Матто 3:1-17

  • Мавъизаи Яҳёи Таъмиддиҳанда (112)

  • Таъмиди Исо (1317)

3  Дар он рӯзҳо Яҳёи Таъмиддиҳанда ба биёбони Яҳудия омад ва мавъиза карда 2  чунин мегуфт: «Тавба кунед, зеро Подшоҳии осмон наздик шудааст». 3  Ӯ ҳамон касест, ки дар борааш Ишаъё-пайғамбар суханони зеринро гуфта буд: «Овози нидокунандае дар биёбон садо медиҳад: “Роҳро барои Яҳува тайёр кунед! Роҳҳои Ӯро ҳамвор намоед”». 4  Яҳё дар тан либосе аз пашми шутур ва дар миён камарбанди чармине дошт ва хӯрокаш малаху асали саҳроӣ буд. 5  Он вақт одамон аз Ерусалим, аз ҳар гӯшаву канори Яҳудия ва аз ҳамаи вилоятҳои гирду атрофи Урдун ба назди ӯ омада, 6  дар дарёи Урдун таъмид мегирифтанд* ва ошкоро дар гуноҳҳои худ иқрор мешуданд.  Вақте Яҳё дид, ки бисёре аз фарисиён* ва саддуқиён* ба он ҷо меоянд, ба онҳо гуфт: «Эй афъизодагон, кӣ ба шумо гуфт, ки аз ғазаби омадаистодаи Худо гурехта метавонед? 8  Пас, самаре оред, ки аз тавбаи шумо шаҳодат диҳад. 9  Дар дили худ нагӯед: “Мо фарзандони Иброҳим ҳастем”, зеро ба шумо мегӯям, ки Худо метавонад ҳатто аз ин сангҳо барои Иброҳим фарзанд ба вуҷуд орад. 10  Инак, табар барои буридани дарахтон дар бехи онҳо гузошта шудааст. Ҳар дарахте, ки меваи хуб намеорад, бурида, ба оташ партофта мешавад. 11  Ман шуморо аз сабаби тавба карданатон дар об таъмид медиҳам, вале касе, ки баъд аз ман меояд, қудрати бештар дорад ва ман ҳатто сазовори он нестам, ки пойафзоли ӯро кашам. Он шахс шуморо бо рӯҳи муқаддас ва оташ таъмид хоҳад дод. 12  Ӯ дар даст панҷшоха* барои бод кардани ғалла дорад ва хирманҷойи худро пурра тоза карда, гандумро дар анбор ҷамъ меорад, вале коҳрезаҳоро дар оташи хомӯшнашаванда месӯзонад». 13  Дар он вақт Исо аз Ҷалил ба Урдун омад, то ки Яҳё ӯро таъмид диҳад. 14  Лекин Яҳё ӯро боздоштанӣ шуда гуфт: «Ин ман бояд аз ту таъмид гирам, ту бошӣ, ба назди ман меоӣ?» 15  Исо дар ҷавоб гуфт: «Ба ман монеъ нашав, зеро ин тавр мо ҳар он чиро, ки дуруст аст, ба ҷо меорем». Пас аз он Яҳё дигар ба ӯ монеъ нашуд. 16  Баъд аз таъмид гирифтан, ҳамин ки Исо аз об берун омад, осмон кушода шуд ва Яҳё рӯҳи Худоро дид, ки чун кабӯтаре фаромада, бар Исо қарор гирифт. 17  Он вақт аз осмон садое омад: «Ин Писари азизи Ман аст ва Ман аз ӯ розиям».

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Ё эҳтимол «бел».