Матто 25:1-46

  • АЛОМАТИ ҲУЗУР ДОШТАНИ МАСЕҲ (146)

    • Мисол дар бораи даҳ духтар (113)

    • Мисол дар бораи талантҳо (1430)

    • Гӯсфандон ва бузҳо (3146)

25  Подшоҳии осмонро ба даҳ духтаре монанд кардан мумкин аст, ки чароғҳои худро гирифта, ба пешвози домод баромаданд. 2  Панҷ нафари онҳо бехирад ва панҷ нафари дигарашон бохирад* буданд. 3  Панҷ духтаре, ки бехирад буданд, чароғ гирифтанду лекин бо худ равған нагирифтанд, 4  бохирадон бошанд, ҳам чароғ гирифтанду ҳам равғани иловагӣ. 5  Аз сабаби он ки домод дер мекард, ғанаби ҳамаи духтарон бурд ва онҳо хоб рафтанд. 6  Нисфи шаб овози баланде шунида шуд: “Домод омада истодааст, ӯро пешвоз гиред!” 7  Он гоҳ ҳамаи духтарон аз хоб бедор шуда, чароғҳои худро тайёр карданд. 8  Духтарони бехирад ба бохирадон гуфтанд: “Аз равғани худ каме ба мо ҳам диҳед, чунки чароғҳои мо хомӯш шуда истодаанд”. 9  Духтарони бохирад дар ҷавоб гуфтанд: “Агар мо равғани худро ба шумо диҳем, мумкин аст ки, равған ба худамон нарасад, беҳтараш назди фурӯшандагон рафта, аз онҳо барои худ равған харед”. 10  Вақте ки онҳо барои харидани равған рафтанд, домод омад. Духтароне, ки тайёр буданд, ҳамроҳи ӯ ба базми тӯёна даромаданд ва баъд аз ин дарҳоро маҳкам карданд. 11  Баъдтар духтарони дигар низ омада, гуфтанд: “Тақсир, тақсир, дарро ба мо кушо!” 12  Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: “Ба ростӣ мегӯям, ки ман шуморо намешиносам”. 13  Бинобар ин бедор бошед, зеро он рӯз ва соатро намедонед. 14  Подшоҳии осмонро ба марде монанд кардан мумкин аст, ки, пеш аз он ки ба сафар равад, ғуломони худро ҷамъ оварда, молу мулкашро ба онҳо супорид. 15  Ӯ ба ҳар як ғуломи худ мувофиқи қобилияташ: ба яке панҷ, ба дигаре ду ва ба сеюмӣ як талант* танга доду ба сафар рафт. 16  Он ғуломе, ки панҷ талант гирифта буд, дарҳол рафта, онҳоро ба кор андохт ва боз панҷ таланти дигар фоида гирифт. 17  Ғуломи дигар низ, ки ду талант гирифта буд, боз ду таланти дигар ба даст овард. 18  Вале ғуломе, ки ҳамагӣ як талант гирифта буд, рафта, чуқурие кофту он тангаҳоро* пинҳон кард. 19  Пас аз муддати дурудароз хӯҷаини он ғуломон баргашта, бо онҳо ҳисобу китоб кард. 20  Ғуломе, ки панҷ талант танга гирифта буд, пеш омада, боз панҷ таланти дигар овард ва гуфт: “Хӯҷаин, ту ба ман панҷ талант дода будӣ. Ана боз панҷ таланте, ки ман ба даст овардам”. 21  Соҳибаш ба ӯ гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек ва боваринок! Азбаски дар чизҳои хурд сазовори боварӣ будӣ, ман туро бар чизҳои бисёр таъйин хоҳам кард. Биё, ба шодии хӯҷаини худ шарик шав!” 22  Сипас он ғуломе, ки ду талант танга гирифта буд, ба назди соҳибаш омада, гуфт: “Хӯҷаин, ту ба ман ду талант дода будӣ. Ана боз ду таланти дигаре, ки ман ба даст овардам”. 23  Хӯҷаинаш ба вай гуфт: “Офарин, эй ғуломи нек ва боваринок! Азбаски дар чизҳои хурд сазовори боварӣ будӣ, ман туро бар чизҳои бисёр таъйин хоҳам кард. Биё, ба шодии хӯҷаини худ шарик шав!” 24  Оқибат ғуломе, ки як талант танга гирифта буд, пеш омада, гуфт: “Хӯҷаин, ман медонистам, ки ту одами серталаб ҳастӣ, аз ҷое, ки накоридаӣ, медаравӣ ва аз ҷое, ки бод накардаӣ, ҷамъ мекунӣ. 25  Барои ҳамин ман тарсидам ва рафта, таланти додаатро дар замин пинҳон кардам. Ана он тангаҳои ту”. 26  Соҳибаш дар ҷавоб ба ӯ гуфт: “Эй ғуломи бад ва танбал, ту медонистӣ, ки ман аз ҷое, ки накоридаам, медаравам ва аз ҷое, ки бод накардаам, ҷамъ мекунам, 27  барои ҳамин ту бояд тангаҳои* маро ба кор меандохтӣ ва он гоҳ ман баъд аз баргаштанам онҳоро бо фоидааш мегирифтам. 28  Ҳоло талантро аз дасти ин ғулом гирифта, ба оне диҳед, ки даҳ талант дорад. 29  Ҳамин тавр, ҳар касе, ки дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад ва ӯ ба фаровонӣ хоҳад дошт, вале ҳар касе, ки надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад. 30  Ин ғуломи нобакорро ба берун, ба торикӣ, партоед. Дар он ҷо ӯ гиря мекунаду дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонад”. 31  Вақте ки Писари одам бо ҳамаи фариштаҳояш дар ҷалоли худ меояд, ӯ бар тахти бошукӯҳи худ хоҳад нишаст. 32  Ҳамаи халқҳо дар пеши ӯ ҷамъ оварда мешаванд ва ӯ одамонро аз якдигар ҷудо хоҳад кард, чуноне ки чӯпон гӯсфандонро аз бузҳо ҷудо мекунад. 33  Ӯ гӯсфандонро аз тарафи рости худ ва бузҳоро аз тарафи чапи худ хоҳад гузошт. 34  Сипас Подшоҳ ба онҳое, ки аз тарафи рости ӯ мебошанд, чунин мегӯяд: “Эй онҳое, ки аз Падари ман баракат ёфтаед, омада, Подшоҳиеро, ки барои шумо аз пайдоиши ҷаҳон* тайёр карда шудааст, мерос гиред. 35  Зеро, вақте ман гурусна будам, шумо ба ман хӯрок додед, ташна будам, ба ман об додед, ғариб будам, маро меҳмоннавозӣ кардед, 36  бараҳна будам*, маро либос пӯшондед, бемор будам, маро нигоҳубин кардед ва, вақте дар зиндон будам, маро хабар гирифтед”. 37  Росткорон дар ҷавоб ба ӯ хоҳанд гуфт: “Эй Ҳазрат, кай мо туро гурусна дидему хӯрок додем ё ташна дидему об додем, 38  ғариб дидему меҳмоннавозӣ кардем ё бараҳна дидему либос пӯшондем? 39  Ё кай бемор ё зиндонӣ дидему ба хабаргириат рафтем?” 40  Подшоҳ ба онҳо ҷавоб медиҳад: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чӣ шумо ба яке аз ин бародарони хурдтарини ман кардед, ба ман кардед”. 41  Баъд ӯ ба онҳое, ки аз тарафи чапаш мебошанд, чунин мегӯяд: “Аз ман дур шавед, эй лаънатёфтагон, ва ба оташи абадие, ки барои Иблис ва фариштаҳояш тайёр шудааст, биравед. 42  Охир, вақте ман гурусна будам, шумо ба ман хӯроке надодед, ташна будам, об надодед, 43  ғариб будам, меҳмоннавозӣ накардед, бараҳна будам, либосе напӯшондед, бемору зиндонӣ будам, ба ман ёрӣ надодед”. 44  Онҳо низ дар ҷавоб хоҳанд гуфт: “Ҳазрат, кай мо туро гурусна, ташна, ғариб, бараҳна, бемор ё дар зиндон дидему ба ту хизмат накардем?” 45  Ӯ ба онҳо чунин хоҳад гуфт: “Ба ростӣ ба шумо мегӯям: он чӣ шумо ба яке аз ин хурдтаринҳо накардед, ба ман накардед”. 46  Ин одамон абадан несту нобуд хоҳанд шуд*, вале росткорон ҳаёти ҷовидонӣ хоҳанд ёфт».

Эзоҳҳо

Ё «боандеша».
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «нуқраҳоро».
Дар матни аслӣ «нуқраҳои».
Ин ба вақте ишора мекунад, ки Одаму Ҳавво фарзанддор шуданд.
Ё «дар танам либоси кофӣ надоштам».
Дар матни аслӣ «бурида партофта хоҳанд шуд».