Румиён 5:1-21

  • Масеҳ моро бо Худо оштӣ додааст (111)

  • Марг ба воситаи Одам, ҳаёт ба воситаи Масеҳ (1221)

    • Гуноҳ ва марг ба тамоми одамон гузашт (12)

    • Як амали сафедкунанда (18)

5  Барои ҳамин, ҳоло ки мо аз рӯйи имонамон росткор эълон шудаем, биёед сулҳу осоиштагиеро, ки ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ байни мову Худо ҳукмфармо аст, нигоҳ дорем. 2  Ба воситаи ӯ мо ҳамчунин имконият дорем, ки лутфу марҳамати Худоро, ки ба мо зоҳир шуда истодааст, ба даст орем. Биёед шодӣ кунем, зеро умед дорем, ки Худо моро соҳиби ҷалол хоҳад гардонд. 3  Ғайр аз ин, биёед дар азобҳои худ шодӣ кунем, зеро медонем, ки дар азобҳо мо истодагариро инкишоф медиҳем, 4  истодагарӣ дар навбати худ, ба мо ёрӣ медиҳад, ки розигии Худоро ба даст орем, розигии Худо бошад, умедро ба вуҷуд меорад 5  ва аз ин умед мо метавонем дилпур бошем, зеро муҳаббати Худо ба воситаи рӯҳи муқаддас, ки ба мо дода шудааст, дилҳои моро фаро гирифтааст. 6  Вақте ҳанӯз мо суст будем, Масеҳ дар вақти муқарраршуда барои гунаҳкорон мурд. 7  Ба гумон аст, ки касе барои наҷот додани одами росткор бимирад, вале барои одами некӯкор шояд ягон кас ба мурдан ҷуръат кунад. 8  Лекин Худо муҳаббаташро нисбати мо бо он нишон дод, ки ҳанӯз вақте гунаҳкор будем, Масеҳ бароямон мурд. 9  Ва азбаски, ҳоло мо дар асоси хуни ӯ росткор эълон шудаем, боварии боз ҳам бештар дошта метавонем, ки ба воситаи ӯ аз хашми Худо наҷот хоҳем ёфт. 10  Агар мо ҳанӯз ҳангоми душмани Худо буданамон ба воситаи марги Писараш бо Ӯ оштӣ шуда бошем, пас ҳоло, вақте ки бо Ӯ оштӣ шудаем, то чӣ андоза боварии бештар дошта метавонем, ки ба воситаи ҳаёти Масеҳ наҷот меёбем. 11  Беш аз ин, мо ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ, ки моро бо Худо оштӣ додааст, дар Ӯ шодӣ мекунем. 12  Пас, ба воситаи як одам гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва ба воситаи гуноҳ марг омад ва ҳамин тавр марг ба тамоми одамон гузашт, зеро ҳама гуноҳ карданд. 13  Гуноҳ пеш аз Шариат ҳам дар ҷаҳон вуҷуд дошт, лекин, агар шариат набошад, ҳеҷ кас дар содир кардани гуноҳ айбдор дониста намешавад. 14  Бо вуҷуди ин аз Одам то Мӯсо марг бар инсоният, ҳатто бар онҳое, ки мисли Одам гуноҳ накарда буданд, ҳукмронӣ мекард. Одам бошад, ба шахсе, ки бояд меомад, монанд буд. 15  Лекин ато аз гуноҳ фарқ мекунад, зеро, агар гуноҳи як мард бисёриҳоро гирифтори марг карда бошад, лутфу марҳамат ва атои Худо, ки ба воситаи лутфу марҳамати марди дигар — Исои Масеҳ, зоҳир шуд, ба бисёриҳо таъсири боз ҳам бештаре расонд. 16  Ҳамчунин натиҷаи атои Худо ва гуноҳи содиркардаи як нафар гуногунанд, зеро гуноҳ ба маҳкумият оварда расонд, лекин ато, ки пас аз гуноҳҳои зиёд ба миён омад, ба росткор эълон шудани одамон имконият дод. 17  Агар ба воситаи гуноҳи як одам марг ҳукмрон шуда бошад, пас, боз ҳам бештар дилпур буда метавонем, ки ба воситаи як шахс — Исои Масеҳ, онҳое, ки аз лутфу марҳамат ва атои росткорӣ баҳра мебаранд, соҳиби ҳаёт мегарданд ва ҳукмронӣ мекунанд. 18  Пас, чи тавре ки дар натиҷаи як гуноҳ ҳар гуна одамон маҳкум шуданд, ҳамин тавр дар натиҷаи як амали сафедкунанда ҳар гуна одамон росткор эълон шуда, соҳиби ҳаёт мегарданд. 19  Чи тавре ки ба воситаи беитоатии як кас шумораи зиёди одамон гунаҳкор шуданд, ҳамин тавр ба воситаи итоаткории як кас бисёриҳо росткор мешаванд. 20  Шариат ба миён омад, то нишон диҳад, ки одамон хеле гунаҳкоранд. Лекин, вақте ки гуноҳ зиёд шуд, лутфу марҳамати Худо боз ҳам бештар гардид. 21  Бо кадом мақсад? То, чи тавре ки гуноҳу марг бар инсоният ҳукмронӣ мекард, лутфу марҳамат низ дар росткорӣ ҳукмронӣ кунад ва одамонро ба воситаи Ҳазратамон Исои Масеҳ сӯйи ҳаёти ҷовидонӣ барад.

Эзоҳҳо