Юҳанно 2:1-25

  • Тӯй дар Қоно; ба шароб табдил додани об (112)

  • Исо маъбадро тоза мекунад (1322)

  • Исо дили одамро медонад (2325)

2  Пас аз ду рӯз дар Қоно, яке аз шаҳрҳои Ҷалил, тӯйи арӯсие барпо гашт ва модари Исо дар он ҷо буд. 2  Исо ва шогирдонаш низ ба он тӯй даъват шуда буданд.  Вақте ки шароб кам монд, модари Исо ба ӯ гуфт: «Онҳо дигар шароб надоранд». 4  Вале Исо ба вай гуфт: «Чаро ману ту ғами инро хӯрем?* Вақту соати ман ҳоло нарасидааст». 5  Он гоҳ модараш ба онҳое, ки дар тӯй хизмат мекарданд, чунин гуфт: «Ҳар чӣ ӯ ба шумо гӯяд, ба ҷо оред». 6  Дар он ҷо мувофиқи расму таомули покшавии яҳудиён барои обгирӣ шаш кӯзаи сангин буд, ки ҳар кадомаш чилу чор ё шасту шаш литр* ғунҷоиш дошт. 7  Исо ба он шахсон гуфт: «Ин кӯзаҳоро аз об пур кунед». Ва онҳо кӯзаҳоро лабрез карданд. 8  Сипас ӯ гуфт: «Акнун каме аз он гирифта, ба сардори тӯй баред». Ва онҳо бурданд.  Вақте сардори тӯй оби ба шароб табдилёфтаро чашид, дар ҳоле ки аз куҷо буданашро намедонист (инро касоне медонистанд, ки обро ба сардор бурда буданд), домодро ҷеғ зада, 10  гуфт: «Ҳар кас дар аввал шароби хубро мегузорад ва пас аз маст шудани меҳмонон бадтарашро меорад. Ту бошӣ, шароби хубро то ҳол нигоҳ доштаӣ». 11  Исо ин мӯъҷизаи аввалинашро дар Қонои Ҷалил ба амал оварда ҷалоли худро нишон дод ва шогирдон ба ӯ имон оварданд. 12  Баъд аз он Исо бо модар, бародарон ва шогирдонаш ба Кафарнаҳум рафт, лекин онҳо дар он ҷо бисёр наистоданд. 13  Азбаски Иди раҳоии яҳудиён наздик мешуд, Исо роҳи Ерусалимро пеш гирифт. 14  Вақте ба маъбад* даромад, шахсонеро дид, ки гову гӯсфанду кафтар мефурӯхтанд, дар он ҷо пуливазкунандагон низ буданд. 15  Исо аз банд қамчин сохта, ҳамаи онҳоро бо гову гӯсфандонашон аз маъбад пеш кард. Ӯ тангаҳои пуливазкунандагонро пош дода, мизҳояшонро чаппа намуд. 16  Ба кафтарфурӯшон бошад, гуфт: «Инҳоро аз ин ҷо бароред! Бас аст, хонаи Падари маро ба бозор табдил надиҳед!» 17  Он гоҳ шогирдонаш ба хотир оварданд, ки навишта шудааст: «Рашк нисбати хонаи Ту маро фаро хоҳад гирифт». 18  Яҳудиён ин корашро дида ба ӯ гуфтанд: «Бо чӣ аломате исбот мекунӣ, ки ба чунин рафтор ҳақ дорӣ?» 19  Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин маъбадро вайрон кунед ва ман онро дар се рӯз аз нав бино мекунам». 20  Он гоҳ яҳудиён гуфтанд: «Ин маъбад дар давоми чилу шаш сол сохта шудааст, ту бошӣ, онро дар се рӯз бино мекунӣ?» 21  Вале Исо «маъбад» гуфта, ҷисми худро дар назар дошт. 22  Вақте ӯ аз мурдагон зинда шуд, шогирдонаш ба хотир оварданд, ки ӯ борҳо дар ин бора ба онҳо гуфта буд. Ва онҳо ба суханони навишташудаву гуфтаҳои Исо имон оварданд. 23  Вақте Исо рӯзи Иди раҳоӣ дар Ерусалим буд, мардуми бисёре мӯъҷизаҳояшро дида ба номи ӯ имон оварданд. 24  Аммо вай ба онҳо боварии пурра надошт, зеро онҳоро нағз медонист 25  ва ҳоҷат набуд, ки касе дар бораи одамон ба ӯ шаҳодат диҳад, зеро ӯ аз дили ҳар кас хабардор буд.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «Эй зан, ману ту ба ин чӣ кор дорем?» Дар он давра «эй зан» гуфта муроҷиат кардан нишонаи беҳурматӣ набуд.
Ғунҷоиши як кӯза эҳтимол ду ё се бат буд. Як бат ченакест, ки ба 22 л баробар буд.
Ниг. ба луғат.