Румиён 13:1-14

  • Фармонбардорӣ ба ҳокимиятҳо (17)

    • Супоридани андоз (6, 7)

  • Касе, ки дӯст медорад, Шариатро ба ҷо меорад (810)

  • Чун дар рӯзи равшан рафтор кунед (1114)

13  Бигзор ҳар кас ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор бошад, зеро ҳокимияте нест, ки аз ҷониби Худо набошад; ҳокимиятҳои ҳозира он мавқееро ишғол менамоянд, ки Худо барояшон муайян кардааст. 2  Бинобар ин ҳар касе, ки ба ҳокимият муқобилат мекунад, бар зидди тартиботи Худо мебарояд; онҳое, ки чунин мекунанд, гирифтори маҳкумият мегарданд. 3  Ҳокимиятдорон боиси тарси некӯкорон неву балки бадкорон мебошанд. Оё мехоҳӣ аз ҳокимият тарсе надошта бошӣ? Доимо кори нек кун ва таърифу таҳсинашро хоҳӣ шунид, 4  зеро ҳокимият хизматгори Худост, ки ба фоидаи ту амал мекунад. Вале, агар ту кори бад кунӣ, пас, битарс, охир, он шамшерро беҳуда бардошта нагаштааст. Ҳокимият хизматгори Худост, ки бар бадкорон ғазаби Ӯро фурӯ рехта*, аз онҳо интиқом мегирад. 5  Аз ин рӯ ба шумо лозим аст, ки ба ҳокимият фармонбардор бошед ва на фақат аз тарси ҷазо, балки ҳамчунин бо амри виҷдон. 6  Ана барои ҳамин шумо ҳамчунин андоз месупоред, зеро ҳокимиятдорон чун хизматгорони Худо доимо дар хизмати халқ мебошанд. 7  Ба ҳар кас он чиро, ки қарздоред, баргардонед: ба касе андоз — андозро, ба касе хироҷ — хироҷро, ба касе тарс — тарсро, ба касе ҳурмат — ҳурматро. 8  Аз ҳеҷ кас чизе қарздор набошед, ғайр аз муҳаббат ба якдигар, зеро ҳар кӣ дигареро дӯст медорад, шариатро ба ҷо меорад. 9  Амрҳои «ба ҳамсарат хиёнат накун», «ба одамкушӣ даст назан», «дуздӣ накун», «тамаъ накун*» ва тамоми амрҳои дигари Шариати Мӯсо дар суханони зерин ҷамъбаст шудаанд: «Дигаронро мисли худат дӯст дор». 10  Муҳаббат ба дигарон бадӣ намекунад. Пас, шахсе, ки дӯст медорад, тамоми шариатро ба ҷо меорад. 11  Мувофиқи ин суханон рафтор кунед, зеро дар кадом замон зиндагӣ карданатонро медонед. Аллакай вақти он аст, ки аз хоб бедор шавед, зеро ҳоло наҷоти мо назар ба он вақте, ки имон овардем, наздиктар аст. 12  Шаб ба поён расида истодаасту рӯз наздик мешавад. Пас, биёед корҳои торикиро аз худ дур созем ва ҷавшани нурро дар бар кунем. 13  Биёед ба таври шоиста рафтор кунем, мисли он ки дар рӯзи равшан бошад ва ба айшу нӯш, бадмастӣ, бадахлоқии ҷинсӣ, беҳаёгӣ*, ҷанҷол ва рашк дода нашавем. 14  Балки хислатҳои Ҳазратамон Исои Масеҳро дар бар кунед ва дар фикри қонеъ кардани хоҳишҳои ҷисм набошед.

Эзоҳҳо

Ё «бадкоронро ҷазо дода».
Ё «ба чизи каси дигар чашм ало накун».
Юн. «аселгейа». Ниг. ба луғат.