Матто 22:1-46

  • Мисол дар бораи тӯйи арӯсӣ (114)

  • Худо ва қайсар (1522)

  • Савол дар бораи эҳёшавӣ (2333)

  • Ду амри муҳимтарин (3440)

  • Оё Масеҳ писари Довуд аст? (4146)

22  Исо боз бо мисолҳо ба онҳо сухан ронда гуфт: 2  «Подшоҳии осмонро ба подшоҳе монанд кардан мумкин аст, ки писарашро хонадор карданӣ шуда базм барпо кард. 3  Ӯ ғуломонашро барои овардани одамоне, ки ба тӯйи арӯсӣ таклиф шуда буданд, фиристод, вале онҳо омадан нахостанд. 4  Он гоҳ подшоҳ ғуломони дигарашро фиристода, гуфт: “Ба даъватшудагон чунин гӯед: “Инак, ман зиёфатро омода намудам, барзаговҳо ва дигар чорвои беҳтаринро сар буридам ва ҳама чиз тайёр аст. Ба тӯйи арӯсӣ биёед”. 5  Вале даъватшудагон ба суханони ғуломон беэътиноӣ карда, яке ба киштзори худ ва дигаре аз пайи харидуфурӯш рафтанд, 6  боқимондагон бошанд, ғуломони подшоҳро дошта, онҳо латукӯб карданд ва оқибат куштанд. 7  Инро фаҳмида подшоҳ ба ғазаб омад ва сарбозонашро фиристода, он одамкушонро ба қатл расонд ва шаҳрашонро оташ зад. 8  Баъд аз ин ӯ ба ғуломонаш гуфт: “Зиёфати тӯй тайёр аст, вале даъватшудагон сазовори чунин базм нестанд. 9  Барои ҳамин ба сари роҳҳои калон баромада, ҳар касеро, ки мебинед, ба тӯй даъват кунед”. 10  Ғуломон ба сари роҳҳо баромада, ҳамаи одамони ёфтаашонро, ки дар қаторашон ҳам одамони нағз буданду ҳам одамони бад, ба тӯйхона ҷамъ оварданд ва он ҷо аз меҳмонон пур шуд. 11  Вақте ки подшоҳ барои дидани меҳмонон ба тӯйхона даромад, чашмаш ба марде афтод, ки либоси тӯёна надошт. 12  Аз ин рӯ ӯ гуфт: “Эй дӯст, ту ба ин ҷо бе либоси тӯёна чӣ тавр даромадӣ?” Он мард бошад, чӣ гуфтанашро надонист. 13  Инро дида подшоҳ ба хизматгоронаш гуфт: “Дасту пояшро баста, вайро ба берун, ба торикӣ, партоед, ки он ҷо ӯ гиря мекунаду дандонҳояшро ғиҷиррос мезанонад”. 14  Бале, даъватшудагон бисёранд, лекин интихобшудагон кам». 15  Он гоҳ фарисиён рафта, забон як карданд, то дар суханони Исо айбе ёбанд. 16  Бинобар ин шогирдони худро якҷоя бо тарафдорони Ҳиродус ба назди ӯ фиристоданд ва онҳо гуфтанд: «Эй Устод, мо медонем, ки ту шахси ростқавл ҳастӣ ва дар бораи Худо ҳақиқатро таълим медиҳӣ. Ту ба ҳеҷ кас хушомад намекунӣ, зеро барои ту мансабу мартабаи одам аҳамияте надорад. 17  Пас, ба мо бигӯ: ба фикри ту, ба қайсар* андози сарикасӣ супоридан равост ё не?» 18  Исо нияти бади онҳоро дониста чунин гуфт: «Барои чӣ маро месанҷед, эй дурӯяҳо? 19  Канӣ, ба ман тангаеро, ки бо он андоз месупоред, нишон диҳед». Ва онҳо ба ӯ диноре* оварданд. 20  Исо аз онҳо пурсид: «Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?» 21  Онҳо ҷавоб доданд: «Қайсарро». Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз они қайсар аст, ба қайсар диҳед ва он чӣ аз они Худост — ба Худо». 22  Вақте онҳо ҷавоби Исоро шуниданд, ба ҳайрат афтоданд ва дигар ба ӯ кордор нашуда, аз наздаш рафтанд. 23  Он рӯз саддуқиён, ки ба эҳёшавӣ бовар намекарданд, ба назди Исо омада, пурсиданд: 24  «Устод, Мӯсо-пайғамбар гуфтааст: “Агар мард фарзанд надида бимирад, бародари он шахс бояд ба зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад”. 25  Дар як оила ҳафт бародар буданд. Бародари калонӣ оиладор шуд ва, азбаски соҳиби фарзанд нагашта мурд, зани вайро додараш гирифт. 26  Бо бародари дуюм, сеюм ва то ҳафтум айнан ҳамон ҳодиса рӯй дод. 27  Баъд аз ҳамаи онҳо худи зан ҳам мурд. 28  Пас, дар вақти эҳёшавӣ вай зани кадоме аз он ҳафт бародар мешавад? Охир, ҳамаи онҳо ӯро ба занӣ гирифта буданд». 29  Дар ҷавоб Исо ба онҳо гуфт: «Шумо гумроҳ ҳастед, чунки на Навиштаҳои Муқаддасро медонеду на қудрати Худоро. 30  Вақте ки мурдагон эҳё мешаванд, онҳо на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд, балки мисли фариштагоне хоҳанд буд, ки дар осмонанд. 31  Лекин, агар дар бораи эҳёшавии мурдагон гӯем, магар нахондаед, ки Худо ба шумо чӣ гуфта буд? 32  Ӯ гуфтааст: “Ман Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб ҳастам”. Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст». 33  Мардум инро шунида аз таълими ӯ дар ҳайрат монданд. 34  Вақте фарисиён шуниданд, ки саддуқиён дар ҷавоб ба суханони Исо чизе гуфта натавонистанд, ба назди ӯ ҷамъ омаданд. 35  Яке аз онҳо, ки Шариатро хуб медонист, ӯро санҷиданӣ шуда пурсид: 36  «Устод, кадом амр дар Шариат муҳимтарин аст?» 37  Исо ба ӯ ҷавоб дод: «“Худои худ Яҳуваро бо тамоми дили худ, бо тамоми ҷони худ ва бо тамоми ақли худ дӯст дор”. 38  Ин аст амри муҳимтарин ва аввалин. 39  Амри дуюме, ки монанди он аст, чунин мебошад: “Дигаронро мисли худат дӯст дор”. 40  Тамоми Таврот ва Навиштаҳои пайғамбарон бар ин ду амр асос ёфтааст». 41  Ҳангоме ки фарисиён дар пеши Исо буданд, ӯ аз онҳо пурсид: 42  «Шумо дар бораи Масеҳ чӣ фикр доред? Ӯ писари кист?» Онҳо ҷавоб доданд: «Писари Довуд». 43  Ӯ боз ба онҳо гуфт: «Ин тавр бошад, барои чӣ Довуд зери таъсири рӯҳи муқаддас ӯро “Сарвар” номида чунин гуфтааст: 44  “Яҳува ба Сарвари ман гуфт: “Аз тарафи рости Ман шин, то даме ки душманонатро зери пойи ту гузорам”? 45  Агар Довуд ӯро “Сарвар” номад, пас, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?» 46  Ҳеҷ кас дар ҷавоб ба ӯ чизе гуфта натавонист ва баъд аз он касе ҷуръат намекард, ки ба ӯ савол диҳад.

Эзоҳҳо

Унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.
Ниг. ба луғат.