Юҳанно 20:1-31

  • Қабри холӣ (110)

  • Исоро дидани Марями Маҷдалия (1118)

  • Зоҳир шудани Исо ба шогирдон (1923)

  • Шубҳа ва сипас боварӣ ҳосил кардани Тумо (2429)

  • Мақсади навиштани ин дастхат (30, 31)

20  Дар рӯзи якуми ҳафта Марями Маҷдалия саҳарии барвақт, вақте ҳаво ҳанӯз торик буд, ба сари қабр омада, дид, ки санг аллакай аз даромади он бардошта шудааст. 2  Ӯ ба назди Шимъӯни Петрус ва шогирди дигаре, ки Исо ӯро дӯст медошт*, давида омад ва гуфт: «Онҳо ҷасади Ҳазратро аз қабр гирифта бурданд ва мо намедонем, ки онро ба куҷо гузоштанд». 3  Он гоҳ Петрус ва он шогирд ба тарафи қабр равона шуданд. 4  Ҳар дуи онҳо медавиданд, вале он шогирд аз Петрус тезтар давид ва якум шуда ба назди қабр омад. 5  Ӯ хам шуда, ба дарун нигоҳ кард ва кафани дар он ҷо афтодаро дид, вале ба даруни қабр надаромад. 6  Аз паси ӯ Шимъӯни Петрус низ расида омад. Ӯ ба қабр даромада, кафани афтодаро дид. 7  Вале рӯймоле, ки дар сари Исо буд, на бо кафан, балки алоҳида, дар як тараф меистод ва печонда шуда буд. 8  Сипас он шогирд низ, ки якум омада буд, ба дарун даромад. Ӯ низ дид ва боварӣ ҳосил кард. 9  Зеро онҳо ҳанӯз порчаи Навиштаҳои Муқаддасро, ки дар он оиди зинда шудани Исо гуфта шуда буд, намефаҳмиданд. 10  Пас аз он шогирдон ба хонаҳои худ баргаштанд. 11  Аммо Марям дар назди қабр истода, гиря мекард. Ӯ гирякунон хам шуда, ба даруни қабр нигоҳ кард 12  ва ду фариштаи сафедпӯшеро дид. Онҳо дар ҳамон ҷое менишастанд, ки пештар Исоро гузошта буданд: яке аз тарафи сар ва дигаре аз тарафи пой. 13  Фариштагон ба ӯ гуфтанд: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ?» Марям ҷавоб дод: «Онҳо ҷасади Ҳазрати маро гирифта бурданд ва ман намедонам, ки онро дар куҷо гузоштанд». 14  Пас аз гуфтани ин суханон Марям рӯяшро гардонда, Исоро дид, ки дар он ҷо меистод, вале ӯро нашинохт. 15  Исо ба вай гуфт: «Эй зан, чаро гиря мекунӣ? Ту киро мекобӣ?» Марям ӯро боғбон фикр карда гуфт: «Тақсир, агар ту ҷасади ӯро бурда бошӣ, ба ман гӯй, ки онро дар куҷо гузоштӣ ва ман онро гирифта мебарам». 16  Исо гуфт: «Марям!» Марям сӯяш нигоҳ карда, ба забони ибронӣ нидо намуд: «Раббунӣ!» (ки маънояш «Устод» аст). 17  Исо ба ӯ гуфт: «Маро сар деҳ, зеро ман ҳанӯз назди Падар боло нарафтаам. Назди бародаронам рафта, ба онҳо гӯй, ки ман назди Падари худ ва Падари шумо, назди Худои худ ва Худои шумо боло рафта истодаам». 18  Марями Маҷдалия ба назди шогирдон омад ва ба онҳо хабар дода гуфт: «Ман Ҳазратро дидам!» Ӯ ҳамчунин суханонеро, ки Исо гуфта буд, ба онҳо нақл кард. 19  Бегоҳии ҳамон рӯз, яъне рӯзи якуми ҳафта, вақте шогирдон аз тарси яҳудиён дар хонае ҷамъ омада, дарҳоро маҳкам карда буданд, Исо дар байни онҳо пайдо шуда, гуфт: «Салом!*» 20  Инро гуфта, ӯ дастҳо ва паҳлӯи худро ба онҳо нишон дод. Шогирдон аз дидани Ҳазрат шод гаштанд. 21  Исо бори дигар ба онҳо муроҷиат карда гуфт: «Салом!* Чуноне ки Падар маро фиристодааст, ман низ шуморо мефиристам». 22  Пас аз ин суханон Исо сӯйи онҳо пуф кард ва гуфт: «Рӯҳи муқаддасро қабул кунед. 23  Агар шумо гуноҳи касеро бахшед, ин маънои онро дорад, ки он аллакай бахшида шудааст, ва, агар набахшед, бахшида нашудааст». 24  Вале Тумо, ки яке аз дувоздаҳ расулон буд ва Дугоник номида мешуд, дар вақти омадани Исо ҳамроҳи шогирдон набуд. 25  Онҳо ба ӯ мегуфтанд: «Мо Ҳазратро дидем!» Вале ӯ гуфт: «То даме ки дар дастони ӯ пайи мехҳоро набинаму ангуштамро ба пайи мехҳо ва дастамро ба захми паҳлӯяш нарасонам, бовар намекунам». 26  Ҳашт рӯз пас шогирдон боз дар хона ҷамъ омаданд ва Тумо низ ҳамроҳи онҳо буд. Ва ҳарчанд дарҳо маҳкам буданд, Исо дар байни онҳо пайдо шуда, гуфт: «Салом!*» 27  Сипас ӯ ба Тумо рӯ оварда, гуфт: «Ангуштатро ба ин ҷо гузор ва дастонамро бин, дастатро ба паҳлӯям бирасон ва дигар шубҳа накун*, балки имон дошта бош». 28  Тумо дар ҷавоб гуфт: «Ҳазрати ман, Худои ман!» 29  Исо ба ӯ гуфт: «Магар барои он бовар кардӣ, ки маро дидӣ? Хушбахтанд касоне, ки надида бовар мекунанд». 30  Исо дар пеши назари шогирдон боз мӯъҷизаҳои бисёре ба амал овард, ки дар ин дастхат навишта нашудаанд. 31  Вале ин чизҳо навишта шудаанд, то шумо имон оред, ки Исо Масеҳ ва Писари Худо* аст, ва имон оварда, ба воситаи номи ӯ ҳаёт ёбед.

Эзоҳҳо

Юн. «филео». Ниг. ба луғат, ба калимаи «муҳаббат».
Дар матни аслӣ «Осоиштагӣ бар шумо бод».
Дар матни аслӣ «Осоиштагӣ бар шумо бод».
Дар матни аслӣ «Осоиштагӣ бар шумо бод».
Дар матни аслӣ «беимон набош».
Ниг. ба луғат.