Матто 26:1-75

  • Маслиҳати коҳинон дар бораи куштани Исо (15)

  • Рехтани равғани хушбӯй ба сари Исо (613)

  • Охирин Иди раҳоӣ ва хиёнат (1425)

  • Муқаррар кардани Шоми ёдбуд (2630)

  • Исоро инкор кардани Петрус пешгӯйӣ мешавад (3135)

  • Исо дар боғи Ҷатсамонӣ дуо мегӯяд (3646)

  • Дастгир шудани Исо (4756)

  • Исоро доварӣ кардани Шӯрои олии яҳудиён (5768)

  • Петрус Исоро инкор мекунад (6975)

26  Вақте ки Исо гуфтани ҳамаи ин суханонро тамом кард, ба шогирдонаш гуфт: 2  «Шумо медонед, ки пас аз ду рӯз Иди раҳоӣ фаро мерасад ва Писари одамро ба дасти душманон месупоранд, то ӯро дар сутун ба қатл расонанд». 3  Дар ин вақт коҳинони калон ва пирони халқ дар рӯйи ҳавлии саркоҳин*, ки Қаёфо ном дошт, ҷамъ шуда, 4  ба чунин қарор омаданд, ки Исоро бо ҳилаву найранг дастгир карда, мекушанд. 5  Аммо онҳо мегуфтанд: «Инро дар рӯзи ид намекунем, то мардум шӯру ғавғо набардорад».  Вақте ки Исо дар Байт-Ҳинӣ, дар хонаи Шимъӯни махавӣ 7  дар сари дастархон менишаст, зане бо кӯзачае*, ки равғани хушбӯйи қиматбаҳо дошт, ба назди Исо омада, равғани онро ба сари ӯ рехт. 8  Шогирдон инро дида ба ғазаб омаданд ва гуфтанд: «Ин исрофкорӣ чӣ даркор аст? 9  Охир, ин равғанро бо пули калон фурӯхта, ба камбағалон тақсим кардан мумкин буд-ку!» 10  Исо дар бораи чӣ гап задани онҳоро фаҳмида гуфт: «Барои чӣ ин занро хиҷил мекунед? Вай барои ман кори нек кард. 11  Зеро камбағалон ҳама вақт бо шумо хоҳанд буд, лекин ман на ҳама вақт бо шумо ҳастам. 12  Ин зан ба баданам равғани хушбӯйро молида маро барои гӯронидан тайёр кард. 13  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар эълон карда мешавад, кори кардаи ин зан низ барои ёдоварии вай нақл карда хоҳад шуд». 14  Он гоҳ яке аз дувоздаҳ расулон, ки Яҳудои Исқарют ном дошт, ба пеши коҳинони калон рафта, 15  гуфт: «Агар ӯро ба дасти шумо супорам, ба ман чӣ медиҳед?» Онҳо ба ӯ сӣ тангаи нуқра ваъда доданд. 16  Аз он вақт сар карда ӯ фурсати муносиб меҷуст, то Исоро ба дасти онҳо супорад. 17  Дар рӯзи якуми Иди фатир шогирдон ба назди Исо омада, гуфтанд: «Дар куҷо мехоҳӣ, ки хӯроки Иди раҳоиро бароят тайёр кунем?» 18  Ӯ гуфт: «Ба шаҳр, ба назди фалонӣ рафта, гӯед: “Устод чунин мегӯяд: “Вақти барои ман муқарраршуда наздик аст; Иди раҳоиро ҳамроҳи шогирдонам дар хонаи ту ҷашн мегирам”». 19  Шогирдон тамоми фармудаҳои Исоро ба ҷо оварданд ва ҳама чиро барои ҷашн гирифтани Иди раҳоӣ тайёр карданд. 20  Бегоҳирӯзӣ ӯ ҳамроҳи дувоздаҳ шогирдаш дар сари дастархон нишаст. 21  Дар вақти хӯрокхӯрӣ ӯ гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: яке аз шумо ба ман хиёнат мекунад». 22  Шогирдон сахт ғамгин шуда ҳар яке аз ӯ мепурсиданд: «Ҳазрат, ин ман нестам-а?» 23  Дар ҷавоб Исо гуфт: «Яке аз онҳое, ки дасти худро бо ман ба табақ меандозад, ба ман хиёнат хоҳад кард. 24  Бале, Писари одам меравад, чи тавре ки дар борааш навишта шудааст, лекин вой бар ҳоли шахсе, ки ба ӯ хиёнат мекунад! Барои он шахс беҳтар мебуд, ки ҳаргиз ба дунё наояд». 25  Яҳудо, ки ба ӯ хиёнат карданӣ буд, гуфт: «Устод, ин ман нестам-а?» Исо гуфт: «Ту худат ҷавобашро медонӣ». 26  Вақте ки онҳо хӯрок мехӯрданд, Исо нонро гирифт ва пас аз дуо гуфтан онро шикаста, ба шогирдон доду гуфт: «Гиред ва хӯред. Ин рамзи бадани ман аст». 27  Сипас пиёлаи шаробро гирифт ва шукргузорӣ карда, онро ба шогирдон доду гуфт: «Ҳамаатон аз ин нӯшед, 28  зеро ин рамзи хуни ман аст, ки “хуни аҳд” мебошад ва барои бахшида шудани гуноҳҳои бисёриҳо рехта мешавад. 29  Аммо ба шумо мегӯям: ман дигар шароб нахоҳам нӯшид, то он даме ки дар Подшоҳии Падарам ҳамроҳи шумо шароби нав нӯшам». 30  Дар охир онҳо дар васфи Худо суруд хонданд ва аз хона баромада, ба тарафи кӯҳи Зайтун рафтанд. 31  Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ҳамаи шумо имшаб аз ман рӯй мегардонед*, зеро навишта шудааст: “Чӯпонро зарба мезанам ва гӯсфандони рама пароканда мешаванд”. 32  Лекин, баъди он ки зинда мешавам, пешопеши шумо ба Ҷалил меравам». 33  Аммо Петрус дар ҷавоб ба ӯ гуфт: «Ҳама аз ту рӯй гардонанд* ҳам, ман аз ту рӯй намегардонам!» 34  Исо ба вай гуфт: «Ба ростӣ ба ту мегӯям: худи ҳамин шаб, пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор маро инкор мекунӣ». 35  Петрус ба ӯ гуфт: «Ҳатто агар бо ту мурданам лозим ояд, ҳеҷ гоҳ туро инкор намекунам». Дигар шогирдон ҳам айнан ҳамин хел гуфтанд. 36  Баъд Исо ҳамроҳи шогирдонаш ба ҷое омад, ки Ҷатсамонӣ ном дошт, ва ба онҳо гуфт: «Ман каме дуртар рафта, дуо мегӯям, шумо бошед, то омаданам дар ин ҷо шинед». 37  Исо Петрус ва ду писари Забдойро низ ҳамроҳи худ бурд. Ӯ андӯҳгин шуда, бениҳоят ба изтироб омад. 38  Ва сипас ба онҳо гуфт: «Аз ғаму ғусса ҷонам ба танг омадааст. Ин ҷо бимонед ва ҳамроҳи ман бедор бошед». 39  Ӯ каме пештар рафт ва рӯ ба замин афтода, дуо гуфт: «Эй Падар, агар мумкин бошад, ин пиёларо аз ман дур кун. Лекин бигзор на хости ман, балки хости Ту иҷро шавад». 40  Вақте ӯ ба назди шогирдонаш баргашт, дид, ки онҳо хоб рафтаанд, ва ба Петрус муроҷиат карда гуфт: «Магар як соат ҳам бо ман бедор монда натавонистед? 41  Бедор бошед ва пайваста дуо гӯед, то ба васваса наафтед. Рӯҳ бардам* аст, вале ҷисм нотавон». 42  Ва боз бори дуюм рафта, бо суханони зерин дуо гуфт: «Эй Падар, агар мумкин бошад, бигзор ин пиёла аз ман дур гардад ва ман аз он нанӯшам. Лекин, агар ин имконнопазир бошад, бигзор хости Ту иҷро шавад». 43  Ӯ омада, боз онҳоро хобида дид, зеро сахт хобашон омада буд. 44  Аз пеши онҳо рафта, ӯ бори сеюм бо ҳамон суханон дуо гуфт. 45  Пас аз ин ба назди шогирдонаш баргашта, гуфт: «Наход дар чунин вақт ҳам шумо хоб равед ва дам гиред?! Ҳоло соате, ки Писари одам ба дасти гунаҳкорон супорида мешавад, наздик аст. 46  Бархезед, меравем. Инак, шахсе, ки ба ман хиёнат мекунад, омада истодааст». 47  Ҳанӯз Исо гапашро тамом накарда, Яҳудо, ки яке аз дувоздаҳ расулон буд, ҳамроҳи одамони зиёде омад. Ин одамонро, ки дар даст шамшеру таёқ доштанд, коҳинони калон ва пирони халқ фиристода буданд. 48  Шогирди хиёнаткор пешакӣ бо онҳо чунин гапзанон карда буд: «Касеро, ки бӯса кунам, ҳамон шахс Исо аст, ӯро дастгир кунед». 49  Яҳудо рост ба пеши Исо омада, гуфт: «Салом, эй Устод!» ва ӯро бӯса кард. 50  Аммо Исо ба вай гуфт: «Эй рафиқ, барои чӣ ба ин ҷо омадӣ?» Он гоҳ онҳое, ки бо Яҳудо омада буданд, Исоро дастгир карданд. 51  Лекин яке аз одамоне, ки ҳамроҳи Исо буд, дасти худро дароз карда, шамшерашро аз ғилоф баровард ва бо он ғуломи саркоҳинро зарба зада, гӯшашро бурида партофт. 52  Он гоҳ Исо ба вай гуфт: «Шамшери худро ба ҷояш мон, чунки ҳамаи онҳое, ки шамшер мекашанд, бо шамшер кушта хоҳанд шуд. 53  Ё гумон мекунӣ, ки ман наметавонам Падари худро илтимос кунам, то ӯ худи ҳозир ба ман беш аз дувоздаҳ қӯшун* фариштагонро фиристад? 54  Дар ин ҳол Навиштаҳои Муқаддас чӣ хел иҷро мешаванд? Охир, дар он ҷо гуфта шудааст, ки ҳамааш бояд ҳамин тавр ба амал ояд». 55  Он вақт Исо ба мардум гуфт: «Магар ман ғоратгарам, ки шумо барои дастгир карданам бо шамшеру таёқҳо омадед? Ҳар рӯз ман дар маъбад нишаста таълим медодам, лекин шумо маро дастгир намекардед. 56  Вале ҳамаи ин ба амал омад, то суханони навиштаи пайғамбарон иҷро шаванд». Он гоҳ ҳамаи шогирдон ӯро тарк карданд ва гурехта рафтанд. 57  Онҳое, ки Исоро дастгир карда буданд, ӯро ба назди саркоҳин Қаёфо бурданд, ки дар он ҷо шариатдонон ва пирон ҷамъ омада буданд. 58  Петрус бошад, аз дур то даруни ҳавлии саркоҳин аз қафои Исо омад. Ба даруни ҳавлӣ даромада, ӯ ҳамроҳи хизматгорон нишаст, то бинад, ки кор бо чӣ анҷом меёбад. 59  Дар ин вақт коҳинони калон ва тамоми Шӯрои олии яҳудиён асос мекофтанд, то Исоро бардурӯғ айбдор карда, ба қатл расонанд. 60  Ва, ҳарчанд шоҳидони бардурӯғи зиёде омада буданд, онҳо ҳеҷ асосе наёфтанд. Оқибат ду кас омада, 61  гуфтанд: «Ин мард гуфта буд: “Ман метавонам маъбади Худоро вайрон карда, дар се рӯз онро аз нав созам”». 62  Пас аз ин суханон саркоҳин аз ҷояш хеста, ба ӯ гуфт: «Чаро чизе ҷавоб намедиҳӣ? Ту ба ин айбдоркуниҳо чӣ мегӯӣ?» 63  Лекин Исо хомӯш меистод. Инро дида саркоҳин ба ӯ гуфт: «Бо Худои зинда қасам хӯрда ба мо бигӯ, ки оё ту Масеҳ, Писари Худо* ҳастӣ?» 64  Исо ба ӯ гуфт: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ. Аммо ба шумо мегӯям: аз ин пас Писари одамро хоҳед дид, ки дар тарафи рости Худои қодир* нишастааст ва бар абрҳои осмон меояд». 65  Он гоҳ саркоҳин либоси худро дарронда, гуфт: «Ӯ куфр мегӯяд! Дигар ба шоҳид чӣ ҳоҷат? Ана, шумо ҳоло бо гӯши худ шунидед, ки ӯ куфр мегӯяд. 66  Пас, чӣ фикр доред?» Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Ӯ сазовори марг аст». 67  Баъд аз ин онҳо ба рӯйи ӯ туф карданд ва ӯро бо мушт заданд. Дигарон бошанд, ӯро торсакӣ зада, 68  мегуфтанд: «Эй Масеҳ, агар пайғамбар бошӣ, канӣ ба мо гӯй: туро кӣ зад?» 69  Дар ин вақт Петрус дар берун, дар рӯйи ҳавлӣ, менишаст. Яке аз канизон назди ӯ омада, гуфт: «Ту ҳам бо Исои ҷалилӣ будӣ!» 70  Вале ӯ инро дар пеши ҳама инкор карда гуфт: «Ман намефаҳмам, ки ту дар бораи чӣ гап зада истодаӣ». 71  Вақте ки ӯ ба тарафи дарвозахона рафт, канизи дигаре ӯро дида, ба одамоне, ки дар он ҷо буданд, гуфт: «Ин мард бо Исои носирӣ буд». 72  Петрус боз инро рад карда қасам хӯрд: «Ман он мардро намешиносам!» 73  Чанде пас касоне, ки дар он ҷо буданд, ба назди Петрус омада, гуфтанд: «Ҳақиқатан ҳам ту яке аз онҳо ҳастӣ, зеро ин аз гапзаниат маълум аст». 74  Он гоҳ вай ба қасам хӯрдан сар карда гуфт: «Ман он мардро намешиносам!» Ҳамон лаҳза хурӯс ҷеғ зад. 75  Ва Петрус суханонеро, ки Исо ба вай гуфта буд, ба ёд овард: «Пеш аз он ки хурӯс ҷеғ занад, ту се бор маро инкор мекунӣ». Пас аз ин ӯ берун баромада, зор-зор гиря кард.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «кӯзачаи алабастер». Ниг. ба луғат, ба калимаи «алабастер».
Дар матни аслӣ «аз боиси ман пешпо мехӯред».
Дар матни аслӣ «аз боиси ту пешпо хӯранд».
Ё «омода».
Калимаи юноние, ки чун қӯшун тарҷума шудааст, ба қисми муҳими лашкари Руми қадим ишора мекунад, ки тақрибан аз 4000 то 6000 сарбозро дар бар мегирифт. Дар ин ҷо ин калима ба шумораи зиёд ишора мекунад.
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «қудрат».