Румиён 2:1-29

  • Доварии Худо бар яҳудиён ва юнониён (116)

    • Виҷдон (14, 15)

  • Яҳудиён ва Шариат (1724)

  • Хатна шудани дил (2529)

2  Барои ҳамин ту, эй бародар, касе, ки набошӣ, агар дигаронро ҳукм кунӣ, чизе туро сафед карда наметавонад. Охир, вақте ки ту касеро ҳукм мекунӣ, худатро маҳкум мекунӣ, зеро ту, эй ҳукмкунанда, худат низ ба ҳамон корҳо даст мезанӣ. 2  Лекин мо медонем, ки доварии Худо ҳақ аст ва бар зидди онҳоест, ки бо ин гуна корҳо машғул мешаванд. 3  Эй бародар, наход ту гумон кунӣ, ки агар дигаронро барои корҳояшон ҳукм куниву лекин худат ҳам ба чунин корҳо даст занӣ, аз ҳукми Худо халос мешавӣ? 4  Ё ту фаровонии меҳрубонӣ, худдорӣ ва пуртоқатии Худоро ночиз меҳисобӣ, бехабар аз он ки Ӯ аз рӯйи меҳрубонии Худ туро сӯйи тавба роҳнамоӣ карданӣ аст? 5  Азбаски ту якравӣ мекунӣ ва тавба кардан намехоҳӣ, ба хашми Худо, ки дар рӯзи ғазаб ва доварии одилонаи Ӯ зоҳир мешавад, гирифтор хоҳӣ шуд. 6  Дар он вақт Худо ба ҳар кас мувофиқи рафтораш подош медиҳад: 7  ба онҳое, ки пайваста корҳои нек карда, ҷалол, ифтихор ва бефаноиро меҷӯянд, ҳаёти ҷовидонӣ ато мекунад, 8  аммо бар онҳое, ки доимо баҳсу моҷаро менамоянд ва на ба ростӣ, балки ба бадӣ итоат мекунанд, хашму ғазаби худро фурӯ мерезад. 9  Ба сари ҳар зиёнкор, аввалан яҳудӣ ва баъд юнонӣ, андӯҳу мусибат хоҳад омад, 10  вале ҳар некӯкор, аввалан яҳудӣ ва баъд юнонӣ, ҷалол, ифтихор ва сулҳу осоиштагӣ хоҳад ёфт, 11  зеро Худо ба ҳама бо як чашм менигарад. 12  Шахсоне, ки шариат надоранду гуноҳ мекунанд, мемиранд, бо вуҷуди он ки шариати маҳкумкунандае барояшон нест, лекин ҳамаи онҳое, ки шариат доранду гуноҳ мекунанд, мувофиқи шариат маҳкум карда мешаванд. 13  Охир, на шунавандагони шариат, балки иҷрокунандагони он аз тарафи Худо росткор эълон карда мешаванд. 14  Вақте халқҳое, ки шариат надоранд, аз рӯйи табиати худ гуфтаҳои шариатро ба ҷо меоранд, онҳо, гарчанд шариат надоранд, барои худ шариат ҳастанд. 15  Ин нишон медиҳад, ки моҳияти шариат дар дилҳояшон навишта шудааст. Виҷдонашон низ ба онҳо шаҳодат медиҳад ва онҳо худро дар фикрҳояшон гоҳе айбдор мекунанду гоҳе сафед. 16  Ҳамаи ин дар рӯзе воқеъ мегардад, ки Худо ба воситаи Исои Масеҳ фикру корҳои пинҳонии одамонро доварӣ менамояд, ва ин мувофиқи хушхабарест, ки ман ба шумо эълон мекунам. 17  Ту яҳудӣ ном дориву ба шариат такя мекунӣ ва аз муносибати бо Худо доштаат фахр менамоӣ, 18  хости Ӯро медонӣ ва арзанда будани ин ё он чизро муайян карда метавонӣ, зеро дар асоси Шариат таълим гирифтаӣ. 19  Ту боварии комил дорӣ, ки роҳнамои кӯрон, равшанӣ барои дар зулмот будагон, 20  ислоҳкунандаи бефаҳмон, омӯзгори кӯдакон ва донандаи таълимоту ҳақиқатҳои асосии Шариат ҳастӣ. 21  Чӣ тавр ту дигаронро таълим медиҳиву худатро таълим намедиҳӣ? Мавъиза карда «дуздӣ накун» мегӯиву худат дуздӣ мекунӣ? 22  «Ба ҳамсарат хиёнат накун» мегӯӣ, лекин худат хиёнат мекунӣ? Аз бутҳо нафрат дорӣ, лекин ибодатгоҳҳоро ғорат мекунӣ? 23  Бо шариат фахр мекуниву Шариатро поймол карда обрӯи Худоро мерезонӣ? 24  Ба ин сабаб, чи тавре ки навишта шудааст, «номи Худо аз барои шумо дар байни халқҳо доғдор гаштааст». 25  Хатна бошад, танҳо ҳамон вақт манфиат меорад, агар аз рӯйи шариат рафтор кунӣ, лекин, агар шариатро поймол намоӣ, он бароят ҳеҷ фоидае надорад. 26  Барои ҳамин, агар шахси хатнанашуда талаботи одилонаи Шариатро ба ҷо орад, ӯ хатнашуда ҳисоб меёбад, ҳамин тавр не? 27  Ва шахсе, ки дар ҷисм хатна нашудааст, талаботи Шариатро иҷро карда, туро маҳкум мекунад, зеро ту, ҳарчанд шариат дориву хатнашуда ҳастӣ, шариатро поймол месозӣ. 28  Яҳудӣ на он шахсест, ки дар зоҳир чунин аст ва хатна на он чизест, ки дар ҷисм намоён аст, 29  балки яҳудӣ онест, ки дар ботин чунин аст ва хатнаи ӯ дар дил ба воситаи рӯҳ, на ба воситаи шариат карда мешавад. Чунин шахсро на одамон, балки Худо таърифу таҳсин мекунад.

Эзоҳҳо