Румиён 8:1-39

  • Ҳаёт ва озодӣ ба воситаи рӯҳ (111)

  • Рӯҳи писархондӣ шаҳодат медиҳад (1217)

  • Офаридаҳо интизори озодии фарзандони Худоянд (1825)

  • «Рӯҳ ба ҷойи мо зориву илтиҷо мекунад» (26, 27)

  • Пешакӣ муайян кардани Худо (2830)

  • Ба воситаи муҳаббати Худо ғолиб меоем (3139)

8  Барои ҳамин онҳое, ки бо Исои Масеҳ дар ягонагӣ мебошанд, аз маҳкумият озоданд. 2  Қонуни рӯҳ, ки дар ягонагӣ бо Исои Масеҳ ҳаёт мебахшад, шуморо аз қонуни гуноҳ ва марг озод кардааст. 3  Он чизеро, ки Шариат ба сабаби нокомилии инсонӣ ба ҷо оварда натавонист, Худо ба ҷо овард. Ӯ, ки барои бартараф кардани гуноҳ Писарашро ба сурати ҷисми гунаҳкор ба замин фиристод, гуноҳро дар ҷисм маҳкум кард, 4  то мо, ки мувофиқи ҷисм неву мувофиқи рӯҳ рафтор мекунем, талаботи барҳақи Шариатро иҷро намоем. 5  Онҳое, ки мувофиқи ҷисм зиндагӣ мекунанд, ҳамеша дар фикри чизҳои ҷисмонианд, вале онҳое, ки мувофиқи рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар фикри чизҳои рӯҳонӣ. 6  Оқибати фикрҳои ҷисмонӣ марг аст, оқибати фикрҳои рӯҳонӣ бошад, ҳаёт ва сулҳу осоиштагӣ. 7  Фикрҳои ҷисмонӣ душманӣ бо Худост, чунки ҷисм ба шариати Худо тобеъ нест ва тобеъ ҳам буда наметавонад. 8  Аз ин рӯ онҳое, ки мувофиқи ҷисм зиндагӣ мекунанд, ба Худо писанд омада наметавонанд. 9  Лекин, агар рӯҳи Худо ҳақиқатан дар шумо сокин бошад, шумо на мувофиқи ҷисм, балки мувофиқи рӯҳ зиндагӣ мекунед. Вале, агар касе рӯҳи Масеҳро надошта бошад, чунин шахс ба ӯ тааллуқ надорад. 10  Агар Масеҳ бо шумо дар ягонагӣ бошад, бо вуҷуди он ки ҷисматон аз сабаби гуноҳ мурда аст, рӯҳ ба шумо дар асоси росткор эълон шуданатон ҳаёт мебахшад. 11  Агар рӯҳи Худо, ки Исоро аз мурдагон бархезонид, дар шумо сокин бошад, пас, Оне, ки Исои Масеҳро аз мурдагон бархезонид, ҷисмҳои мирандаи шуморо низ бо рӯҳаш зинда хоҳад кард. 12  Ҳамин тавр, эй бародарон, мо набояд ба ҷисм итоат кунем ва хоҳишҳои онро ба ҷо орем, 13  зеро, агар шумо мувофиқи ҷисм зиндагӣ кунед, ҳатман хоҳед мурд, аммо, агар корҳои ҷисмро бо рӯҳ бикушед, хоҳед зист. 14  Ҳамаи онҳое, ки мувофиқи рӯҳи Худо рафтор мекунанд, дар ҳақиқат писарони Худо мебошанд. 15  Шумо рӯҳи ғуломиро нагирифтаед, то боз ҳаросон шавед, балки рӯҳи писархондиро, ки ба воситааш чунин нидо мекунем: «Аббо*, Падар!» 16  Худи ин рӯҳ дар якҷоягӣ бо рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худоем. 17  Агар фарзандони Худо бошем, пас, ворисон низ ҳастем — ворисони Худо ва ҳамирсони Масеҳ, ба шарте ки бо ӯ азобу уқубат кашем, то ҳамчунин бо ӯ ҷалол ёбем. 18  Ман фикр мекунам, ки азобу уқубатҳое, ки мо ҳоло аз сар гузаронида истодаем, дар пеши ҷалоле, ки дар мо зоҳир хоҳад шуд, ҳеҷ аст. 19  Ва офаридаҳо бесаброна интизори зоҳиршавии писарони Худоянд. 20  Охир, офаридаҳо тобеи беҳудагӣ гаштаанд, аммо на бо ихтиёри худ, балки бо хости Оне, ки онҳоро ба ин тобеъ кардааст, бо умеди он ки 21  худи офаридаҳо низ аз ғуломии нобудшавӣ озод шаванд ва чун фарзандони Худо озодии пурҷалолро соҳиб гарданд. 22  Мо медонем, ки тамоми офаридаҳо то имрӯз дар якҷоягӣ оҳу нола мекунанд ва азоб мекашанд. 23  Илова бар ин, худи мо низ, ки ҳиссаи* аввалини мероси худ, яъне рӯҳро соҳиб шудаем, дарунакӣ оҳу нола мекунем ва бесаброна интизори онем, ки Худо моро ба воситаи фидия* аз ҷисмамон озод карда, ба писархондӣ қабул намояд. 24  Мо ин умедро дар хотир дошта, наҷот ёфтаем; лекин умед ба он чӣ аллакай амалӣ гаштааст, умед нест, зеро, вақте ки шахс амалӣ гаштани чизеро мебинад, магар боз ҳам ба он умед мебандад? 25  Лекин, агар ба он чӣ ҳоло амалӣ нагаштааст, умед бандем, минбаъд низ истодагарӣ карда, бесаброна онро интизор хоҳем шуд. 26  Инчунин рӯҳ низ ба мо дар сустиҳоямон ёрӣ дода метавонад. Баъзан, вақте ки ба дуогӯйӣ эҳтиёҷ дорем, дар бораи чӣ дуо гуфтанамонро намедонем. Дар чунин мавридҳо мо дарди дили худро баён карда натавонем ҳам, худи рӯҳ ба ҷойи мо зориву илтиҷо мекунад. 27  Лекин Тафтишкунандаи дилҳо медонад, ки рӯҳ чиро дар назар дорад, зеро он барои муқаддасон мувофиқи хости Худо зориву илтиҷо мекунад. 28  Мо медонем, ки Худо тамоми корҳояшро тавре ба анҷом мерасонад, ки ба фоидаи дӯстдорони Ӯ бошад, ба фоидаи шахсоне, ки мувофиқи нияташ даъват шудаанд, 29  зеро Ӯ пешакӣ муайян кардааст, ки шахсоне, ки аз аввал ба онҳо диққати махсус зоҳир кард, монанди Писараш хоҳанд буд, то вай дар миёни бародарони зиёди худ нахустзода бошад. 30  Беш аз ин, шахсонеро, ки Ӯ пешакӣ муайян кард, даъват намуд ва онҳоеро, ки даъват намуд, росткор эълон кард. Ниҳоят, онҳоеро, ки росткор эълон кард, ҷалол дод. 31  Пас, дар ин бора чӣ гӯем? Агар Худо бо мо бошад, кӣ зидди мост? 32  Агар Ӯ ҳатто Писари Худро дареғ надошта, барои ҳамаи мо ба марг таслим карда бошад, магар ҳамроҳи ӯ ба мо ҳамаи чизҳои дигарро низ ато намекунад? 33  Кӣ интихобшудагони Худоро айбдор карда метавонад? Ҳеҷ кас, зеро худи Худо онҳоро росткор эълон мекунад. 34  Кӣ онҳоро маҳкум карда метавонад? Ҳеҷ кас, зеро Исои Масеҳ мурд ва, беш аз ин, аз мурдагон зинда шуд, ӯ шахсест, ки аз тарафи рости Худо нишастааст ва барои мо зориву илтиҷо мекунад. 35  Кӣ моро аз муҳаббати Масеҳ ҷудо карда метавонад? Оё мусибат, ё ранҷу азоб, ё таъқибот, ё гуруснагӣ, ё бараҳнагӣ, ё хатар, ё шамшер? 36  Чи тавре ки навишта шудааст: «Ба хотири Ту моро ҳар рӯз ба қатл мерасонанд; мо мисли гӯсфандонем, ки сар бурида мешаванд». 37  Вале ба воситаи оне, ки моро дӯст доштааст, мо бар ҳамаи ин пурра ғолиб меоем. 38  Ман боварии комил дорам, ки на марг, на ҳаёт, на фариштагон, на ҳокимиятҳо, на ҳозира, на оянда, на қувваҳо, 39  на баландӣ, на чуқурӣ, на ягон офаридаи дигар моро аз муҳаббати Худо, ки ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ зоҳир гаштааст, ҷудо карда наметавонад.

Эзоҳҳо

«Аббо» калимаи ибронӣ ё арамиест, ки фарзандон нисбати падари худ истифода бурда, муҳаббат ва эҳтиромашонро нишон медоданд.
Ё «меваи».
Ниг. ба луғат.