Титус 1:1-16

  • Сарсухан (14)

  • Титус бояд дар Крит пиронро таъйин намояд (59)

  • Касони саркашро танбеҳ деҳ (1016)

1  Ман, Павлус — ғуломи Худо ва расули Исои Масеҳ, ки ин номаро менависам, хизмати худро мувофиқи имони интихобшудагони Худо ва дониши аниқи ростӣ ба ҷо меорам. Ин дониш худотарсиро дар бар гирифта, 2  бар умед ба ҳаёти ҷовидонӣ асос меёбад ва чунин ҳаётро Худо, ки наметавонад дурӯғ гӯяд, аз замони қадим ваъда дода буд. 3  Баъдтар Ӯ дар вақти муқарраршуда ба воситаи расондани хушхабар, ки мувофиқи амри Наҷотдиҳандаамон Худо ба ман супурда шудааст, каломашро маълум сохт. 4  Ман ин номаро ба Титус, ки фарзанди ҳаққонӣ ва ҳамимони ман аст, менависам: Бигзор лутфу марҳамат ва сулҳу осоиштагии Падарамон Худо ва Наҷотдиҳандаамон Исои Масеҳ бо ту бошад. 5  Туро, эй Титус, барои он дар ҷазираи Крит мондам, ки камбудиҳоро ислоҳ кунӣ ва мувофиқи дастуроте, ки аз ман гирифтӣ, дар ҳар шаҳр пиронро таъйин намоӣ. 6  Мардонеро чун пирон таъйин кун, ки дар онҳо айбе ёфт нашавад, соҳиби як зан бошанд ва фарзандони имондоре дошта бошанд, ки онҳоро чун дӯстдори айшу ишрат ё чун саркаш нашиносанд. 7  Зеро нозир чун идоракунандае, ки аз тарафи Худо таъйин шудааст, бояд беайб бошад, ӯ набояд худсар, бадхашм ва бадмаст бошад, набояд ба касе даст бардорад* ё бо чашмгуруснагӣ фоидаи худро ҷӯяд, 8  балки меҳмоннавоз, дӯстдори некӣ, солимфикр, росткор ва содиқ бошад, худдорӣ карда тавонад, 9  дар тарзи таълимдиҳии худ ба суханони боваринок бичаспад, то дигаронро дар асоси таълимоти дуруст* насиҳат* кунад ва касони ба он зидро танбеҳ диҳад. 10  Зеро касони саркаш, сафсатагӯй ва фиребгар зиёданд ва онҳо асосан касоне мебошанд, ки якравона хатнаро тарафдорӣ мекунанд. 11  Даҳони ин хел одамонро бастан лозим аст, чунки маҳз ҳамин касон барои бо фиреб ба даст овардани фоида чизҳои нодаркорро таълим медиҳанд ва ҳамин тавр имони оилаҳоро нобуд мекунанд. 12  Дар бораи онҳо яке аз пайғамбаронашон низ гуфтааст: «Сокинони Крит ҳамеша дурӯғ мегӯянд, онҳо даррандагони бераҳм ва шикампарастони бекорхӯҷаанд». 13  Ин шаҳодат ҳақ асту рост. Ба ин сабаб минбаъд низ онҳоро бо сахтгирӣ танбеҳ деҳ, то дар имон солим бошанд 14  ва ба қиссаҳои яҳудиён ва амрҳои одамоне, ки аз дониши ростӣ дур шудаанд, аҳамият надиҳанд. 15  Барои касони пок ҳама чиз пок аст, вале барои касоне, ки нопок ва беимонанд, ягон чиз пок нест, зеро ҳам ақл ва ҳам виҷдонашон нопок гаштааст. 16  Онҳо дар пеши ҳама «Худоро мешиносем» мегӯянду лекин бо корҳои худ Ӯро рад мекунанд, чунки касони нафратовару беитоатанд ва ба кардани ягон амали хуб кор намеоянд.

Эзоҳҳо

Ё «бо гапҳояш дигаронро озор диҳад».
Ё «солим; фоиданок».
Ё «рӯҳбаланд; ҳавасманд».