Юҳанно 3:1-36

  • Исо ва Ниқӯдимус (121)

    • Дубора таваллуд шудан (38)

    • Худо ҷаҳонро дӯст дошт (16)

  • Охирин бор дар бораи Исо шаҳодат додани Яҳё (2230)

  • Касе, ки аз боло аст (3136)

3  Ниқӯдимус ном фарисие, ки яке аз роҳбарони яҳудӣ буд, 2  боре, шабона, назди Исо омада, гуфт: «Устод, мо медонем, ки ту муаллими аз ҷониби Худо фиристодашуда мебошӣ, зеро мӯъҷизаҳоеро, ки ту нишон медиҳӣ, танҳо касе ба амал оварда метавонад, ки Худо бо ӯст». 3  Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: агар кас дубора* таваллуд нашавад, Подшоҳии Худоро дида наметавонад». 4  Ниқӯдимус ба ӯ гуфт: «Чӣ тавр одаме, ки пир шудааст, метавонад дубора таваллуд шавад? Охир, ӯ бори дуюм ба батни модар даромада, аз нав таваллуд ёфта наметавонад-ку?!» 5  Исо ҷавоб дод: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: то одам аз об ва рӯҳ таваллуд нашавад, ба Подшоҳии Худо даромада наметавонад. 6  Он чӣ аз ҷисм таваллуд меёбад, ҷисм аст ва он чӣ аз рӯҳ таваллуд меёбад, рӯҳ аст. 7  Ҳайрон нашав, ки ба ту гуфтам: “Шумо бояд дубора таваллуд шавед”. 8  Шамол ба ҳар тарафе хоҳад, мевазад ва ту садои онро мешунавӣ, вале намедонӣ, ки он аз куҷо ва ба куҷо мевазад. Чунин аст ҳар касе, ки аз рӯҳ таваллуд меёбад». 9  Ниқӯдимус дар ҷавоб гуфт: «Чӣ тавр ин хел шуда метавонад?» 10  Исо ба ӯ гуфт: «Наход ту устоди Исроил шуда ин чизҳоро надонӣ? 11  Ба ростӣ, ба ростӣ ба ту мегӯям: мо он чиро, ки медонем, мегӯем ва дар бораи он чӣ дидаем, шаҳодат медиҳем, вале шумо шаҳодати моро қабул намекунед. 12  Ман дар бораи чизҳои заминӣ гуфтам, вале шумо бовар накардед, пас, агар дар бораи чизҳои осмонӣ гӯям, чӣ тавр бовар мекунед? 13  Беш аз ин, ҳеҷ кас ба осмон набаромадааст, ғайр аз касе, ки аз осмон фаромадааст, ва ин шахс Писари одам аст. 14  Ва, чуноне ки Мӯсо-пайғамбар дар биёбон мори мисинро боло бардошт, Писари одам низ бояд боло бардошта шавад, 15  то ҳар кӣ ба ӯ имон меорад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад. 16  Зеро Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи* Худро дод, то ҳар кӣ ба ӯ имон оварад, нобуд нашавад, балки соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ гардад. 17  Худо Писари Худро на барои он ба ҷаҳон фиристод, ки ӯ ҷаҳонро доварӣ кунад, балки, барои он ки ҷаҳон ба воситаи ӯ наҷот ёбад. 18  Ҳар кӣ ба ӯ имон меорад, доварӣ карда намешавад. Вале ҳар кӣ имон намеорад, аллакай доварӣ карда шудааст, зеро ӯ ба номи Писари ягонаи* Худо имон наовардааст. 19  Ва чунин аст асос барои доварӣ: нур ба ҷаҳон омад, вале одамон ба ҷойи нур торикиро дӯст доштанд, зеро корҳояшон бад буд. 20  Ҳар кӣ корҳои бад мекунад, аз нур нафрат дорад ва сӯйи он намеояд, то ки корҳояш фош нашаванд. 21  Вале ҳар кӣ дуруст рафтор мекунад, сӯйи нур меояд, то маълум шавад, ки корҳои ӯ мувофиқи хости Худоянд». 22  Пас аз ин Исо бо шогирдони худ ба маҳалҳои гирду атрофи Яҳудия рафт. Онҳо дар он ҷо якчанд вақт монда таъмид медоданд*. 23  Яҳё низ дар Энӯн, дар наздикиҳои Солим, таъмид медод, чунки дар он ҷо об бисёр буд ва мардум ба назди ӯ омада, таъмид мегирифтанд. 24  Он вақт Яҳё ҳанӯз ба зиндон партофта нашуда буд. 25  Дар он рӯзҳо шогирдони Яҳё бо яҳудие дар бораи маросими покшавӣ баҳс карданд. 26  Ва онҳо ба назди Яҳё омада, чунин гуфтанд: «Устод, нигоҳ кун, он касе, ки дар тарафи дигари Урдун бо ту буд ва ту дар борааш шаҳодат додӣ, ҳоло таъмид дода истодааст ва ҳама ба назди ӯ мераванд». 27  Яҳё дар ҷавоб гуфт: «Одам чизеро соҳиб шуда наметавонад, бе он ки ба ӯ аз осмон дода шавад. 28  Худи шумо шоҳид ҳастед, ки гуфта будам: “Ман Масеҳ нестам, балки пешопеши ӯ фиристода шудаам”. 29  Домод ҳамон касест, ки арӯс дорад. Вале дӯсти домод, вақте дар наздаш истода, суханонашро мешунавад, аз шунидани овози ӯ бисёр шод мегардад. Ба ин монанд, хурсандии ман низ ҳадду канор надорад. 30  Масеҳ бояд рӯз ба рӯз бузург шавад, вале ман хурд». 31  Он касе, ки аз боло меояд, аз ҳама болотар аст. Он кӣ аз замин аст, заминист ва дар бораи чизҳои заминӣ сухан мегӯяд. Он касе, ки аз осмон меояд, аз ҳама болотар аст. 32  Ӯ дар бораи он чӣ дидааст ва шунидааст, шаҳодат медиҳад, вале шаҳодати ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад. 33  Ҳар касе, ки шаҳодати ӯро қабул кард, мӯҳри худро бар он гузоштааст*, ки Худо ҳақ аст. 34  Он касе, ки аз тарафи Худо фиристода шудааст, суханони Худоро мегӯяд, зеро Худо рӯҳи худро ба фаровонӣ медиҳад. 35  Падар Писарро дӯст медорад ва ҳама чизро ба дасти ӯ супоридааст. 36  Ҳар касе, ки ба Писар имон меорад, ҳаёти ҷовидонаро соҳиб мегардад. Ҳар касе, ки ба Писар итоат намекунад, ҳаётро намебинад, балки ба ғазаби Худо гирифтор мешавад.

Эзоҳҳо

Ё эҳтимол «аз боло».
Яъне ягона писаре, ки бевосита Худо офаридааст.
Яъне ягона писаре, ки бевосита Худо офаридааст.
Ниг. ба луғат.
Ё «тасдиқ кардааст».