Марқӯс 7:1-37

  • Танқид кардани урфу одатҳои инсонӣ (113)

  • Чизҳои нопок аз дил мебароянд (1423)

  • Имони зани финиқиягӣ (2430)

  • Шифо ёфтани марди кар (3137)

7  Фарисиён ва баъзе аз шариатдонон, ки аз Ерусалим омада буданд, дар назди ӯ ҷамъ шуданд.  Вақте онҳо диданд, ки баъзе аз шогирдони ӯ бо дастони нопок, яъне ношуста*, хӯрок мехӯранд, онҳоро айбдор карданд 3  (Тамоми яҳудиён, аз он ҷумла фарисиён, урфу одатҳои аҷдодонашонро риоя мекарданд ва, то даме ки дастонашонро то оринҷ нашӯянд, хӯрок намехӯрданд. 4  Ҳамчунин аз бозор омада, то даме ки шустушӯ накунанд, чизе намехӯрданд. Онҳо боз урфу одатҳои зиёди дигареро риоя мекарданд, масалан, пиёлаҳо, кӯзаҳо ва зарфҳои мисинро ба об меғӯтонданд). 5  Аз ин рӯ фарисиён ва шариатдонон аз ӯ пурсиданд: «Барои чӣ шогирдони ту урфу одатҳои аҷдодонро риоя намекунанд ва бо дастони нопок хӯрок мехӯранд?» 6  Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Эй дурӯяҳо, ҳақ буд пайғамбар Ишаъё, вақте ки дар бораи шумо чунин пешгӯйӣ кард: “Ин мардум Маро дар сухан эҳтиром мекунанд, лекин дилҳояшон аз Ман дур аст. 7  Онҳо беҳуда Маро ибодат мекунанд, зеро таълимоташон бар гуфтаҳои одамон асос меёбад”. 8  Шумо амрҳои Худоро як сӯ гузошта, ба урфу одатҳои инсонӣ часпидаед». 9  Сипас Исо ба онҳо гуфт: «Шумо моҳирона амрҳои Худоро зери по мекунед, то урфу одатҳои худатонро риоя кунед. 10  Масалан, Мӯсо-пайғамбар гуфта буд: “Падару модаратро иззату ҳурмат кун” ва “Ҳар кӣ падар ё модарашро дашном диҳад*, бояд кушта шавад”. 11  Лекин шумо мегӯед: “Агар касе ба падар ё модараш гӯяд, ки “чизе, ки бо он шуморо дастгирӣ карда метавонистам, қурбон, яъне ҳадияи ба Худо бахшидашуда аст...” 12  Бо ин роҳ шумо намегузоред, ки шахс ба падару модараш ёрдаме кунад. 13  Ҳамин тавр шумо бо урфу одатҳое, ки ба дигарон таълим медиҳед, суханони Худоро поймол мекунед. Шумо боз корҳои зиёди дигаре мекунед, ки ба ин монанданд». 14  Ӯ бори дигар одамонро ба назди худ ҷеғ зада, гуфт: «Эй мардум, ба суханони ман гӯш диҳед ва сарфаҳм равед. 15  Чизе, ки ба даруни одам медарояд, вайро нопок намекунад, лекин чизе, ки аз дили одам мебарояд, вайро нопок мекунад». 16  *—— 17  Вақте ки ӯ аз байни мардум рафт ва ба хона даромад, шогирдонаш аз ӯ дар бораи мисоли овардааш пурсиданд. 18  Ӯ ба онҳо гуфт: «Наход шумо ҳам мисли онҳо чизеро нафаҳмед? Оё намедонед, ки чизе, ки ба даруни одам медарояд, вайро нопок намегардонад, 19  зеро он ба дилаш намедарояд, балки ба шикамаш меравад ва аз он берун мебарояд?» Ҳамин тавр, ӯ ҳар гуна хӯрокро ҳалол эълон кард. 20  Баъд ӯ давом дод: «Он чӣ аз дили одам берун мебарояд, ӯро нопок мегардонад, 21  барои он ки аз дили одам фикрҳои бад, бадахлоқии ҷинсӣ*, дуздӣ, одамкушӣ, 22  хиёнати ҳамсарӣ, чашмгуруснагӣ, бадкорӣ, фиребгарӣ, беҳаёгӣ*, ҳасад*, ҳақорат, ҳавобаландӣ ва беақлӣ сарчашма мегиранд. 23  Тамоми ин чизҳои бад аз дили одам мебароянд ва шахсро нопок мегардонанд». 24  Ӯ аз он ҷо ба сарзамини Сӯру Сидӯн равона шуд. Дар он ҷо ӯ ба хонае даромад ва намехост, ки касе аз ин бохабар шавад, лекин одамон аз омадани ӯ хабар ёфтанд. 25  Зане, ки духтарчааш рӯҳи нопок дошт, омадани Исоро шунид ва дарҳол назди ӯ омада, худро пеши пойҳояш партофт. 26  Ин зан юнонӣ буд ва дар Финиқияи Сурия зиндагӣ мекард*. Вай аз Исо бисёр илтимос кард, ки девро аз духтарчааш берун кунад. 27  Лекин ӯ ба зан гуфт: «Бигзор аввал фарзандон сер шаванд, зеро нони фарзандонро гирифта, ба пеши сагчаҳо партофтан хуб нест». 28  Зан бошад, дар ҷавоб гуфт: «Рост мегӯӣ, тақсирам, лекин сагчаҳо низ нонрезаҳои аз дастархони фарзандон афтодаро мехӯранд». 29  Сипас Исо ба вай гуфт: «Бирав, азбаски ту чунин гуфтӣ, дев аз духтарат берун шуд». 30  Зан ба хонааш рафт ва дид, ки духтарчааш дар ҷогаҳ хоб аст ва дев аз вай берун шудааст. 31  Вақте ки Исо аз сарзамини Сӯр баромад, аз Сидӯн гузашта, аз ноҳияи Декаполис* сӯйи баҳри Ҷалил рафт. 32  Он вақт ба назди ӯ мардеро оварданд, ки кар буд ва забонаш мегирифт, ва аз ӯ илтиҷо карданд, ки дасташро бар вай гузорад. 33  Исо мардро аз байни мардум гирифта, ба як тараф бурд. Баъд ангуштонашро ба гӯши вай андохт ва туф карда, дасташро ба забони вай расонд. 34  Ва ба осмон нигоҳ карда, оҳи сарде кашид ва гуфт: «Ифатаҳ», ки маънояш чунин аст: «Кушода шав». 35  Ҳамон дам он мард шунаво гашт ва нуқсони дар гапзанӣ доштааш бартараф гардид — акнун вай бурро гап мезад. 36  Исо ба одамон фармуд, ки дар ин бора ба ҳеҷ кас гап назананд, лекин ҳар қадар бештар онҳоро таъкид мекард, ҳамон қадар бештар онҳо корҳои кардаи ӯро овоза мекарданд. 37  Онҳо сахт ба ҳайрат афтода чунин мегуфтанд: «Тамоми корҳои ӯ хуб аст. Ӯ ҳатто одамони карро шунаво ва гунгҳоро гӯё мегардонад».

Эзоҳҳо

Ин ҷо мувофиқи расму русум пок шудан дар назар дошта шудааст.
Ё «таҳқир кунад».
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Шакли ҷамъи калимаи юнонии «порнейа». Ниг. ба луғат.
Юн. «аселгейа». Ниг. ба луғат.
Дар матни аслӣ «чашми ҳасад».
Ё «таваллуд шуда буд».
Ниг. ба луғат.