтор кунед (1626)

    • Корҳои ҷисм (1921)

    • Самари рӯҳ (22, 23)

5  Масеҳ моро барои чунин озодӣ озод кард, аз ин рӯ устувор бошед ва нагузоред, ки юғи* ғуломӣ бори дигар ба гардани шумо гузошта шавад. 2  Ман, Павлус, ба шумо мегӯям, ки агар хатна шавед, аз Масеҳ ба шумо ҳеҷ фоидае нахоҳад буд. 3  Ба ҳар шахсе, ки хатна мекунад, ман бори дигар шаҳодат медиҳам, ки вай вазифадор аст тамоми Шариатро ба ҷо орад. 4  Шумо, ки мекӯшед ба воситаи шариат росткор эълон шавед, аз Масеҳ ҷудо гаштаед, шумо аз лутфу марҳамати ӯ дур шудаед. 5  Мо бошем, ба воситаи рӯҳ ва дар асоси имон бесаброна интизори онем, ки дар назари Худо росткор гардем. 6  Дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ на хатна будани шахс арзише дорад ва на хатна набудани ӯ, балки имон, ки ба воситаи муҳаббат амал мекунад. 7  Шумо нағз медавидед, кӣ шуморо аз итоат кардан ба ростӣ боздошт? 8  Ин гуна муҳокимаронӣ аз ҷониби Даъваткунандаи шумо нест. 9  Андак хамиртуруш тамоми хамирро туруш мекунад. 10  Ман дилпурам, ки шумо, ки бо Ҳазратамон дар ягонагӣ ҳастед, бо ман ҳамфикр хоҳед буд. Вале шахсе, ки дар байни шумо душвориҳоро ба миён меорад, ҳар кӣ ҳам бошад, мувофиқи рафтораш ҳукм карда мешавад. 11  Эй бародарон, агар ман то ҳол хатнаро мавъиза мекарда бошам, пас, барои чӣ гирифтори таъқиботам? Дар он сурат сутуни азобу шиканҷа* дигар барои ҳеҷ кас монеа намешуд. 12  Онҳое, ки аз пайи гумроҳ сохтани шумоянд, бигзор ҳатто худро ахта кунанд*. 13  Эй бародарон, шумо ба озодӣ даъват шудаед, фақат ки ин озодиро барои қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм истифода набаред, балки ба якдигар бо муҳаббат хизмат кунед. 14  Тамоми Шариат дар амри зерин ҷамъбаст шудааст: «Дигаронро мисли худат дӯст дор». 15  Вале, агар якдигарро газида мехӯрда бошед, эҳтиёт шавед, ки аз дасти якдигар нобуд нашавед. 16  Лекин ба шумо мегӯям: минбаъд низ мувофиқи рӯҳ рафтор кунед ва шумо ягон хоҳиши ҷисмро иҷро нахоҳед кард. 17  Ҷисм аз сабаби хоҳишҳояш муқобили рӯҳ аст, рӯҳ бошад, муқобили ҷисм. Онҳо ба якдигар муқобиланд, бинобар ин шумо он чиро, ки мехоҳед, карда наметавонед. 18  Лекин, агар роҳнамоятон рӯҳ бошад, шумо зери шариат қарор надоред. 19  Корҳои ҷисм маълуманд, ки инҳоянд: бадахлоқии ҷинсӣ*, нопокӣ, беҳаёгӣ*, 20  бутпарастӣ, сеҳру ҷоду*, душманӣ, ҷанҷол, рашк, қаҳру ғазаб, баҳсу мунозираҳо, ҷудоиҳо, пайравӣ ба таълимоти инсонӣ, 21  ҳасад, бадмастӣ, айшу нӯш ва монанди инҳо. Шуморо пешакӣ аз ин чизҳо огоҳ мекунам, чи тавре ки аллакай огоҳ карда будам — шахсоне, ки бо ин корҳо машғуланд, Подшоҳии Худоро мерос нахоҳанд гирифт. 22  Самари рӯҳ бошад, ин аст: муҳаббат, хурсандӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, некӯӣ, имон, 23  ҳалимӣ ва худдорӣ. Бар зидди ҳамаи инҳо қонуне нест. 24  Беш аз ин, онҳое, ки ба Исои Масеҳ тааллуқ доранд, ҷисми худро бо майлу ҳавасҳояш ба сутун мехкӯб кардаанд. 25  Агар мо мувофиқи рӯҳ зиндагӣ мекарда бошем, пас, биёед ҳамчунин мувофиқи рӯҳ рафтор кунем. 26  Биёед шӯҳратпараст нашавем, якдигарро ба рақобат тела надиҳем ва ба ҳамдигар ҳасад набарем.

Эзоҳҳо

Олоти чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тараф бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ниг. ба луғат.
Яъне узвҳои ҷинсиашонро бурида партоянд. Дар ин ҳол онҳо барои иҷро кардани Шариат, ки тарафдораш буданд, ношоям мешуданд.
Юн. «порнейа». Ниг. ба луғат.
Юн. «аселгейа». Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.