Матто 10:1-42

  • Дувоздаҳ расул (14)

  • Дастурот барои мавъиза (515)

  • Шогирдонро таъқиб мекунанд (1625)

  • Аз Худо бояд тарсид, на аз одамон (2631)

  • Исо на осоиштагӣ, балки шамшер меорад (3239)

  • Қабул кардани шогирдони Исо (4042)

10  Пас аз ин Исо дувоздаҳ шогирди худро даъват карда, ба онҳо қудрат дод, ки аз одамон рӯҳҳои нопокро берун кунанд ва ҳар гуна дарду бемориҳоро шифо диҳанд. 2  Номҳои дувоздаҳ расулон чунинанд: Шимъӯн, ки Петрус номида мешуд, ва бародараш Андриёс, писарони Забдой — Яъқуб ва Юҳанно, 3  Филиппус ва Барталмо, Тумо ва Маттои ҷамъкунандаи андоз, Яъқуб — писари Ҳалфой, Таддо*, 4  Шимъӯни Қанно* ва Яҳудои Исқарют, ки баъдтар ба ӯ хиёнат кард. 5  Исо он дувоздаҳ нафарро ба назди одамон фиристода, чунин дастурот дод: «Ба пеши халқҳои дигар наравед ва ба ягон шаҳри Сомария надароед, 6  балки танҳо ба назди гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил биравед. 7  Ҳангоми роҳ рафтанатон мавъиза карда гӯед: “Подшоҳии осмон наздик шудааст”. 8  Беморонро шифо диҳед, мурдагонро зинда кунед, махавиёнро пок намоед ва девҳоро берун кунед. Муфт ёфтед, муфт диҳед. 9  Ба ҳамёнатон тангаҳои тилло, нуқра ё мисин наандозед 10  ва бо худ тӯшаи роҳ, либоси иловагӣ*, пойафзол ё асое нагиред, зеро меҳнаткаш сазовори он аст, ки ба вай хӯрду хӯрок дода шавад. 11  Ба кадом шаҳр ё деҳае надароед, онҳоеро ҷӯед, ки ба қабул кардани шумо сазоворанд, ва то рафтанатон дар он ҷо монед. 12  Вақте ки ба хонае медароед, ба аҳли хонавода салом диҳед. 13  Агар аҳли хона шуморо қабул кунанд, бигзор саломи* шумо бар онҳо қарор гирад, лекин, агар онҳо шуморо қабул накунанд, бигзор саломатон ба шумо баргардад. 14  Агар касе шуморо қабул накунад ё ба суханонатон гӯш надиҳад, ҳангоми аз он хона ё шаҳр баромада рафтанатон чанги пойи худро афшонед*. 15  Ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки дар Рӯзи Доварӣ ҳолати сарзамини Садӯм ва Амӯро аз ҳолати он шаҳр сабуктар хоҳад буд. 16  Инак, ман шуморо ба назди одамон мефиристам ва шумо чун гӯсфандон дар миёни гургон хоҳед буд, пас, мисли морон эҳтиёткору мисли кабӯтарон беозор бошед. 17  Эҳтиёт шавед, зеро одамон шуморо ба додгоҳҳо мекашанд ва дар ибодатгоҳҳояшон қамчинкорӣ мекунанд. 18  Ва аз сабаби маро пайравӣ карданатон шуморо ба назди ҳокимон ва подшоҳон мебаранд, то ба онҳо ва ба халқҳо шаҳодат диҳед. 19  Лекин, вақте ки шуморо ба додгоҳҳо мекашанд, ғам нахӯред, ки чӣ мегӯед ва чӣ тавр сухан меронед, чунки дар он соат ба шумо дода мешавад, ки чӣ бояд гӯед. 20  Он вақт на шумо, балки рӯҳи Падаратон ба воситаи шумо сухан мегӯяд. 21  Дар он айём бародар бародарро ва падар фарзандашро ба марг месупорад, ҳамчунин фарзандон ба падару модари худ зид баромада, онҳоро ба ҳалокат мерасонанд. 22  Ва ҳама аз барои номи ман аз шумо нафрат мекунанд, вале ҳар кӣ то охир истодагарӣ кунад, наҷот меёбад. 23  Вақте шуморо дар як шаҳр таъқиб мекунанд, ба шаҳри дигар гурезед. Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳанӯз шумо тамоми шаҳрҳои Исроилро нагашта, Писари одам хоҳад омад. 24  Шогирд аз устод ва ғулом аз хӯҷаини худ болотар нест. 25  Барои шогирд басанда аст, ки чун устодаш шавад, ва барои ғулом — чун хӯҷаинаш. Агар соҳиби хонаро Баал-Забул* номанд, магар аҳли хонаводаашро низ чунин нахоҳанд номид? 26  Барои ҳамин аз онҳо натарсед, зеро ҳеҷ чизи пӯшидае нест, ки маълум нашавад, ва ҳеҷ сирре нест, ки ошкор нагардад. 27  Он чӣ ба шумо дар торикӣ мегӯям, дар рӯшноӣ гӯед ва он чӣ дар гӯшатон гуфта мешавад, аз болои бомҳо эълон кунед. 28  Аз онҳое, ки ҷисмро мекушанд, вале ҷонро кушта наметавонанд*, натарсед, балки аз Оне тарсед, ки метавонад ҳам ҷон ва ҳам ҷисмро дар водии Ҳиннӯм* несту нобуд кунад. 29  Магар ду гунҷишкро ба як тин* намефурӯшанд? Бо вуҷуди ин, агар ягонтои онҳо ба замин афтад, ин аз назари Падаратон дур намемонад. 30  Аммо ҳар як тори мӯйи шумо шумурда шудааст. 31  Бинобар ин натарсед: шумо аз гунҷишкҳои зиёд пурарзиштаред. 32  Ҳар касе, ки маро дар пеши одамон эътироф кунад, ман низ ӯро дар пеши Падари худ, ки дар осмон аст, эътироф хоҳам кард. 33  Вале касе дар пеши одамон аз ман рӯ гардонад, ман низ дар пеши Падари худ, ки дар осмон аст, аз ӯ рӯ мегардонам. 34  Фикр накунед, ки ман барои ба замин овардани осоиштагӣ омадаам. Не, барои он омадам, ки на осоиштагӣ, балки шамшер орам. 35  Зеро ман омадам, то писарро аз падараш, духтарро аз модараш ва келинро аз хушдоманаш ҷудо кунам. 36  Аъзои оилаи одам душмани ӯ хоҳанд шуд. 37  Касе падар ё модари худ ва ҳамчунин касе, ки писар ё духтари худро аз ман дида бисёртар дӯст дорад*, сазовор нест, ки шогирди ман бошад. 38  Ва ҳар касе, ки намехоҳад сутуни азобу шиканҷаашро* бардошта, маро пайравӣ кунад, сазовор нест, ки шогирди ман бошад. 39  Касе, ки ҷони худро нигоҳ доштан хоҳад, онро аз даст медиҳад, вале ҳар кӣ ҷони худро ба хотири ман аз даст диҳад, онро пайдо хоҳад кард. 40  Ҳар кӣ шуморо қабул кунад, маро низ қабул мекунад ва ҳар кӣ маро қабул кунад, Фиристандаи маро низ қабул мекунад. 41  Ҳар касе пайғамбарро барои пайғамбар буданаш қабул кунад, мисли пайғамбар мукофот хоҳад гирифт ва ҳар касе росткореро барои росткор буданаш қабул кунад, мисли росткорон мукофот хоҳад гирифт. 42  Ва ҳар касе, ки ба яке аз ин хурдон барои шогирди ман буданаш ақаллан як пиёла оби хунук диҳад, ба ростӣ ба шумо мегӯям, ки бе мукофот нахоҳад монд».

Эзоҳҳо

Ҳамчунин чун «Яҳудои писари Яъқуб» маълум аст.
Маънояш «шахси боғайрат».
Дар матни аслӣ «дуто либос».
Калимаи «салом» маънои «сулҳу осоиштагӣ»-ро дорад.
Афшондани чанги пой нишонаи он буд, ки шахс ҷавобгарие ба гардан надорад.
Номи дигари Шайтон. Ниг. ба луғат.
Яъне аз имконияти дар оянда зистан маҳрум карда наметавонанд.
Рамзи несту нобудшавии абадӣ. Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «ассарион». Тангаи мисин ё биринҷии румие, ки аз 16 як ҳиссаи динорро (1/16) ташкил медод. Ниг. ба луғат, ба калимаи «динор».
Юн. «филео». Ниг. ба луғат, ба калимаи «муҳаббат».
Ниг. ба луғат.