Юҳанно 12:1-50

  • Марям ба пойҳои Исо равған мерезад (111)

  • Ба Ерусалим даромадани Исо (1219)

  • Исо маргашро пешгӯйӣ мекунад (2037)

  • Беимонии яҳудиён пешгӯйӣ шуда буд (3843)

  • Исо барои наҷот додани ҷаҳон омад (4450)

12  Шаш рӯз пеш аз Иди раҳоӣ Исо ба Байт-Ҳинӣ омад. Лаъзор, ки Исо ӯро аз мурдагон зинда карда буд, дар ҳамон деҳа мезист. 2  Дар он ҷо барои Исо хӯроки шом тайёр карданд. Марто ба меҳмонон хизмат мекард ва Лаъзор дар байни касоне буд, ки ҳамроҳи Исо дар сари дастархон нишаста буданд. 3  Он гоҳ Марям тахминан сесад грамм равғани тозаи хушбӯй ва қиматбаҳоеро, ки аз нардсунбул тайёр шуда буд, гирифта, ба пойҳои Исо рехт ва бо мӯйҳояш хушконид. Ва бӯйи равғани атрафшон хонаро пур кард. 4  Вале яке аз шогирдон, Яҳудои Исқарют, ки ба ӯ хиёнат карданӣ буд, гуфт: 5  «Магар беҳтар набуд, ки ин равғани хушбӯйро ба сесад динор* фурӯхта, пулашро ба камбағалон тақсим кунем?» 6  Ӯ ин суханонро на аз барои он гуфт, ки ғами камбағалонро мехӯрд, балки, барои он ки дузд буд: қуттии пул дар дасти вай буд ва ӯ аз пулҳое, ки ба он меандохтанд, медуздид. 7  Исо бошад, гуфт: «Ба вай кордор нашав, мон, ки ин маросимро ба ҷо оварда маро барои рӯзи дафнам тайёр кунад. 8  Зеро камбағалон ҳама вақт бо шумо хоҳанд буд, лекин ман на ҳама вақт бо шумо ҳастам». 9  Дар ин миён яҳудиёни бисёре дар он ҷо будани Исоро фаҳмида омаданд, то на танҳо Исо, балки Лаъзорро низ, ки ӯ аз мурдагон зинда карда буд, бинанд. 10  Он гоҳ коҳинони калон маслиҳат карданд, ки Лаъзорро низ кушанд, 11  зеро бисёри яҳудиён маҳз аз сабаби ӯ ба он ҷо мерафтанд ва ба Исо имон меоварданд. 12  Рӯзи дигар мардуми бисёре, ки ба ид омада буданд, фаҳмиданд, ки Исо ба Ерусалим омада истодааст. 13  Онҳо шохаҳои нахл дар даст ба пешвози ӯ баромада, чунин хитоб мекарданд: «Худоё, аз Ту илтиҷо мекунем, ӯро дар паноҳат нигоҳ дор! Баракат ёбад шахсе, ки ба номи Яҳува меояд! Баракат ёбад Подшоҳи Исроил!» 14  Ва Исо курраеро ёфта, бар он нишаст, ки ин мувофиқи суханони зерини навишташуда буд: 15  «Натарс, эй духтари Сион! Инак, подшоҳи ту бар куррае савор шуда меояд». 16  Шогирдонаш дар аввал ба ҳамаи ин сарфаҳм нарафтанд, лекин, вақте Исо ҷалол ёфт, онҳо ба хотир оварданд, ки ин чизҳо дар бораи ӯ навишта шуда буданд ва бо ӯ ҳамин тавр ҳам рӯй дод. 17  Одамоне, ки Исо дар пеши чашмашон Лаъзорро аз қабр ҷеғ зада, зинда карда буд, дар бораи чизи дидаашон шаҳодат медоданд. 18  Аз ин сабаб низ мардум ба пешвози ӯ баромаданд, зеро шунида буданд, ки ӯ ин мӯъҷизаро ба амал овардааст. 19  Фарисиён бошанд, ба якдигар мегуфтанд: «Оё намебинед, ки аз дастамон чизе намеояд?! Инак, тамоми ҷаҳон аз пайи ӯ меравад». 20  Дар байни касоне, ки барои ибодат ба ид омада буданд, юнониҳо низ буданд. 21  Онҳо ба назди Филиппус, ки аз шаҳри Байт-Сайдои Ҷалил буд, омада, чунин хоҳиш карданд: «Тақсир, мо мехоҳем Исоро бинем». 22  Филиппус рафта, инро ба Андриёс гуфт ва сипас ҳар дуи онҳо дар ин бора ба Исо гуфтанд. 23  Исо ба шогирдонаш чунин гуфт: «Вақти он расидааст, ки Писари одам ҷалол ёбад. 24  Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар донаи гандум ба замин афтода намирад, танҳо худаш мемонад, вале, агар бимирад, ҳосили фаровон меорад. 25  Ҳар кӣ ҷони худро азиз дорад, онро барбод медиҳад, вале ҳар кӣ дар ин ҷаҳон аз ҷони худ нафрат кунад, онро барои ҳаёти ҷовидонӣ нигоҳ медорад. 26  Ҳар касе, ки ба ман хизмат кардан хоҳад, бигзор маро пайравӣ намояд ва ҳар ҷое, ки ман бошам, хизматгори ман низ ҳамон ҷо хоҳад буд. Ҳар касе, ки ба ман хизмат кунад, Падар ӯро иззат хоҳад кард. 27  Ҳоло ман дар изтироб ҳастам. Чӣ гӯям? Эй Падар, маро аз он чӣ дар пеш аст*, наҷот деҳ. Аммо ман маҳз барои ҳамин омадаам. 28  Эй Падар, номи Худро ҷалол деҳ». Он гоҳ садое аз осмон омад: «Ҷалол додаам ва боз ҷалол хоҳам дод». 29  Мардуме, ки дар он ҷо истода буданд, инро шунида гуфтанд, ки ин ғурриши раъд буд. Баъзеҳо бошанд, чунин мегуфтанд: «Бо ӯ фариштае гап зад». 30  Исо дар ҷавоб гуфт: «Ин садо на барои ман, балки барои шумо буд. 31  Вақти доварӣ кардани ин ҷаҳон расидааст, акнун ҳокими ин ҷаҳон ронда хоҳад шуд. 32  Вале, вақте ман аз замин боло бардошта мешавам*, ҳар гуна одамонро назди худ ҷалб мекунам». 33  Ӯ инро барои он гуфт, то нишон диҳад, ки чӣ тавр хоҳад мурд. 34  Он гоҳ мардум гуфтанд: «Мо аз Таврот шунидаем, ки Масеҳ то абад мемонад. Чӣ тавр ту мегӯӣ, ки Писари одам бояд боло бардошта шавад? Писари одам кист?» 35  Исо ба онҳо гуфт: «Нур боз муддати кӯтоҳе дар миёни шумо хоҳад буд. То даме ки равшанӣ доред, дар он роҳ равед, то ки торикӣ шуморо фаро нагирад. Ҳар кӣ дар торикӣ роҳ меравад, намедонад, ки ба куҷо рафта истодааст. 36  То даме ки нур бо шумост, ба он имон оред, то писарони нур шавед». Исо ин суханонро гуфта, аз он ҷо рафт ва пинҳон шуд. 37  Ва нигоҳ накарда ба он ки ӯ дар пеши назарашон мӯъҷизаҳои зиёде ба амал оварда буд, онҳо ба ӯ имон наоварданд, 38  то сухани Ишаъё-пайғамбар ба амал ояд, ки гуфта буд: «Эй Яҳува, кӣ ба суханони мо* имон овардааст? Ва қудрати* Яҳува ба кӣ ошкор гаштааст?» 39  Сабаби бовар накардани онҳоро низ Ишаъё-пайғамбар гуфта буд: 40  «Ӯ чашмони онҳоро кӯр кардааст ва дилҳои онҳоро сахт гардонидааст, то бо чашмонашон набинанд, бо дилҳояшон нафаҳманд ва сӯйи Ман барнагарданду аз Ман шифо наёбанд». 41  Ишаъё ин суханонро барои он гуфт, ки ҷалоли Масеҳро дида буд ва дар бораи ӯ гап зада буд. 42  Бо вуҷуди ин бисёре аз роҳбарон ба ӯ имон оварданд, лекин аз тарси фарисиён инро ошкоро эътироф намекарданд, то аз ибодатгоҳ ронда нашаванд, 43  зеро ҷалоли одамонро аз ҷалоли Худо бештар дӯст медоштанд. 44  Вале Исо бо овози баланд гуфт: «Ҳар кӣ ба ман имон меорад, на танҳо ба ман, балки ҳамчунин ба Фиристандаи ман имон меорад 45  ва ҳар кӣ маро мебинад, Фиристандаи маро низ мебинад. 46  Ман ҳамчун нур ба ҷаҳон омадам, то ҳар кӣ ба ман имон орад, дар торикӣ намонад. 47  Вале, агар касе суханони маро шунаваду риоя накунад, ман ӯро ҳукм намекунам, зеро на барои ҳукм кардани ҷаҳон омадаам, балки барои наҷот додани он. 48  Барои касе, ки маро ҳурмат намекунаду суханонамро қабул наменамояд, доваре ҳаст. Сухане, ки ман гуфтаам, ӯро дар рӯзи охирин доварӣ хоҳад кард. 49  Зеро ман аз пеши худ сухан нагуфтаам, балки Падаре, ки маро фиристодааст, ба ман амр дод, ки маҳз чиро бояд гӯям. 50  Ва ман медонам, ки амри Ӯ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ мебарад. Пас, ҳар чизе, ки мегӯям, ҳамон аст, ки Падар фармудааст».

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «аз ин соат».
Ин ҷо дар сутун ба қатл расонидан дар назар дошта шудааст.
Дар матни аслӣ «чизҳое, ки аз мо шунид».
Дар матни аслӣ «дасти».