Марқӯс 9:1-50

  • Дигаргун шудани Исо (113)

  • Шифо ёфтани писаре, ки гирифтори дев буд (1429)

    • Барои касе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст (23)

  • Исо боз дар бораи маргаш пешгӯйӣ мекунад (3032)

  • Шогирдон баҳс мекунанд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст (3337)

  • Ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост (3841)

  • Сабаби гуноҳ кардан (4248)

  • «Дар худ намак дошта бошед» (49, 50)

9  Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: баъзе аз онҳое, ки дар ин ҷо истодаанд, то даме ки бо қудрат ҳукмронӣ кардани Подшоҳии Худоро набинанд, нахоҳанд мурд». 2  Шаш рӯз пас ӯ Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро ҳамроҳи худ гирифта, ба кӯҳи баланде баромад. Он ҷо ӯ дар назди онҳо дигаргун шуд; 3  либосаш чун барф сап-сафед шуда ҷило дод, ба тавре ки ҳеҷ кас дар рӯйи замин либосро шуста ин тавр сафед карда наметавонист. 4  Ва шогирдон Илёс ва Мӯсоро, ки бо Исо сӯҳбат мекарданд, диданд. 5  Он гоҳ Петрус ба Исо гуфт: «Устод, дар ин ҷо будани мо хуб аст. Иҷозат деҳ се хайма занем — якеаш барои ту, дигараш барои Мӯсо ва сеюмаш барои Илёс». 6  Дар асл бошад, вай намедонист, ки чӣ гӯяд, зеро онҳо ба тарсу ҳарос афтода буданд. 7  Он гоҳ бар болои сарашон абре пайдо шуд ва овозе аз даруни абр баромад: «Ин Писари азизи Ман аст. Ӯро гӯш кунед». 8  Баногоҳ, вақте ки ба гирду атроф нигоҳ карданд, онҳо ғайр аз Исо каси дигареро надиданд.  Вақте ки аз кӯҳ мефаромаданд, Исо ба шогирдонаш ба таври қатъӣ фармуд, ки, то даме ки Писари одам аз мурдагон зинда нашавад, чизи дидаашонро ба ҳеҷ кас нагӯянд. 10  Онҳо ба Исо итоат карданд, лекин дар байни худ муҳокима мекарданд, ки аз мурдагон зинда шудани ӯ чӣ маъно дошта бошад. 11  Он гоҳ онҳо аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ шариатдонон мегӯянд, ки аввал бояд Илёс биёяд?» 12  Ӯ ба онҳо ҷавоб дода гуфт: «Онҳо рост мегӯянд, аввал бояд Илёс ояд ва ҳама чизро барқарор кунад; аммо барои чӣ навишта шудааст, ки Писари одам бояд азобҳои бисёрро аз сар гузаронад ва бо муносибати таҳқиромез рӯ ба рӯ шавад? 13  Вале ман ба шумо мегӯям, ки Илёс, дар ҳақиқат, омад ва онҳо ҳар чӣ хостанд, бо вай карданд, чи тавре ки дар борааш навишта шудааст». 14  Вақте онҳо ба назди шогирдони дигар гашта омаданд, диданд, ки дар гирди шогирдон мардуми бисёре ҷамъ омадааст ва шариатдонон бо онҳо баҳсу мунозира мекунанд. 15  Лекин Исоро дида мардум ҳайрон шуданд ва ба наздаш давида омаданду бо ӯ салому алейк карданд. 16  Исо аз онҳо пурсид: «Шумо бо онҳо дар бораи чӣ баҳс мекунед?» 17  Аз байни мардум марде ҷавоб дод: «Устод, ман писарамро ба пешат овардам, чунки вай гирифтори дев аст ва он писарамро гунг кардааст. 18  Ҳар боре, ки дев ҳамла мекунад, писарамро ба замин мезанад ва аз даҳони вай кафк мебарояд, дандонҳояш ба ҳам бармехӯранд ва вай тамоман бемадор мешавад. Ман аз шогирдонат хоҳиш кардам, ки девро аз писарам берун кунанд, аммо онҳо натавонистанд». 19  Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт: «Эй насли беимон, то кай ман бо шумо бошам? Боз чанд вақт шуморо тоқат кунам? Ӯро пеши ман биёред». 20  Бачаро ба назди Исо оварданд. Вақте ки дев Исоро дид, кӯдакро ба ларза даровард ва кӯдак ба замин афтода, печутоб хӯрд ва аз даҳонаш кафк баромад. 21  Он гоҳ Исо аз падари кӯдак пурсид: «Ин ҳолат кай боз давом мекунад?» Вай гуфт: «Аз кӯдакиаш. 22  Бисёр вақт дев ӯро гоҳ ба обу гоҳ ба оташ меандозад, то несту нобуд кунад. Агар ягон кор карда тавонӣ, ба мо раҳм кун ва ёрӣ деҳ». 23  Исо ба вай гуфт: «“Агар тавонӣ” мегӯӣ? Барои шахсе, ки имон дорад, ҳама чиз имконпазир аст». 24  Дарҳол падари кӯдак бо овози баланд гуфт: «Ман имон дорам! Дар чизе, ки имонам сустӣ мекунад, ба ман ёрӣ деҳ!» 25  Вақте Исо пай бурд, ки ба назди онҳо мардуми зиёде омада истодааст, ӯ рӯҳи нопокро сарзаниш карда гуфт: «Эй рӯҳи гунг ва кар, ба ту амр мефармоям, ки аз бача берун шав ва дигар ба вай надаро!» 26  Дев фарёд зад ва кӯдакро сахт ба ларза оварда аз вай баромад ва кӯдак мисли мурда шуд. Инро дида аксарият гуфтанд: «Вай мурдааст!» 27  Лекин Исо кӯдакро аз дасташ гирифта хезонд ва вай ба по истод. 28  Вақте ки онҳо ба хона даромаданд, шогирдонаш дар танҳоӣ аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ мо девро берун карда натавонистем?» 29  Ӯ ба онҳо гуфт: «Ин гуна девҳоро танҳо бо дуо аз одам берун кардан мумкин аст». 30  Онҳо аз он ҷо баромаданд ва аз вилояти Ҷалил гузашта, роҳашонро давом доданд, лекин Исо намехост, ки касе дар куҷо буданашро фаҳмад. 31  Ӯ шогирдонашро таълим дода мегуфт: «Писари одам ба дасти душманонаш супурда мешавад ва онҳо ӯро мекушанд, лекин кушта шавад ҳам, баъди се рӯз зинда мешавад». 32  Лекин онҳо суханони ӯро нафаҳмиданд ва ҷуръат накарданд, ки аз ӯ чизе пурсанд. 33  Сипас онҳо ба Кафарнаҳум омаданд. Дар хона Исо аз шогирдонаш пурсид: «Дар роҳ шумо дар бораи чӣ баҳс мекардед?» 34  Онҳо хомӯш менишастанд, зеро дар роҳ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо бузургтар аст. 35  Ӯ нишаст ва ба назди худ дувоздаҳ расулашро ҷеғ зада, ба онҳо гуфт: «Ҳар кӣ дар байни шумо аввалин будан хоҳад, бояд охирин бошад ва хизматгори ҳама шавад». 36  Баъд ӯ кӯдакеро оварда, дар байни онҳо гузошт ва ӯро ба оғӯш гирифта, гуфт: 37  «Ҳар кӣ яке аз чунин кӯдаконро ба хотири номи ман қабул кунад, ҳамчунин маро қабул мекунад. Ва ҳар кӣ маро қабул кунад, на танҳо маро, балки Фиристандаи маро ҳам қабул мекунад». 38  Юҳанно ба ӯ гуфт: «Устод, мо мардеро дидем, ки ба номи ту девҳоро аз одамон берун мекунад ва хостем ба вай монеъ шавем, зеро вай моро пайравӣ намекунад». 39  Аммо Исо гуфт: «Вайро аз ин кор бознадоред, зеро ҳар кӣ ба номи ман мӯъҷизаҳо мекунад, наметавонад дарҳол баъди ин дар ҳаққи ман суханони бад гӯяд. 40  Ҳар кӣ зидди мо нест, бо мост. 41  Ба ростӣ ба шумо мегӯям: ҳар кӣ ба шумо ба хотири пайрави Масеҳ буданатон як пиёла об диҳад, мукофоти худро аз даст нахоҳад дод. 42  Аммо ҳар кӣ ба пешпо хӯрдани яке аз ин хурдон, ки ба ман имон доранд, сабаб гардад, барояш беҳтар мебуд, ки санги калони осиёро ба гарданаш баста, ӯро ба баҳр партоянд. 43  Агар дастат сабаби гуноҳ кардани* ту шавад, онро бурида парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки аз дастат маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду даст ба водии Ҳиннӯм*, ба оташе, ки хомӯш намешавад, партофта шавӣ. 44  *—— 45  Ва, агар поят сабаби гуноҳ кардани* ту шавад, онро бурида парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки аз поят маҳрум шуда, соҳиби ҳаёт гардӣ, назар ба он ки бо ду пой ба водии Ҳиннӯм* партофта шавӣ. 46  *—— 47  Ҳамчунин, агар чашмат сабаби гуноҳ кардани* ту гардад, онро канда парто, зеро барои ту беҳтар аст, ки бо як чашм ба Подшоҳии Худо дароӣ, назар ба он ки бо ду чашмат ба водии Ҳиннӯм* партофта шавӣ, 48  ки он ҷо кирмҳо намемиранд ва оташ хомӯш намешавад. 49  Ҳар кас бояд бо оташ намакин карда шавад. 50  Намак чизи хуб аст, лекин, агар намак шӯрии худро гум кунад, бо чӣ мазаи онро баргардонидан мумкин аст? Дар худ намак дошта бошед ва бо якдигар муросо кунед».

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани».
Рамзи несту нобудшавии абадӣ. Ниг. ба луғат.
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани».
Рамзи несту нобудшавии абадӣ. Ниг. ба луғат.
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Дар матни аслӣ «пешпо хӯрдани».
Рамзи несту нобудшавии абадӣ. Ниг. ба луғат.