Румиён 11:1-36

  • Тамоми исроилиён рад нашудаанд (116)

  • Мисол дар бораи дарахти зайтун (1732)

  • Хиради Худо бепоён аст (3336)

11  Пас, магар Худо халқи худро рад кардааст? Не, албатта! Охир, ман ҳам исроилӣ, аз насли Иброҳим, аз қабилаи Бинёмин ҳастам. 2  Худо халқи Худро, ки ба он аз аввал диққати махсус зоҳир карда буд, рад накардааст. Наход надонед, ки Навиштаҳои Муқаддас дар бораи пайғамбар Илёс чӣ мегӯянд? Ӯ ба Худо аз Исроил шикоят карда гуфт: 3  «Яҳува, онҳо пайғамбарони Туро куштанд, қурбонгоҳҳои Туро вайрон карданд, танҳо ман мондаам ва акнун онҳо дар қасди ҷони* мананд». 4  Вале Худо ба ӯ чӣ ҷавоб дод? «Ман ҳафт ҳазор нафарро, ки дар пеши Баал зону назадаанд, барои Худ нигоҳ доштам». 5  Ба монанди ин, дар замони ҳозира низ аз халқи Исроил бақияе мондааст, ки аз рӯйи лутфу марҳамати беандозаи Худо интихоб шудааст. 6  Агар интихоб аз рӯйи лутфу марҳамат бошад, пас, он дигар дар асоси амали шахс нест, дар акси ҳол он лутфу марҳамат намебуд. 7  Пас, чӣ гӯем? Исроил чизеро, ки бо ҷидду ҷаҳд меҷӯяд, ба даст наовард, лекин интихобшудагон онро ба даст оварданд. Боқимондаҳо бошанд, дилсахт шуданд, 8  чи тавре ки навишта шудааст: «Худо роҳ дод, ки онҳо ба хоби гарони рӯҳонӣ раванд, чашмонашон набинад ва гӯшҳояшон нашунавад. Ва то ба ҳол аҳволи онҳо чунин аст». 9  Довуд низ мегӯяд: «Бигзор дастархони онҳо барояшон чун дом, монеа ва ҷазое гардад. 10  Бигзор чашмонашон хира шаванд ва онҳо дида натавонанд ва бигзор тахтапушташон ба таври ҳамешагӣ хам гардад». 11  Магар онҳо тавре пешпо хӯрда афтиданд, ки дигар хеста наметавонанд? Албатта не! Вале ба туфайли қадами нодурусти онҳо наҷот барои халқҳои дигар имконпазир шуд, то дар онҳо рашк ба вуҷуд ояд. 12  Агар қадами нодурусту камшавиашон барои халқҳои дигар баракат бошад, пас, то чӣ андоза пурра шудани шумораи онҳо баракати бештар хоҳад буд! 13  Акнун, эй ғайрияҳудиён, ба шумо мегӯям: ман чун расули халқҳои дигар хизмати худро болобардор мекунам*, 14  то ки ақаллан бо ягон роҳ дар ҳаммиллатони* худ рашк ба вуҷуд орам ва баъзеи онҳоро наҷот диҳам. 15  Агар ба туфайли радшавии онҳо ҷаҳон бо Худо оштӣ шавад, пас, магар қабул шудани онҳо мисли аз марг ба ҳаёт баргаштан нахоҳад буд? 16  Ғайр аз ин, агар зуволаи якуми хамир муқаддас бошад, пас, тамоми хамир муқаддас аст ва, агар реша муқаддас бошад, пас, шохаҳо низ муқаддасанд. 17  Лекин, агар баъзе шохаҳоро шикаста, туро, ки зайтуни ёбоӣ ҳастӣ, дар миёни шохаҳои дарахт пайванд карда бошанд ва ту аз решаи он фоида гирӣ, 18  худро аз шохаҳои шикасташуда боло нагир*. Лекин, агар худро аз онҳо боло гирӣ*, пас, дар хотир дор, ки на ту решаро ғизо медиҳӣ, балки реша туро. 19  Ту чунин хоҳӣ гуфт: «Шохаҳоро шикастанд, то маро пайванд кунанд». 20  Дуруст мегӯӣ! Онҳо аз сабаби беимонии худ шикаста шуданд, ту бошӣ, ба туфайли имонат истодаӣ. Пас, ҳавобаландӣ накун, балки битарс. 21  Агар Худо ба шохаҳои табиӣ раҳм накарда бошад, пас, ба ту низ раҳм намекунад. 22  Бинобар ин оиди меҳрубонӣ ва сахтгирии Худо андеша кун. Ӯ нисбати онҳое, ки меафтанд, сахтгир мебошад, лекин нисбати ту меҳрубон аст, ба шарте ки ту минбаъд низ дар меҳрубонии Ӯ бимонӣ; вагарна ту низ бурида хоҳӣ шуд. 23  Онҳо низ, агар имон оранд, пайванд хоҳанд шуд, зеро Худо қодир аст, ки онҳоро боз пайванд кунад. 24  Охир, агар ту аз дарахти зайтуни ёбоӣ бурида шуда, бар хилофи табиат ба дарахти зайтуни боғӣ пайванд шуда бошӣ, пас, ба дарахти зайтуни боғӣ пайванд кардани шохаҳои худи он боз ҳам осонтар хоҳад буд! 25  Эй бародарон, ман намехоҳам, ки шумо аз ин сирри муқаддас бехабар монда, дар назари худ хирадманд гардед: қисме аз Исроил дилсахт шуданд ва ин ҳолат, то даме ки шумораи пурраи одамон аз халқҳои дигар ҷамъ карда шавад, давом мекунад; 26  бо ин роҳ тамоми Исроил наҷот хоҳад ёфт, чи тавре ки навишта шудааст: «Аз Сион раҳокунанда* меояд ва бадкориро аз хонадони Яъқуб дур мекунад. 27  Ва, вақте ки гуноҳҳояшонро аз миён мебардорам, Ман бо онҳо аҳд мебандам». 28  Бале, аз сабаби он ки хушхабарро рад карданд, онҳо душманони Худо гаштанд ва ин ба фоидаи шумо шуд. Аммо ба хотири ваъдае, ки Худо ба падаронашон дода буд, баъзеи онҳо аз рӯйи интихоби Худо дӯстони Ӯ гаштанд. 29  Худо аз атоҳо ва даъвати Худ ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавад. 30  Чуноне ки шумо як вақтҳо ба Худо беитоат будед, вале ҳоло аз сабаби беитоатии онҳо ба шумо раҳм карда мешавад, 31  ҳамчунин худи онҳо низ, ки ҳоло беитоатанд ва дар натиҷаи ин ба шумо раҳм карда шуд, акнун аз раҳми Худо баҳравар буда метавонанд. 32  Худо роҳ дод, ки ҳамаи одамон побанди беитоатӣ шаванд, то Ӯ тавонад ба ҳамаи онҳо раҳм кунад. 33  Чӣ қадар фаровонанд баракатҳои Худо ва то чӣ андоза бепоён аст хирад ва дониши Ӯ! Чӣ ақлнорасанд довариҳои Ӯ ва даркнашавандаанд роҳҳои Ӯ! 34  Охир, «кист, ки фикрҳои Яҳуваро дарк карда бошад, ё кист, ки маслиҳатчии Ӯ шуда бошад?» 35  Ё «кист, ки аввалин шуда ба Худо чизе дода бошад, то акнун ба вай баргардонида шавад?» 36  Ҳама чиз аз Ӯст, ба воситаи Ӯст ва барои Ӯст. Ӯро то абад ҷалол бод! Омин.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ё «ҷалол медиҳам».
Дар матни аслӣ «ҷисми».
Ё «худситоӣ накун».
Ё «худситоӣ кунӣ».
Ё «наҷотдиҳанда».