Матто 24:1-51

  • АЛОМАТИ ҲУЗУР ДОШТАНИ МАСЕҲ (151)

    • Ҷангҳо, гуруснагиҳо, заминҷунбиҳо (7)

    • Мавъиза шудани хушхабар (14)

    • Мусибати бузург (21, 22)

    • Аломати Писари одам (30)

    • Дарахти анҷир (3234)

    • Монандӣ ба рӯзҳои Нӯҳ (3739)

    • Бедор бошед (4244)

    • Ғуломи боваринок ва ғуломи бадкор (4551)

24  Ҳангоме ки Исо аз маъбад мебаромад, шогирдонаш ба назди ӯ омада, диққаташро ба девору биноҳои маъбад ҷалб карданд. 2  Исо ба онҳо гуфт: «Оё ин биноҳоро мебинед? Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар ин ҷо санге бар санге намонда, ҳамааш ба хок яксон хоҳад шуд».  Вақте ки Исо бар кӯҳи Зайтун менишаст, шогирдонаш дар танҳоӣ ба назди ӯ омада, пурсиданд: «Ба мо бигӯй, ки ин кай рӯй медиҳад ва аломати ҳузур доштани* ту ва охирзамон* чӣ хоҳад буд?» 4  Исо дар ҷавоб ба онҳо гуфт: «Эҳтиёт шавед, ки касе шуморо гумроҳ насозад, 5  зеро бисёриҳо омада, аз номи ман мегӯянд: “Ман Масеҳ ҳастам” ва мардуми зиёдеро гумроҳ месозанд. 6  Шумо садои ҷанг ва овозаи ҷангҳоро хоҳед шунид, лекин ба воҳима наафтед. Ҳамаи ин чизҳо бояд рӯй диҳанд, аммо ин ҳанӯз охир нест. 7  Як халқ бо халқи дигаре ва як давлат бо давлати дигаре ҷанг хоҳад кард ва дар ҳама ҷо пайи ҳам гуруснагӣ ва заминҷунбӣ ба амал хоҳад омад. 8  Ҳамаи ин саршавии дардҳост. 9  Он вақт одамон шуморо азоб медиҳанду мекушанд ва ҳамаи халқҳо аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунанд. 10  Ҳамчунин дар он замон бисёриҳо аз имон мегарданд*, ба якдигар хиёнат менамоянд ва аз якдигар нафрат мекунанд. 11  Пайғамбарони бардурӯғи зиёде ба миён меоянд ва бисёриҳоро гумроҳ месозанд. 12  Ва аз сабаби зиёд шудани бадкорӣ муҳаббати бисёриҳо сард мегардад. 13  Вале ҳар кӣ то охир истодагарӣ кунад, наҷот меёбад. 14  Ва хушхабар дар бораи Подшоҳии Худо дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид. 15  Шумо, чуноне ки ба воситаи Дониёл-пайғамбар гуфта шудааст, чизи нафратангезро, ки ҳама чиро несту нобуд мекунад, дар ҷойи муқаддас хоҳед дид (бигзор хонанда барои фаҳмидани ин фикру мулоҳиза ронад). 16  Он вақт ҳамаи онҳое, ки дар Яҳудия ҳастанд, ба кӯҳистон гурезанд. 17  Бигзор ҳар кӣ дар болои бом аст, барои гирифтани чизу чорааш ба поён нафарояд 18  ва ҳар кӣ дар саҳрост, барои гирифтани ҷомаи худ ба хона барнагардад. 19  Вой бар ҳоли заноне, ки он рӯзҳо ҳомиладор хоҳанд буд, ва модароне, ки кӯдаки ширмак хоҳанд дошт! 20  Дуо гӯед, ки гурехтани шумо ба зимистон ё рӯзи шанбе рост наояд, 21  зеро он вақт мусибати бузурге рӯй медиҳад, ки аз аввали ҷаҳон то ба ҳол рӯй надода буд ва дигар ҳеҷ гоҳ рӯй нахоҳад дод. 22  Ва, агар он рӯзҳо кӯтоҳ карда намешуданд, ҳеҷ кас наҷот намеёфт, лекин ба хотири интихобшудагон он рӯзҳо кӯтоҳ карда мешаванд. 23  Агар касе ба шумо гӯяд, ки “Масеҳ ин ҷост!” ё “Ӯ он ҷост!”, бовар накунед. 24  Зеро одамоне пайдо мешаванд, ки худро бардурӯғ Масеҳ ва пайғамбар меноманд ва аломатҳои бузургу мӯъҷизаҳо нишон медиҳанд, то, агар тавонанд, ҳатто интихобшудагонро гумроҳ кунанд. 25  Инак, ман пешакӣ шуморо огоҳ намудам. 26  Бинобар ин, агар ба шумо “ӯ дар биёбон аст” гӯянд, ба он ҷо наравед ва, агар гӯянд, ки “ӯ дар хонаҳои дарунӣ аст”, бовар накунед. 27  Зеро, чи тавре ки дурахши барқ тамоми осмонро аз шарқ то ба ғарб фаро мегирад, ҳузур доштани* Писари одам низ ҳамон тавр хоҳад буд. 28  Ҳар ҷо ҷасади мурдае бошад, уқобон дар он ҷо ҷамъ меоянд. 29  Дарҳол баъд аз мусибате, ки дар он рӯзҳо ба амал меояд, офтоб хира мегардад ва моҳтоб дигар равшанӣ намедиҳад, ситорагон аз осмон меафтанд ва қувваҳои осмон ба ларзиш меоянд. 30  Он гоҳ дар осмон аломати Писари одам пайдо хоҳад шуд ва ҳамаи қабилаҳои рӯйи замин аз ғаму андӯҳ ба синаашон хоҳанд зад. Онҳо Писари одамро, ки бар абрҳои осмон бо қудрат ва ҷалоли бузург меояд, хоҳанд дид. 31  Ӯ бо садои баланди карнай фариштагони худро мефиристад ва онҳо интихобшудагонро аз чор тарафи дунё*, аз як канори осмон то канори дигари он, ҷамъ меоранд. 32  Ба дарахти анҷир нигоҳ кунед: ҳамин ки шохаҳои он муғҷа баста, барг мебароранд, шумо мефаҳмед, ки тобистон наздик аст. 33  Ба ин монанд, вақте ҳамаи ин воқеаҳоро мебинед, донед, ки Писари одам наздик аст, дар пеши дар аст. 34  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз ин насл аз байн нарафта, ҳамаи ин чизҳо ба амал меоянд. 35  Замину осмон аз байн мераванд, аммо суханони ман ҳаргиз аз байн нахоҳанд рафт. 36  Он рӯз ва соатро ғайр аз Падар ҳеҷ кас намедонад: на фариштагони осмон, на Писар. 37  Лекин чунон ки дар рӯзҳои Нӯҳ-пайғамбар буд, дар вақти ҳузури* Писари одам низ ҳамон хел хоҳад буд. 38  Чи тавре ки пеш аз Тӯфон, то вақти ба киштӣ* даромадани Нӯҳ, одамон мехӯрданду менӯшиданд, зан мегирифтанду ба шавҳар мебаромаданд 39  ва то вақти омада, ҳамаро несту нобуд кардани Тӯфон чизе намефаҳмиданд, дар вақти ҳузури Писари одам низ ҳамон тавр хоҳад шуд. 40  Он вақт аз ду марде, ки дар киштзоранд, яке бурда мешавад ва дигаре мемонад. 41  Ва аз ду зане, ки бо осиёи дастӣ гандум орд мекунанд, яке бурда мешавад ва дигаре мемонад. 42  Пас, бедор бошед, зеро намедонед, ки Ҳазрататон дар кадом рӯз меояд. 43  Вале ҳаминро бидонед, ки агар соҳиби хона дар кадом вақт* омадани дуздро медонист, вай тамоми шаб бедор истода, намемонд, ки ӯ ба хонааш дарояд. 44  Бинобар ин шумо низ тайёр бошед, чунки Писари одам дар соате меояд, ки гумон надоред. 45  Кист он ғуломи бовариноку боандеша, ки хӯҷаинаш ӯро бар ғуломони дигари худ таъйин кардааст, то ба онҳо сари вақт хӯрок диҳад? 46  Хушбахт аст он ғулом, агар хӯҷаинаш омада, вайро машғули ҳамин кор ёбад. 47  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ӯ ғуломро бар тамоми молу мулки худ таъйин хоҳад кард. 48  Лекин, агар он ғулом бадкор бошаду дар дили худ “хӯҷаинам ба ин зудӣ намеояд” гуфта, 49  ба задани ғуломони дигар сар кунад ва ҳамроҳи бадмастон ба хӯрдану нӯшидан машғул гардад, 50  хӯҷаини он ғулом дар рӯзе, ки вай интизор нест, ва дар соате, ки вай намедонад, омада, 51  ӯро сахт ҷазо медиҳаду ба назди дурӯягон мепартояд. Ӯ дар он ҷо гиря мекунаду дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонад.

Эзоҳҳо

Ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «пешпо мехӯранд».
Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «чор шамол».
Ниг. ба луғат
Дар матни аслӣ «қуттӣ».
Дар матни аслӣ «поси шаб».