Юҳанно 17:1-26

  • Дуои охирини Исо бо расулон (126)

    • Дониш дар бораи Худо сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад (3)

    • Масеҳиён қисми ин ҷаҳон нестанд (1416)

    • «Каломи Ту ростист» (17)

    • «Номи Туро ба онҳо шиносондам» (26)

17  Пас аз гуфтани ин суханон Исо чашмони худро сӯйи осмон боло карда, гуфт: «Эй Падар, вақту соат фаро расид. Писари Худро ҷалол деҳ, то Писарат низ Туро ҷалол диҳад. 2  Ту ба ӯ бар тамоми инсоният қудрат додаӣ, то ба ҳамаи онҳое, ки ба ӯ додаӣ, ҳаёти ҷовидонӣ бахшад. 3  Барои соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ шудан лозим аст, ки дар бораи Ту, Худои ягонаи ҳақиқӣ, ва Исои Масеҳ, ки ӯро фиристодӣ, дониш гиранд*. 4  Ман он кореро, ки ба ман супоридӣ, ба анҷом расонида, Туро дар рӯйи замин ҷалол додам. 5  Акнун бошад, эй Падар, маро назди Худ бо он ҷалоле, ки пеш аз ба вуҷуд омадани ҷаҳон* дар наздат доштам, ҷалол деҳ. 6  Ман номи Туро ба одамоне, ки аз ҷаҳон ба ман додӣ, маълум намудам*. Онҳо аз они Ту буданд ва Ту онҳоро ба ман додӣ ва онҳо каломи Туро риоя карданд. 7  Акнун онҳо фаҳмиданд, ки ҳар он чизе, ки ба ман додаӣ, аз ҷониби Туст, 8  зеро суханонеро, ки ба ман гуфта будӣ, ба онҳо расондам; онҳо ин суханонро қабул карданд ва фаҳмиданд, ки ман аз ҷониби Ту омадаам ва бовар карданд, ки Ту маро фиристодаӣ. 9  Ман аз Ту барои онҳо илтимос мекунам; ман на барои ҷаҳон, балки барои касоне илтимос мекунам, ки ба ман додаӣ, зеро онҳо аз они Туянд; 10  он чӣ аз они ман аст, аз они Туст ва он чӣ аз они Туст, аз они ман аст ва ман дар байни онҳо ҷалол ёфтаам. 11  Ман дигар дар ҷаҳон нестам, балки назди Ту омада истодаам, вале онҳо дар ҷаҳонанд. Эй Падари муқаддас, онҳоро ба хотири номи Худ, ба хотири номе, ки ба ман додаӣ, дар паноҳат нигоҳ дор, то онҳо як* бошанд, чуноне ки мо як* ҳастем. 12  Вақте бо онҳо будам, онҳоро ба хотири номи Ту, ки ба ман додаӣ, нигаҳбонӣ мекардам; ман онҳоро ҳимоя кардам ва ҳеҷ кадоми онҳо, ғайр аз писари ҳалокат, нобуд нагашт, то Навиштаҳои Муқаддас иҷро шаванд. 13  Аммо акнун назди Ту меоям ва ин суханонро ҳангоми дар ҷаҳон буданам гуфта истодаам, то онҳо хурсандиеро, ки ман дорам, ба пуррагӣ ҳис кунанд. 14  Ман каломи Туро ба онҳо расондам, вале ҷаҳон аз онҳо нафрат кард, зеро онҳо аз ин ҷаҳон нестанд, чунон ки ман аз ин ҷаҳон нестам. 15  Аз Ту илтимос намекунам, ки онҳоро аз ҷаҳон бибарӣ, балки аз Шайтон* муҳофизат кунӣ. 16  Онҳо аз ҷаҳон нестанд, чунон ки ман аз ҷаҳон нестам. 17  Онҳоро бо ростии Худ муқаддас гардон; каломи Ту ростист. 18  Чуноне ки Ту маро ба ҷаҳон фиристодӣ, ман низ онҳоро ба ҷаҳон мефиристам. 19  Ва ман худро баҳри онҳо муқаддас нигоҳ медорам, то онҳо низ ба воситаи ростӣ муқаддас гарданд. 20  Ман на танҳо барои онҳо илтимос мекунам, балки ҳамчунин барои касоне, ки ба воситаи суханони онҳо ба ман имон меоранд; 21  то ҳамаи онҳо як бошанд, чуноне ки Ту, эй Падар, бо ман ва ман бо Ту дар ягонагӣ ҳастем, то онҳо низ бо мо дар ягонагӣ бошанд ва ҷаҳон бовар кунад, ки Ту маро фиристодаӣ. 22  Ҷалолеро, ки Ту ба ман додаӣ, ба онҳо додаам, то онҳо як бошанд, чуноне ки мо як ҳастем. 23  Ман бо онҳо дар ягонагӣ ҳастам ва Ту бо ман дар ягонагӣ ҳастӣ, то ки онҳо низ комилан як бошанд ва ҷаҳон бидонад, ки Ту маро фиристодаӣ ва онҳоро дӯст доштаӣ, чуноне ки маро дӯст доштаӣ. 24  Эй Падар, мехоҳам, то касони ба ман додаат дар он ҷое, ки ман ҳастам, бо ман бошанд ва ҷалолеро, ки ба ман ато намудаӣ, бубинанд, зеро Ту маро пеш аз пайдоиши ҷаҳон* дӯст доштаӣ. 25  Эй Падари одил, ҷаҳон Туро нашинохт, вале ман Туро мешиносам ва онҳо фаҳмиданд, ки Ту маро фиристодаӣ. 26  Ман номи Туро ба онҳо шиносондам ва боз хоҳам шиносонид, то он муҳаббате, ки Ту ба ман дорӣ, дар онҳо бошад ва ман бо онҳо дар ягонагӣ бошам».

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «Туро, Худои ягонаи ҳақиқиро, ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд».
Яъне пеш аз фарзанддор шудани Одаму Ҳавво.
Ё «шиносонидам».
Ё «дар ягонагӣ».
Ё «дар ягонагӣ».
Дар матни аслӣ «бадкор».
Яъне пеш аз фарзанддор шудани Одаму Ҳавво.