Марқӯс 6:1-56

  • Исоро дар зодгоҳаш қабул намекунанд (16)

  • Ба мавъиза фиристодани дувоздаҳ расул (713)

  • Марги Яҳёи Таъмиддиҳанда (1429)

  • Исо 5000 мардро сер мекунад (3044)

  • Исо дар рӯйи об роҳ меравад (4552)

  • Шифо додан дар Ҷинесор (5356)

6  Исо аз он ҷо баромада, ба зодгоҳи худ рафт ва шогирдонаш ҳамроҳи ӯ рафтанд. 2  Рӯзи шанбе ӯ ба ибодатгоҳ даромада, ба таълимдиҳӣ сар кард ва аксарияти онҳое, ки суханони ӯро шуниданд, ҳайрон шуда мегуфтанд: «Ӯ ҳамаи ин чизҳоро аз куҷо медонад? Чӣ тавр ин мард соҳиби чунин хирад шудааст ва чӣ тавр ӯ чунин мӯъҷизаҳоро ба амал меорад? 3  Магар ин ҳамон дуредгар нест, ки модараш Марям ва бародаронаш Яъқуб, Юсуф, Яҳудо ва Шимъӯн ном доранд? Оё хоҳарони ӯ дар ин ҷо бо мо нестанд?» Ва онҳо ба ӯ имон наоварданд*. 4  Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Пайғамбар дар ҳама ҷо қадр дошта бошад ҳам, дар зодгоҳи худ, дар байни хешовандон ва хонаводаи худ, қадре надорад». 5  Ӯ дар он ҷо ягон мӯъҷизае ба амал наовард, ғайр аз он ки ба якчанд бемор дасташро гузошта онҳоро шифо дод. 6  Ва ӯ аз беимонии онҳо дар ҳайрат монд. Сипас ӯ барои таълимдиҳӣ ба қишлоқҳои гирду атроф рафт. 7  Исо дувоздаҳ расулонро назди худ ҷеғ зад ва онҳоро дунафарӣ фиристод. Ӯ ба онҳо қудрат дод, ки рӯҳҳои нопокро аз одамон берун кунанд. 8  Ҳамчунин ба онҳо фармуд, ки барои сафар бо худ ғайр аз асо чизе нагиранд: на нон, на тӯшаи роҳ, на пуле* дар камарбандашон, 9  балки бо ҳамон пойафзоле, ки пӯшида буданд, ва либосе, ки дар бар доштанд,* ба роҳ бароянд. 10  Сипас ӯ ба онҳо гуфт: «Дар ҳар ҷо ба хонае медароед, то аз он маҳал рафтанатон дар ҳамон хона монед. 11  Агар дар ягон ҷой шуморо қабул накунанд ва ба суханонатон гӯш надиҳанд, ҳангоми аз он ҷо баромада рафтанатон чанги пойи худро афшонед*, то барои онҳо шаҳодате шавад». 12  Расулон рафта, ба одамон мавъиза мекарданд, ки бояд тавба кунанд. 13  Онҳо девҳои бисёрро аз одамон берун мекарданд ва беморони зиёдро равған молида шифо медоданд. 14  Ин ба гӯши шоҳ Ҳиродус* расид, зеро номи Исо дар ҳама ҷо маълум шуда буд ва мардум мегуфтанд: «Яҳёи Таъмиддиҳанда аз мурдагон зинда шудааст, аз ин сабаб ӯ ин мӯъҷизаҳоро ба амал меорад». 15  Дигарон мегуфтанд: «Ин Илёс-пайғамбар аст». Баъзеи дигар бошанд, чунин мегуфтанд: «Вай пайғамбар аст, мисли яке аз пайғамбарони замони пеш». 16  Лекин Ҳиродус инро шунида гуфт: «Ин Яҳёст, ки ман сарашро аз танаш ҷудо карда будам ва ҳоло ӯ эҳё шудааст». 17  Пеш аз ин худи Ҳиродус кас фиристода, фармуда буд, ки Яҳёро дастгир ва бандубаст кунанду ба зиндон партоянд. Вай инро барои он кард, ки Ҳиродия, ҳамсари бародараш Филиппусро, ки ба занӣ гирифта буд, хурсанд кунад, 18  зеро Яҳё ба Ҳиродус мегуфт: «Раво нест, ки ҳамсари бародаратро ба занӣ гирӣ». 19  Ҳиродия нисбати Яҳё дар дил кина дошт ва мехост ӯро кушад, лекин инро карда наметавонист, 20  чунки Ҳиродус аз Яҳё метарсид ва ба ӯ зараре намерасонд. Вай медонист, ки ӯ шахси росткор ва худотарс аст. Ҳар боре ки Ҳиродус суханони Яҳёро мешунид, бо вай чӣ кор карданашро намедонист, бо вуҷуди ин гӯш кардани Яҳё ба вай маъқул буд. 21  Рӯзе барои Ҳиродия фурсати муносиб расид: Ҳиродус ба муносибати зодрӯзаш барои мансабдорон, мириҳазорон ва калоншавандагони вилояти Ҷалил зиёфате ташкил кард. 22  Ва духтари Ҳиродия омада, дар назди Ҳиродус ва онҳое, ки бо ӯ дар сари дастархон менишастанд, рақс кард ва рақси ӯ ба онҳо маъқул шуд. Шоҳ ба духтар гуфт: «Ҳар чӣ дилат мехоҳад, аз ман хоҳиш кун ва ман онро ба ту медиҳам». 23  Ҳиродус ба вай қасам хӯрда гуфт: «Ҳар чизе аз ман хоҳиш кунӣ, ба ту медиҳам, ҳатто нисфи мамлакатамро». 24  Духтар рафта, аз модараш пурсид: «Чӣ хоҳиш кунам?» Модараш ҷавоб дод: «Каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро». 25  Вай худи ҳамон вақт ба пеши подшоҳ давида рафт ва аз ӯ хоҳиш кард: «Мехоҳам, ки худи ҳозир каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро дар табақе ба ман диҳӣ». 26  Шоҳ аз ин сахт ғамгин шуд, лекин ба хотири қасами хӯрдааш ва ҳамчунин ба хотири меҳмононаш хоҳиши духтарро рад кардан нахост. 27  Бинобар ин ҳамон дам шоҳ сарбози худро фиристод ва фармуд, ки каллаи Яҳёи Таъмиддиҳандаро биёрад. Он сарбоз рафт ва дар зиндон сари Яҳёро аз танаш ҷудо карда, 28  дар табақе овард. Ӯ онро ба духтар дод ва духтар онро ба модараш бурд. 29  Вақте ки шогирдони Яҳё инро фаҳмиданд, омада, ҷасади ӯро гирифтанд ва дар қабр монданд. 30  Расулон дар гирди Исо ҷамъ омаданд ва ба ӯ дар бораи ҳамаи корҳои кардаашон ва дар бораи чизҳои ба одамон таълимдодаашон нақл карданд. 31  Азбаски омадурафт зиёд буд ва онҳо ҳатто барои хӯрокхӯрӣ вақт намеёфтанд, Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ба ягон ҷойи беодам меравем, то шумо каме дам гиред». 32  Онҳо ба қаиқ нишаста, ба ҷойи беодаме равона шуданд, то танҳо бимонанд. 33  Лекин мардум инро диданд ва бисёриҳо аз ин бохабар шуданд. Ва одамон аз тамоми шаҳрҳо ба он маҳал давида рафтанд ва пеш аз онҳо ба он ҷо расиданд. 34  Аз қаиқ фаромада, Исо мардуми бисёреро дид ва дилаш ба онҳо сӯхт, зеро онҳо мисли гӯсфандони бечӯпон буданд. Ва ӯ чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт. 35  Қарибиҳои бегоҳ шогирдонаш ба назди ӯ омада, гуфтанд: «Ин ҷо ҷойи беодам аст ва аллакай бегоҳ шуда истодааст. 36  Мардумро ҷавоб деҳ, то ба қишлоқҳо ва маҳалҳои гирду атроф рафта, барои худ хӯроке харанд». 37  Дар ҷавоб ӯ ба онҳо гуфт: «Шумо ба онҳо хӯрок диҳед». Онҳо бошанд, гуфтанд: «Оё мехоҳӣ, ки мо рафта, ба дусад динор* нон харем ва онро ба мардум диҳем?» 38  Ӯ ба онҳо гуфт: «Чандто нон доред? Рафта, бинед». Онҳо фаҳмида, омаданд ва гуфтанд: «Панҷто нон ва ду моҳӣ». 39  Ва ӯ ба ҳамаи мардум фармуд, ки даста-даста шуда дар рӯйи сабзаҳо нишинанд*. 40  Онҳо саднафарӣ ва панҷоҳнафарӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуданд ва дар рӯйи замин нишастанд. 41  Ӯ панҷ нону ду моҳиро гирифта, ба осмон нигоҳ кард ва дуо гуфт. Баъди ин ӯ нонҳоро шикаст ва ба шогирдонаш дод, то ба одамон тақсим кунанд ва ду моҳиро ҳам ба ҳама тақсим кард. 42  Ҳама хӯрда сер шуданд 43  ва аз нонпораҳои боқимонда, ғайр аз моҳӣ, дувоздаҳ сабадро пур карданд. 44  Онҳое, ки нонро хӯрда буданд, панҷ ҳазор мард буданд. 45  Сипас Исо дарҳол ба шогирдонаш фармуд, ки ба қаиқ савор шуда, пешопеши ӯ ба тарафи Байт-Сайдо шино кунанд, худаш бошад, барои ҷавоб додани мардум дар он ҷо монд. 46  Баъд аз он ки вай бо онҳо хайрухуш кард, барои дуогӯйӣ ба кӯҳ баромад. 47  Шомгоҳон, вақте қаиқ дар миёнаҷойи баҳр қарор дошт, Исо дар болои кӯҳ танҳо буд. 48  Қарибиҳои саҳар* ӯ дид, ки шогирдонаш бо азоб қаиқ меронанд, зеро шамол ба муқобили онҳо мевазид. Он гоҳ Исо рӯ-рӯйи об роҳ гашта, сӯйи онҳо омад, лекин ба назар чунин метофт, ки ӯ аз пеши шогирдонаш гузашта рафтанӣ аст. 49  Вақте онҳо диданд, ки Исо дар рӯйи баҳр қадам зада меояд, чунин фикр карданд: «Ин хоб аст ё бедорӣ?» Ва бо овози баланд дод заданд, 50  зеро ҳамаи онҳо ӯро дида ба изтироб омаданд. Лекин ӯ дарҳол ба онҳо гуфт: «Ором бошед! Натарсед! Ин манам». 51  Сипас ӯ ба қаиқ нишаст ва шамол ором шуд. Инро дида шогирдон сахт ҳайрон шуданд, 52  зеро то ҳол ба маънои мӯъҷизае, ки ӯ бо нон кард, сарфаҳм нарафта буданд ва дилҳояшон то ҳол барои фаҳмидан маҳкам буд. 53  Ба соҳили дигар гузашта, онҳо ба маҳали Ҷинесор омаданд ва дар наздикиҳои он ҷо лангар* андохтанд. 54  Лекин, ҳамин ки онҳо аз қаиқ фаромаданд, одамон ӯро шинохтанд. 55  Онҳо давида, ба сокинони гирду атрофи он маҳал хабар доданд ва аз ҳар гӯшаву канор беморонро ба рӯйи бистар хобонда, ба назди ӯ меоварданд. 56  Дар ҳар ҷое ки ӯ ба қишлоқ ё шаҳру ноҳияе медаромад, онҳо беморонро дар бозорҳо мегузоштанд ва илтиҷо мекарданд, ки иҷозат диҳад, то ақаллан ба домани либосаш даст расонанд. Ва ҳар касе, ки даст мерасонд, аз дарди худ шифо меёфт.

Эзоҳҳо

Дар матни аслӣ «аз барои ӯ пешпо хӯрданд».
Дар матни аслӣ «мисе».
Ё «бе либоси иловагӣ».
Афшондани чанги пой нишонаи он буд, ки шахс ҷавобгарие ба гардан надорад.
Яъне Ҳиродуси Антипас, писари Ҳиродуси Бузург.
Ниг. ба луғат.
Ё «каҷпаҳлӯ зананд».
Дар матни аслӣ «Дар поси чоруми шаб», яъне тақрибан аз соати сеи шаб то шаши саҳар.
Оҳани вазнини махсуси занҷирдор, ки вақти истодани киштиҳо барои устувор монданашон ба об партофта мешавад.