Румиён 1:1-32

  • Сарсухан (17)

  • Павлус ният дорад, ки ба Рум ояд (815)

  • «Росткор ба туфайли имонаш хоҳад зист» (16, 17)

  • Худобехабарон сазовори бахшиши Худо нестанд (1832)

    • Хислатҳои Худо дар офаридаҳо дида мешаванд (20)

1  Ман, Павлус — ғуломи Исои Масеҳ, ки чун расул интихоб шудаам ва барои расонидани хушхабар таъйин гаштаам*, ба шумо нома менависам. 2  Худо ин хушхабарро аз замонҳои пеш ба воситаи пайғамбарон дар Навиштаҳои Муқаддас эълон кардааст. 3  Он дар бораи Писари Ӯст, ки чун насли Довуд ба дунё омад, 4  вале бо қудрати рӯҳи муқаддас аз марг эҳё шуда, Писари Худо* эълон гашт. (Ӯ Ҳазратамон Исои Масеҳ аст, 5  ки ба воситааш ба мо лутфу марҳамат ато шуд ва ман расули Худо таъйин шудам, то ки ҳамаи халқҳо имон оранду итоаткор гарданд ва ҳамин тавр номи Исои Масеҳ шӯҳрат ёбад. 6  Шумо ҳам аз миёни он халқҳо даъват шудаед, то аз они Исои Масеҳ бошед.) 7  Эй азизони Худо, ки дар Рум мебошед ва ба муқаддас будан даъват шудаед! Бигзор лутфу марҳамат ва сулҳу осоиштагии Падари мо Худо ва Ҳазратамон Исои Масеҳ бо шумо бошад. 8  Пеш аз ҳама, ба воситаи Исои Масеҳ барои шумо ба Худои худ шукр мегӯям, зеро овозаи имони шумо дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. 9  Худо, ки ман ба Ӯ бо тамоми ҳастиам хизмат карда, хушхабарро дар бораи Писараш паҳн мекунам, шоҳид аст, ки ман ҳама вақт шуморо дар дуоҳоям зикр мекунам 10  ва аз Ӯ зорию илтиҷо менамоям, ки, агар имконпазир бошаду хости Ӯ чунин бошад, ниҳоят ба назди шумо биёям, 11  чунки ман ташнаи дидори шумоям ва мехоҳам ба шумо атои рӯҳоние бирасонам, то устувор гардед, 12  ё аниқтараш, то мо аз имони якдигарамон, ман аз имони шумову шумо аз имони ман, рӯҳбаланд шавем. 13  Лекин ман, эй бародарон, намехоҳам, ки шумо бехабар бошед, ки ман маротибаҳои зиёд ба назди шумо омаданӣ будам, то мавъизаам дар миёни шумо низ чун дар миёни дигар халқҳо самари хубе орад, аммо то ҳол аз ин кор боздошта мешудам. 14  Ман ҳам дар пеши юнониҳо ва ҳам дар пеши дигар халқҳо, ҳам дар пеши хирадмандон ва ҳам дар пеши бехирадон қарздор ҳастам. 15  Аз ин рӯ хоҳиши сахт дорам, ки хушхабарро ба шумо низ, эй сокинони Рум, расонам. 16  Ман аз эълон кардани хушхабар шарм намедорам, зеро он дар ҳақиқат қудрати Худост барои наҷот додани ҳар як имондор, аввалан яҳудӣ ва баъд юнонӣ. 17  Худо росткории* Худро ба воситаи хушхабар ошкор кард ва имондорон инро дида дар имони худ устувор мегарданд. Дар ин бора навишта шудааст: «Росткор ба туфайли имонаш хоҳад зист». 18  Хашми Худо аз осмон бар тамоми худобехабарон ва бадкороне, ки ростиро бо ҳар гуна беинсофӣ пинҳон медоранд, фурӯ рехта* истодааст, 19  зеро он чӣ дар бораи Худо фаҳмидан мумкин аст, барояшон ба хубӣ маълум аст, чунки Худо инро ба онҳо ошкор кардааст. 20  Хислатҳои нонамоёни ӯ, яъне қудрати абадӣ ва илоҳияташ аз вақти офариниши ҷаҳон баръало аёнанд, зеро одамон метавонанд ба воситаи офаридаҳо онҳоро дарк кунанд, аз ин рӯ чунин касон худро ҳаргиз сафед карда наметавонанд. 21  Ҳарчанд онҳо Худоро шинохтанд, Ӯро чун Худо ҷалол надоданд ва ба Ӯ шукр нагуфтанд, балки чун беақлон андеша ронданд ва дилҳои бефаҳмашонро торикӣ фаро гирифтааст. 22  Ҳарчанд даъво мекарданд, ки бохираданд, лекин беақл гаштанд 23  ва ба ҷойи Худои намиранда сурати инсони миранда, паррандаҳо, чорпоён ва хазандагонро ҷалол доданд. 24  Барои ҳамин Худо онҳоро мувофиқи хоҳиши дилашон ба нопокӣ супурд, то ба ҷисмҳояшон нанг оранд. 25  Онҳо ростии Худоро ба дурӯғ иваз карданд ва ба ҷойи Офаридгор офаридаҳоро парастиш карданду хизмати онҳоро ба ҷо оварданд, ҳол он ки танҳо Офаридгор ҳамеша ба ҳамду сано сазовор аст. Омин. 26  Ана барои чӣ Худо онҳоро вогузошт, то ба хоҳишҳои шаҳвониашон дода шаванд: занони онҳо алоқаи ҷинсии табииро ба ғайритабиӣ иваз карданд; 27  ба ин монанд, мардон алоқаи табииро бо занон тарк карданд ва дар оташи шаҳвате, ки нисбати якдигар доштанд, сӯхта, мард бо мард ба корҳои нафратовар даст заданд ва барои бадкориҳояшон ба таври пурра ҷазо гирифтанд. 28  Азбаски дар бораи Худо дониши аниқ гирифтанро лозим надонистанд, Худо гузошт, ки онҳо тарзи фикрронии ба Ӯ маъқулнабударо дошта бошанд, ва ба корҳои ношоиста даст зананд. 29  Онҳо аз ҳар гуна бадкорӣ, худобехабарӣ, чашмгуруснагӣ*, бадӣ, ҳасад, одамкушӣ, ҷанҷол, фиребгарӣ ва зиёнкорӣ пур шудаанд. Онҳо ғайбатчӣ, 30  бадгӯй, худобадбин, нописанд, ҳавобаланд, худсито, бадният*, беитоат ба падару модар, 31  бефаҳм, ваъдахилоф, бемеҳр ва бераҳманд. 32  Ҳарчанд онҳо нағз медонанд, ки мувофиқи амри одилонаи* Худо чунин шахсон сазовори марганд, кардани ин корҳоро давом медиҳанд ва, илова бар ин, шахсонеро, ки чунин корҳоро мекунанд, таърифу таҳсин менамоянд.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «ҷудо карда шудаам».
Ниг. ба луғат.
Ё «дуруст будани меъёрҳои».
Дар матни аслӣ «ошкор шуда».
Ё «хоҳиши ба даст овардани чизи дигарон».
Ё «онҳое, ки дар пайи зарар расондан мебошанд».
Ё «дурусти».