Матто 18:1-35

  • Бузургтарин шахс дар Подшоҳии Худо (16)

  • Сабабҳои гуноҳ кардан (711)

  • Мисол дар бораи гӯсфанди гумшуда (1214)

  • Баргардонидани бародар (1520)

  • Мисол дар бораи ғуломе, ки рафиқашро бахшидан нахост (2135)

18  Он гоҳ шогирдон назди Исо омада, пурсиданд: «Дар Подшоҳии осмон кӣ аз ҳама бузург хоҳад буд?» 2  Исо кӯдакеро ба назди худ хонда, ӯро дар байни онҳо гузошт 3  ва гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: то даме ки тарзи фикррониатонро тағйир дода, мисли кӯдакон нагардед, ба Подшоҳии осмон дохил нахоҳед шуд. 4  Пас, ҳар кӣ худро мисли ин кӯдак фурӯтан созад, дар Подшоҳии осмон аз ҳама бузург хоҳад буд. 5  Ва ҳар кӣ яке аз чунин кӯдаконро ба хотири номи ман қабул кунад, ҳамчунин маро қабул мекунад. 6  Аммо ҳар кӣ ба пешпо хӯрдани яке аз ин хурдон, ки ба ман имон дорад, сабаб гардад, барояш беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш баста, ӯро дар баҳр ғарқ кунанд. 7  Вой бар ҳоли ин ҷаҳон, ки сабаби гуноҳ кардани* одамон мегардад! Онҳое, ки сабаби гуноҳ кардани дигарон мешаванд, ҳатман ба миён хоҳанд омад, аммо вой бар ҳоли чунин шахсон! 8  Пас, агар даст ё поят сабаби гуноҳ кардани* ту шавад, онро бурида парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки аз даст ё поят маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду даст ё бо ду пой ба оташи абадӣ партофта шавӣ. 9  Ҳамчунин, агар чашмат сабаби гуноҳ кардани* ту гардад, онро канда парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки бо як чашм соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду чашмат ба оташи водии Ҳиннӯм* партофта шавӣ. 10  Эҳтиёт шавед, ки ягонтои ин хурдонро кам нашуморед, зеро ба шумо мегӯям: фариштаҳои онҳо ҳамеша рӯйи Падари маро, ки дар осмон аст, мебинанд. 11  *—— 12  Шумо чӣ фикр доред: агар касе сад гӯсфанд дошта бошаду яке аз онҳо гум шавад, магар наваду нӯҳ гӯсфандашро дар кӯҳсор гузошта, ба ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшудааш намеравад? 13  Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки агар гӯсфандашро ёбад, барои он назар ба наваду нӯҳ гӯсфанде, ки гум нашуда буданд, бештар шодӣ мекунад. 14  Ба ин монанд, Падари осмонии ман* низ намехоҳад, ки ҳатто яке аз ин хурдон нобуд шавад. 15  Беш аз ин, агар бародарат бар зидди ту гуноҳ кунад, рафта, рӯ ба рӯ, дар танҳоӣ ба вай хатояшро фаҳмон. Агар ӯ ба ту гӯш диҳад, пас, бародаратро ба роҳи рост баргардондӣ. 16  Лекин, агар гӯш надиҳад, як ё ду нафарро ҳамроҳи худ бар, то бо гувоҳии* ду ё се шоҳид ҳақ будани ҳар сухан исбот гардад. 17  Агар ба онҳо ҳам гӯш надиҳад, ба ҷамъомад гап зан. Агар ҳатто ба ҷамъомад гӯш надиҳад, бигзор ӯ барои ту мисли одами ин ҷаҳон* ва ҷамъкунандаи андоз бошад. 18  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар чизе, ки шумо дар замин мебандед, аллакай дар осмон баста шудааст ва ҳар чизе, ки шумо дар замин мекушоед, аллакай дар осмон кушода шудааст. 19  Боз ба шумо мегӯям: агар ду нафари шумо дар замин ҳамфикр шуда, оиди ягон чизи муҳим дуо гӯед, Падари ман, ки дар осмон аст, онро ба ҷо хоҳад овард. 20  Зеро ҳар ҷое, ки ду ё се нафар ба номи ман ҷамъ шаванд, ман бо онҳо хоҳам буд». 21  Баъди ин Петрус ба назди ӯ омада, пурсид: «Эй Ҳазрат, агар бародарам бар зидди ман гуноҳ кардан гирад, чанд бор бояд ӯро бахшам? То ҳафт бор?» 22  Исо ба ӯ гуфт: «Ба ту мегӯям, ки на ҳафт бор, балки то ҳафтоду ҳафт бор. 23  Пас, Подшоҳии осмонро ба подшоҳе монанд кардан мумкин аст, ки мехост аз ғуломони худ қарзҳои додаашро гардонда гирад. 24  Вақте ки ӯ ба ҷамъ кардани қарзҳояш сар кард, ба наздаш мардеро оварданд, ки даҳ ҳазор талант* қарздор буд. 25  Лекин, азбаски барои адои қарзаш имконият надошт, хӯҷаинаш фармон дод, ки ӯро бо зану фарзандон ва тамоми чизу чорааш фурӯшанд ва қарзашро баргардонанд. 26  Он гоҳ ғулом худро пеши пойи подшоҳ партофт ва зорию тавалло карда гуфт: “Ба ман камтар вақт деҳ ва ман ҳамаашро ба ту бармегардонам”. 27  Азбаски дили подшоҳ ба ҳоли ӯ сӯхт, вай ғуломашро ҷавоб дод ва қарзашро бахшид. 28  Аммо он ғулом аз пеши хӯҷаинаш баромада, ғуломи дигареро, ки аз вай сад динор* қарздор буд, ёфт ва ӯро аз гулӯяш дошта ба буғӣ кардан сар кард ва гуфт: “Тамоми қарзеро, ки аз ман гирифта будӣ, гардонда деҳ”. 29  Он гоҳ ғуломи қарздор ба пеши пойи ӯ афтода илтиҷо кард: “Камтар вақт деҳ ва ман қарзамро бармегардонам”. 30  Аммо ӯ ҳатто гӯш кардан ҳам нахост ва он ғуломро ба зиндон партофт ва ӯ, то даме ки қарзашро адо накунад, бояд дар он ҷо мемонд. 31  Вақте ки ғуломони дигар инро диданд, сахт ғамгин шуданд ва рафта, ҳамаашро ба хӯҷаинашон нақл карданд. 32  Инро шунида подшоҳ он ғуломро ба назди худ хонду гуфт: “Эй ғуломи бадкор, вақте ки ту аз ман зориву илтиҷо кардӣ, ман тамоми қарзатро бахшидам. 33  Пас, магар ту низ набояд ба рафиқат раҳм мекардӣ, чи тавре ки ман ба ту кардам?” 34  Подшоҳ ба хашм омада ғуломро ба зиндонбонон супурд, то ки вай то дами пурра адо кардани қарзаш дар зиндон нигоҳ дошта шавад. 35  Агар шумо ҳам бародари худро аз таҳти дил набахшед, Падари осмонии ман бо шумо чунин хоҳад кард».

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани».
Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани».
Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани».
Рамзи несту нобудшавии абадӣ. Ниг. ба луғат.
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Ё эҳтимол «шумо».
Дар матни аслӣ «даҳони».
Аз афташ, ин ибора ба ғайрияҳудиёне, ки ба Худо боварӣ надоштанд, ишора мекунад.
10 000 талант нуқра ба 60 миллион динор баробар буд. Як таланти юнонӣ тахминан 20,4 кг буд.
Ниг. ба луғат.