Яъқуб 5:1-20

  • Огоҳӣ ба сарватдорон (16)

  • Онҳое, ки истодагарӣ мекунанд, баракат меёбанд (711)

  • «Ҳа»-и шумо «ҳа» бошад (12)

  • Дуое, ки бо имон гуфта мешавад (1318)

  • Ёрӣ ба каси гунаҳкор (19, 20)

5  Акнун шумо, эй сарватдорон, гӯш диҳед: аз мусибатҳое, ки ба саратон меоянд, гиряву нола кунед. 2  Сарвати шумо пӯсидааст ва либосҳоятонро куя задааст. 3  Тилло ва нуқраи шумо занг задааст ва занги онҳо бар зидди шумо шаҳодат дода, ҷисматонро хоҳад хӯрд. Он чӣ шумо ҷамъ овардед, дар рӯзҳои охир мисли оташ хоҳад буд. 4  Инак, музде, ки шумо ба ҷамъоварандагони ҳосили саҳроҳои худ надодед, фиғон мекунад ва доду фарёди даравгароне, ки мадад мепурсанд, то ба гӯши Яҳува, Худои лашкарҳо, расидааст. 5  Шумо дар рӯйи замин зиндагии дабдабанок доштед ва аз пайи айшу ишрат будед. Шумо тавре зиндагӣ мекардед, ки дилҳоятон барои рӯзи қатл равған гирифтааст. 6  Шумо росткорро маҳкум карда, куштед. Оё ӯ* ба шумо муқобилат намекунад? 7  Эй бародарон, то вақти ҳузури Ҳазратамон сабр кунед. Инак, деҳқон барои аз замин ҳосили нағз гирифтан сабр карда, борони аввалин ва охиринро интизор мешавад. 8  Ба ин монанд, шумо ҳам сабр кунед ва дилҳои худро қавӣ гардонед, зеро вақти ҳузури Ҳазратамон наздик аст. 9  Эй бародарон, аз якдигар гиламанд нашавед*, то ҳукм карда нашавед. Инак, Ҳукмкунанда назди дар аст. 10  Эй бародарон, аз пайғамбароне, ки аз номи Яҳува гап мезаданд, ибрат гиред. Онҳо сабру тоқат мекарданд ва дар озмоишҳо истодагарӣ менамуданд. 11  Ва мо онҳоеро, ки истодагарӣ мекарданд, хушбахт* меҳисобем. Шумо дар бораи истодагарии Айюб шунидаед ва дидаед, ки чӣ тавр Яҳува ӯро баракат дод. Аз рӯйи ин шумо фаҳмидед, ки Яҳува хеле меҳрубон* ва раҳмдил аст. 12  Пеш аз ҳама, эй бародаронам, минбаъд на ба осмон қасам хӯред, на ба замин ва на ба ягон чизи дигар. Аммо, барои он ки ба доварӣ дучор нашавед, бигзор «ҳа»-и шумо «ҳа» бошад ва «не»-и шумо «не». 13  Оё касе аз шумо мушкилие дораду азоб мекашад? Бигзор пайваста дуо гӯяд. Оё касе аз шумо табъи хуш дорад? Бигзор дар суруд Худоро ҳамду сано хонад. 14  Оё касе аз шумо бемор аст? Бигзор пирони ҷамъомадро даъват кунад ва онҳо ӯро ба номи Яҳува равған молида, дар ҳаққаш дуо гӯянд. 15  Дуое, ки бо имон гуфта мешавад, шахси беморро* шифо хоҳад дод ва Яҳува ӯро ба по хоҳад хезонд. Ҳатто агар ӯ гуноҳ карда бошад, ба ӯ бахшида хоҳад шуд. 16  Бинобар ин дар гуноҳҳои худ назди якдигар иқрор шавед ва дар ҳаққи якдигар дуо гӯед, то шифо ёбед. Дуое, ки шахси росткор бо зориву илтиҷо мегӯяд, қувваи бузурге дорад, зеро Худо ба он ҷавоб медиҳад. 17  Илёс низ мисли мо инсони одӣ буд, лекин, вақте ӯ аз сидқи дил дуо гуфт, ки борон наборад, се солу шаш моҳ бар замин борон наборид. 18  Сипас ӯ боз дуо гуфт ва аз осмон борон бориду замин ҳосил дод. 19  Эй бародаронам, агар ягон кас яке аз шуморо аз роҳи ростӣ дур созад ва дигаре ӯро баргардонад, 20  бидонед, ки ҳар кӣ гунаҳкорро аз роҳи хато бармегардонад, ӯро аз марг наҷот медиҳад ва гуноҳҳои зиёдро рӯпӯш мекунад.

Эзоҳҳо

Ё эҳтимол «Худо».
Дар матни аслӣ «оҳ накашед».
Ё «баракатёфта».
Ё «ҳамдард».
Ё эҳтимол «хасташударо».