Юҳанно 1:1-51

  • Калом ҷисм шуд (118)

  • Ҷавоби Яҳёи Таъмиддиҳанда ба фиристодагони фарисиён (1928)

  • Исо — Барраи Худо (2934)

  • Шогирдони аввалини Исо (3542)

  • Филиппус ва Натанъил (4351)

1  Дар аввал Калом буд ва Калом бо Худо буд ва Калом илоҳӣ* буд. 2  Ӯ дар аввал бо Худо буд. 3  Ҳама чиз ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад ва бе ӯ ҳеҷ чиз ба вуҷуд наомад. 4  Ба воситаи ӯ ҳаёт ба вуҷуд омад ва ҳаёти ӯ барои одамон нур буд. 5  Нур дар торикӣ медурахшад, вале торикӣ бар он ғолиб намеояд. 6  Шахсе ба миён омад, ки аз тарафи Худо фиристода шуда буд, ва ӯ Яҳё ном дошт. 7  Ӯ ҳамчун шоҳид омад, то дар бораи нур шаҳодат диҳад ва ба воситаи ӯ ҳар гуна одамон имон оранд. 8  Худи ӯ нур набуд, балки барои он омад, ки дар бораи нур шаҳодат диҳад. 9  Нури ҳақиқие, ки ба ҳар гуна одамон равшанӣ медиҳад, бояд ба ҷаҳон меомад. 10  Ӯ дар ҷаҳон буд ва ҷаҳон ба воситаи ӯ ба вуҷуд омад, вале ҷаҳон ӯро нашинохт. 11  Ӯ ба назди халқи худ омад, вале онҳо ӯро қабул накарданд. 12  Аммо ба ҳамаи онҳое, ки ӯро қабул карданд, ӯ ҳуқуқ дод, ки фарзандони Худо шаванд, зеро онҳо ба номи ӯ имон оварданд. 13  Онҳо на аз ҷисму хун ё на бо хости падари инсонӣ, балки мувофиқи хости Худо ба дунё омаданд. 14  Калом ҷисм гардид ва дар миёни мо зиндагӣ кард ва мо ҷалоли ӯро дидем — ҷалолеро, ки писари ягона* аз падари худ ёфтааст. Ӯ пур аз лутфу марҳамати илоҳӣ ва ростӣ буд. 15  (Яҳё дар бораи ӯ шаҳодат медод ва бо овози баланд чунин мегуфт: «Ин ҳамон касест, ки дар борааш гуфтаам: “Шахсе, ки аз паси ман меояд, аз ман бузургтар гашт, зеро ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт”».) 16  Азбаски ӯ аз лутфу марҳамат пур буд, ҳамаи мо аз ин лутфу марҳамат ба таври фаровон баҳравар гаштем. 17  Зеро Шариат ба воситаи Мӯсо дода шуд, аммо лутфу марҳамат ва ростӣ ба воситаи Исои Масеҳ. 18  Касе ҳаргиз Худоро надидааст, вале писари ягонае*, ки дар паҳлӯи* Падар аст, Ӯро ба мо ошкор кард. 19  Яҳудиён коҳинон* ва левизодагонро аз Ерусалим назди Яҳё фиристоданд, то аз ӯ пурсанд: «Ту кистӣ?» 20  Ӯ аз ҷавоб рӯ натофта рӯирост гуфт: «Ман Масеҳ нестам». 21  Он гоҳ онҳо аз ӯ пурсиданд: «Пас, ту кистӣ? Оё Илёсӣ?» Ӯ гуфт: «Не». Боз пурсиданд: «Шояд ҳамон пайғамбаре ҳастӣ, ки дар борааш пешгӯйӣ шуда буд?» Ӯ ҷавоб дод: «Не!» 22  Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Набошад, ту кистӣ? Ба мо бигӯ, то ба онҳое, ки моро фиристоданд, ҷавоб диҳем. Ту дар бораи худат чӣ мегӯӣ?» 23  Яҳё ҷавоб дод: «Ман, чи тавре ки Ишаъё-пайғамбар гуфта буд, касе ҳастам, ки дар биёбон чунин нидо мекунад: “Роҳро барои Яҳува ҳамвор намоед”». 24  Он шахсонро фарисиён* фиристода буданд. 25  Ва онҳо боз аз ӯ пурсиданд: «Агар ту Масеҳ, Илёс ё пайғамбари пешгӯйишуда набошӣ, пас, барои чӣ мардумро таъмид медиҳӣ* 26  Яҳё дар ҷавоби онҳо гуфт: «Ман дар об таъмид медиҳам, аммо дар байнатон касе ҳаст, ки шумо ӯро намешиносед. 27  Ӯ касест, ки аз паси ман меояд ва ман ҳатто сазовори он нестам, ки банди пойафзоли ӯро кушоям». 28  Ҳамаи ин дар Байт-Ҳинӣ*, дар он тарафи Урдун, ки Яҳё он ҷо таъмид медод, ба амал омад. 29  Рӯзи дигар Яҳё Исоро дид, ки ба тарафи ӯ меомад, ва чунин гуфт: «Ана Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро бартараф мекунад! 30  Ин ҳамон касест, ки дар борааш гуфтаам: “Аз паси ман касе меояд, ки аз ман бузургтар гашт, зеро ӯ пеш аз ман вуҷуд дошт”. 31  Худи ман низ ӯро намешинохтам, лекин барои он омада, дар об таъмид медиҳам, ки ӯ ба Исроил маълум гардад». 32  Яҳё боз чунин шаҳодат дод: «Ман дидам, ки рӯҳи муқаддас чун кабӯтаре аз осмон фаромада, бар ӯ қарор гирифт. 33  Ман ҳам ӯро намешинохтам, аммо Оне, ки маро барои дар об таъмид додан фиристод, чунин гуфта буд: “Бар касе, ки рӯҳ фаромада, қарор гирад, ӯ ҳамонест, ки бо рӯҳи муқаддас таъмид медиҳад”. 34  Ва ман инро дидаму шаҳодат додам, ки ӯ Писари Худост*». 35  Рӯзи дигар Яҳё бо ду шогирди худ боз дар ҳамон ҷо меистод 36  ва, вақте аз он ҷо гузаштани Исоро дид, чунин гуфт: «Ин аст Барраи Худо!» 37  Он ду шогирд суханони ӯро шунида аз пайи Исо равона шуданд. 38  Вақте Исо ба ақибаш нигоҳ карда, дид, ки онҳо аз паси ӯ меоянд, ба онҳо гуфт: «Ба шумо чӣ лозим аст?» Онҳо гуфтанд: «Раббӣ, ту дар кадом хона истодаӣ?» (Маънои калимаи “Раббӣ” “Устод” аст.) 39  Вай ба онҳо гуфт: «Рафтем, мебинед». Вақте бо вай рафта, дар куҷо истоданашро диданд, соат тахминан чори бегоҳ* буд ва онҳо ҳамон рӯз бо ӯ монданд. 40  Яке аз онҳое, ки суханони Яҳёро шунида аз пайи Исо рафт, Андриёс, бародари Шимъӯни Петрус, буд. 41  Аввал ӯ бародари худ Шимъӯнро ёфта, гуфт: «Мо Масеҳро ёфтем». (Маънои калимаи «Масеҳ» «тадҳиншуда» мебошад.) 42  Андриёс ӯро назди Исо овард. Исо ба ӯ рӯ оварда, гуфт: «Ту Шимъӯн, писари Юҳанно ҳастӣ. Акнун ту Кифо номида мешавӣ». (Ба забони юнонӣ «Петрус*».) 43  Рӯзи дигар Исо ба Ҷалил рафтанӣ шуд ва Филиппусро ёфта, гуфт: «Биё ва маро пайравӣ кун». 44  Филиппус ҳам мисли Андриёс ва Петрус аз шаҳри Байт-Сайдо буд. 45  Ӯ Натанъилро ёфта, гуфт: «Мо он касеро ёфтем, ки дар Тавроти Мӯсо ва Навиштаҳои пайғамбарон дар борааш гуфта шудааст: ӯ — Исо, писари Юсуф аст, ки аз Носира мебошад». 46  Вале Натанъил ба ӯ гуфт: «Магар аз Носира ягон чизи хуб баромада метавонад?» Филиппус ҷавоб дод: «Биё ва худат мебинӣ». 47  Вақте Исо дид, ки Натанъил ба наздаш меояд, дар ҳаққи ӯ гуфт: «Ана исроилии ҳақиқӣ, ки дар дил макре надорад». 48  Натанъил аз ӯ пурсид: «Ту маро аз куҷо медонӣ?» Исо ҷавоб дод: «Пеш аз он ки Филиппус туро даъват кунад, вақте зери дарахти анҷир нишаста будӣ, ман туро дидам». 49  Он гоҳ Натанъил гуфт: «Эй Устод, ту Писари Худоӣ*, ту Подшоҳи Исроил ҳастӣ». 50  Исо дар ҷавоб гуфт: «Оё барои он имон овардӣ, ки “туро зери дарахти анҷир дидам” гуфтам? Ту чизҳои аз ин бузургтарро хоҳӣ дид». 51  Ва боз илова намуд: «Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: осмони кушода ва фариштагони Худоро хоҳед дид, ки он ҷо мебароянд ва назди Писари одам мефароянд».

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «худое».
Яъне ягона писаре, ки бевосита Худо офаридааст.
Яъне ягона писаре, ки бевосита Худо офаридааст.
Дар матни аслӣ «сандуқи синаи». Чунин мавқеъ ба доштани муносибатҳои наздик ишора мекунад.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
На он Байт-Ҳиние, ки дар наздикии Ерусалим ҷойгир аст.
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «тақрибан соати даҳум [пас аз баромадани офтоб]».
«Кифо» ё «Петрус» маънои «кӯҳпора»-ро дорад.
Ниг. ба луғат.