Матто 14:1-36

  • Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро аз танаш ҷудо мекунанд (112)

  • Исо 5000 мардро сер мекунад (1321)

  • Исо рӯйи об роҳ меравад (2233)

  • Шифо додани беморон дар Ҷинесор (3436)

14  Дар он вақт Ҳиродус*, ки ҳокими вилоят* буд, овозаи Исоро шунида 2  ба хизматгоронаш гуфт: «Ин Яҳёи Таъмиддиҳанда аст, ки аз мурдагон зинда шудааст. Аз ин сабаб ӯ ин мӯъҷизаҳоро ба амал меорад». 3  Чанде пеш Ҳиродус аз боиси Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппус, Яҳёро дастгир ва бандубаст карда, ба зиндон партофта буд, 4  зеро Яҳё ба ӯ мегуфт: «Раво нест, ки ӯ зани ту бошад». 5  Ҳарчанд Ҳиродус мехост, ки ӯро кушад, аммо аз мардум метарсид, чунки онҳо Яҳёро пайғамбар меҳисобиданд. 6  Лекин, вақте ки рӯзи таваллуди Ҳиродусро қайд мекарданд, духтари Ҳиродия ба муносибати он ҷашн рақс кард ва ин ба Ҳиродус чунон маъқул шуд ки, 7  ӯ қасам хӯрда ваъда дод, ки ҳар чизе вай хоҳиш кунад, барояш медиҳад. 8  Он гоҳ духтар аз рӯйи маслиҳати модараш чунин гуфт: «Ба ман каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар табақе бидеҳ».  Подшоҳ ғамгин шуд, лекин ба хотири он ки дар пеши меҳмонон қасам хӯрда буд, фармон дод, ки хоҳиши духтар ба ҷо оварда шавад. 10  Барои ҳамин ӯ ба зиндон одам фиристод, то сари Яҳёро аз танаш ҷудо кунанд. 11  Каллаи Яҳёро дар табақе оварда, ба духтар дароз карданд ва ӯ онро ба модараш бурд. 12  Пас аз ин воқеа шогирдони Яҳё омада, ҷасади ӯро гирифта, гӯрониданд ва баъд дар ин бора ба Исо хабар доданд. 13  Исо инро шунида ба қаиқ савор шуд ва ба ҷойи беодаме рафт, то танҳо бимонад. Аммо мардум дар ин бора хабар ёфта аз шаҳрҳои худ пиёда аз пайи ӯ рафтанд. 14  Вақте ки Исо аз қаиқ фаромад, мардуми бисёреро дида дилаш ба онҳо сӯхт ва онҳоеро, ки бемор буданд, шифо дод. 15  Шомгоҳон шогирдонаш ба назди ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст, мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо рафта, барои худ хӯрдание харанд». 16  Аммо Исо ба онҳо гуфт: «Ба рафтани онҳо ҳоҷат нест — шумо ба онҳо хӯрок диҳед». 17  Шогирдон бошанд, чунин гуфтанд: «Мо ғайр аз панҷ нон ва ду моҳӣ дигар ҳеҷ чиз надорем». 18  Исо гуфт: «Он чизҳоро назди ман оред». 19  Сипас ӯ ба мардум фармуд, ки ба рӯйи сабза нишинанд, ва худ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт. Баъд нонҳоро шикаста, ба шогирдонаш дод ва онҳо ба мардум тақсим карданд. 20  Ҳама хӯрда сер шуданд ва аз нонпораҳои боқимонда дувоздаҳ сабадро пур карданд. 21  Шумораи хӯрандагон, ғайр аз занону кӯдакон, қариб панҷ ҳазор нафар буд. 22  Сипас Исо дарҳол ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши ӯ ба он тарафи соҳил шино кунанд, худаш бошад, барои ҷавоб додани мардум дар он ҷо монд. 23  Пас аз гусел кардани одамон ӯ барои дуо гуфтан ба кӯҳ баромад ва то бевақтӣ дар он ҷо танҳо буд. 24  Он вақт қаиқ аз соҳил садҳо метр* дур рафта буд ва, азбаски шамол ба муқобили он мевазид ва баҳр талотум мекард, шогирдон бо азоб қаиқ меронданд. 25  Қариби саҳар* Исо рӯ-рӯйи баҳр қадам зада ба тарафи онҳо омад. 26  Чун шогирдон диданд, ки ӯ дар рӯйи баҳр меояд, ба изтироб омада гуфтанд: «Ин хоб аст ё бедорӣ?» Ва аз тарс бо овози баланд дод заданд. 27  Лекин Исо дарҳол ба онҳо гуфт: «Ором бошед! Натарсед! Ин манам». 28  Петрус дар ҷавоб гуфт: «Ҳазрат, агар ин ту бошӣ, ба ман фармо, ки дар рӯйи об қадам зада пеши ту оям». 29  Исо ба ӯ гуфт: «Биё!» Он гоҳ Петрус аз қаиқ баромад ва рӯ-рӯйи об ба тарафи Исо равона шуд. 30  Аммо, вақте нигоҳашро ба тӯфон равона кард, тарсиду ғӯтидан гирифт ва фарёд зад: «Ҳазратам, маро наҷот деҳ!» 31  Исо ҳамон лаҳза дасти худро дароз карда, ӯро дошт ва гуфт: «Эй сустимон, чаро шубҳа кардӣ?» 32  Вақте ки онҳо ба қаиқ даромаданд, тӯфон ором шуд. 33  Он гоҳ касоне, ки дар қаиқ буданд, ба ӯ таъзим карда гуфтанд: «Дар ҳақиқат ту Писари Худо* ҳастӣ». 34  Ва онҳо ба соҳили дигар шино карда, ба сарзамини Ҷинесор расиданд. 35  Аҳолии он ҷо Исоро шинохта дар бораи омаданаш ба тамоми маҳалҳои гирду атроф хабар доданд ва мардум ҳамаи беморонро назди ӯ оварданд. 36  Онҳо илтиҷо мекарданд, ки иҷозат диҳад, то ақаллан ба домани либосаш даст расонанд. Ва ҳар касе, ки даст мерасонд, аз дарди худ пурра шифо меёфт.

Эзоҳҳо

Яъне Ҳиродуси Антипас, писари Ҳиродуси Бузург.
Дар матни аслӣ «тетрарх».
Дар матни аслӣ «стадияҳои зиёд». Як стадия ба 185 м баробар аст.
Дар матни аслӣ «Дар поси чоруми шаб», яъне тақрибан аз соати сеи шаб то шаши саҳар.
Ниг. ба луғат.