Эфсӯсиён 2:1-22

  • Бо Масеҳ зинда шудаед (110)

  • Барҳам додани девори байни ду гурӯҳ (1122)

2  Беш аз ин, Худо шуморо, ки аз сабаби хатоҳо ва гуноҳҳои худ мурда будед, зинда кард. 2  Дар гузашта шумо монанди одамони ин ҷаҳон* зиндагӣ мекардед, мувофиқи хости ҳокими он ҳавое, ки бар одамон ҳукмфармост, яъне рӯҳе, ки ҳоло дар шахсони беитоат амал мекунад. 3  Бале, ҳамаи мо низ монанди онҳо як вақте аз рӯйи хоҳиши ҷисм рафтор карда, ҳавасҳои ҷисм ва фикрҳои худро ба амал меовардем ва аз вақти таваллуд мисли дигарон сазовори ғазаби Худо* будем. 4  Аммо Худо, ки пур аз раҳм аст, ба хотири муҳаббати бузурге, ки ба мо дорад, 5  ҳатто ҳангоме ки дар хатоҳои худ мурда будем, моро бо Масеҳ зинда гардонд, бале, шумо ба туфайли лутфу марҳамат наҷот ёфтед. 6  Беш аз ин, Худо моро, ки бо Исои Масеҳ дар ягонагӣ ҳастем, бо ӯ зинда карда, дар осмон шинонд, 7  то ба воситаи некӯии* Худ, ки нисбати мо, пайравони Исои Масеҳ, зоҳир карда мешавад, дар замонҳои оянда* лутфу марҳамати бениҳоят фаровони Худро нишон диҳад. 8  Бо ин лутфу марҳамат шумо ба воситаи имон наҷот ёфтед ва ин дар ивази кӯшишҳои шумо нест, балки атои Худост. 9  Бале, ин натиҷаи кори шумо нест, то ҳеҷ кас барои фахр кардан асос надошта бошад. 10  Мо амали дасти Худо ҳастем ва дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ барои корҳои нек офарида шудаем, барои корҳое, ки Худо пешакӣ муайян кардааст, то онҳоро ба ҷо орем. 11  Бинобар ин дар хотир доред: касоне, ки «хатнашуда» номида мешаванд, як вақте шуморо, ки мувофиқи ҷисм аз халқҳои дигар ҳастед, «хатнанашуда» меномиданд, гарчанд хатнаи онҳо ҷисмонӣ буда, бо дасти одам ба ҷо оварда шудааст. 12  Шумо дар он замон бе Масеҳ, аз ҷамоати Исроил ҷудо, бо аҳдҳое, ки ваъдаро дар бар мегирифтанд, ношинос, дар ҷаҳон бе умед ва аз Худо бехабар будед. 13  Лекин акнун бо Исои Масеҳ дар ягонагӣ ҳастед ва шумо, ки замоне аз Худо дур будед, ба воситаи хуни ӯ ба Худо наздик шудед. 14  Зеро Масеҳ сулҳу осоиштагии мост, касест, ки ду гурӯҳро як сохта, девори байни онҳоро барҳам дод. 15  Ӯ бо ҷисми худ сабаби душманӣ, яъне Шариатро, ки аз амру фармонҳо иборат буд, аз байн бурд, то дар ягонагӣ бо худ аз ду гурӯҳ як шахси навро офарад, сулҳу осоиштагиро ба миён орад 16  ва ба воситаи сутуни азобу шиканҷа* ҳар ду халқро дар як ҷисм бо Худо пурра оштӣ диҳад, зеро ӯ бо марги худ душманиро аз миён бардошт. 17  Ӯ омада, хушхабари осоиштагиро ҳам ба шумо, ки аз Худо дур будед, ва ҳам ба касоне, ки ба Ӯ наздик буданд, эълон кард, 18  зеро мо, яъне ҳар ду халқ, ба воситаи ӯ бо як рӯҳ метавонем ба Падар наздик шавем. 19  Пас, шумо дигар ғариб ва бегона нестед, балки ҳамватани муқаддасонед ва аҳли хонаводаи Худо мебошед. 20  Шумо бар таҳкурсии расулону пайғамбарон сохта шудаед, ки санги асосии гӯшаи он Исои Масеҳ мебошад. 21  Тамоми ин бино, ки бо ҳам хеле хуб пайваст аст, дар ягонагӣ бо ӯ рафта-рафта барои Яҳува ба маъбади муқаддас табдил меёбад. 22  Шумо низ дар ягонагӣ бо ӯ биное мегардед, ки Худо дар он бо рӯҳ сокин хоҳад буд.

Эзоҳҳо

Ё «замона». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «фарзандони ғазаб».
Ё «илтифоти».
Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».
Ниг. ба луғат.